Отключение электроэнергии, архивное фото

Имрӯз боз бархе аз кӯчаҳои Душанбе тақрибан 8 соат бебарқ мемонанд

98
Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе кӯчаҳои Душанбе барқ хомӯш мешавад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар як қисми кӯчаҳои ноҳияҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан аз соати 09:00 то 16:00 қатъ карда мешавад.

Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, имрӯҳ маҳаллаҳои кӯчаҳои Шерозии ноҳияи Сомонӣ бе неруи барқ мемонанд.

Ҳамзамон интиқоли неруи барқ ба кӯчаҳои кӯчаҳои Қаҳҳоров, корхонаи Тоҷеро,  маҳаллаҳои Якатут, Россия, 1-май, Аллачабов навоҳии Шоҳмансур низ муваққатан қатъ мегардад.

Кӯчаҳои  маҳаллаҳои Лучоби боло ва поён низ аз истифодаи барқ дар соати муайяншуда бенасиб хоҳанд монд.

Тавре манбаъ зикр намудааст, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз мӯҳлати нишондода пайваст карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти нерӯи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.

98
Барчаспҳо:
бебарқӣ, таъмир, барқ, Душанбе