Боз кӯчаҳои Душанбе бебарқ мемонанд: дар пойтахт дар як моҳ 18 бор барқ хомуш карда шуд

Обуна шудан
Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе кӯчаҳои Душанбе барқ хомӯш мешавад

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар як қисми кӯчаҳои ноҳияҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан аз соати 09:00 то 16:00 қатъ карда мешавад.

Спичка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барқкушӣ дар Душанбе: кадом кӯчаҳо ва чанд соат бебарқ мемонанд?

Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, имрӯз кӯчаҳои  Л.Шералӣ, Холтурина, У.Хайём, Амиршоев, маҳаллаҳои Деҳнавак, Дашти Хорзо. ноҳияи Сомонӣ бе неруи барқ мемонанд.

Интиқоли нерӯи барқ ба кӯчаҳои С.Айни шаҳракҳои 192-193, маҳаллаи Мирзобек навоҳии Шоҳмансур низ муваққатан қатъ мегардад.

Ҳамзамон интиқоли нерӯи барқ дар кӯчаҳои Қаҳҳоров, маҳаллаҳои Дарвоз, Ором, Шодиёна, Каротегин, Маърифатӣ низ хомуш карда мешавад.

Кӯчаҳои  маҳаллаҳои Лучоби боло ва поён низ аз истифодаи барқ дар соати муайяншуда бенасиб хоҳанд монд.

Тавре манбаъ зикр намудааст, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз мӯҳлати нишондода пайваст карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти нерӯи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.

Лентаи хабарҳо
0