Спичка, архивное фото

Барқкушӣ дар Душанбе: кадом кӯчаҳо ва чанд соат бебарқ мемонанд?

315
(Таҷдидшуда 12:15 18.10.2019)
Барқрасонӣ ба далели баргузории умури тармимот мутаваққиф мешавад. Дар сурати зудтар поён ёфтани умури тармимот барқрасонӣ қабл аз соати 16.00 муҷаддадан роҳандозӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ба далели умури тармимот барқрасонӣ ба бархе аз қисматҳои Душанбе имрӯз мутаваққиф мешавад, хабар медиҳад Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз аз соати 09:00 то 16:00 дар ноҳияи Фирдавсӣ, аз ҷумла кӯчаи С. Айнӣ ва маҳҳаллаи Теппаҳои шарқӣ барқ хомӯш мешавад.

Зимнан интиқоли неруи барқ ба маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ низ муваққатан қатъ мегардад. Гузашта аз ин сокинони кӯчаҳои Чортеппаи ноҳияи Сино низ аз неруи барқ дар ҳамин соат маҳрум мешаванд.

Барқрасонӣ ба далели баргузории умури тармимот мутаваққиф мешавад.

Барқкушӣ дар Душанбе: кадом кӯчаҳо ва чанд соат бебарқ мемонанд?

Манбаъ меафзояд, дар сурати зудтар поён ёфтани умури тармимот барқрасонӣ қабл аз соъати 16.00 муҷаддадан роҳандозӣ хоҳад шуд.

315
Барчаспҳо:
кӯчаҳо, бебарқӣ, Душанбе