Лампы, архивное фото

Барқкушӣ: имрӯз боз кадом кӯчаҳои Душанбе бе барқ мемонанд?

154
(Таҷдидшуда 12:46 23.10.2019)
Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе кӯчаҳои Душанбе барқ хомӯш мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik.  Имрӯз бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар як қисми кӯчаҳои ноҳияҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан аз соати 09:00 то 16:00 қатъ карда мешавад.

Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, имрӯҳ маҳаллаҳои Сӯрхоб, Саҳбо ва Бадахшони ноҳияи Сомонӣ бе неруи барқ мемонанд.

Барқкушӣ дар Душанбе: кадом кӯчаҳо ва чанд соат бебарқ мемонанд?

Ҳамзамон интиқоли неруи барқ ба кӯчаҳои Зебунисо, Назаршоев, Аҳмади Дониш, Титова ва С. Айнии навоҳии Шоҳмансур низ муваққатан қатъ мегардад.

Кӯчаҳои Зарафшон, Маҳаллаҳои Меҳробод, Навобод ва Навбаҳори ноҳияи Сино низ аз истифодаи барқ дар соати муайяншуда бенасиб хоҳанд монд.

Тавре манбаъ зикр намудааст, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз мӯҳлати нишондода пайваст карда мешавад.

Барқкушӣ дар Душанбе: бархе кӯчаҳои пойтахт бе барқ мемонанд

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти нерӯи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.

154
Барчаспҳо:
Душанбе, кӯча, барқ