Лампы, архивное фото

Барқкушӣ дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ :"Барқи Тоҷик" сабабашро гуфт

653
(Таҷдидшуда 11:06 01.11.2019)
Ширкати "Барқи Тоҷик" аз маҳдудияти муваққатии интиқоли қувваи барқ дар вилояти Суғд ва бархе аз ноҳияҳои тобеи марказ хабар дод

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба таваҷҷуҳи муштариён мерасонад, ки 2 ноябр, дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ интиқоли барқ ба муддати панҷ соат маҳдуд мешавад.

Барқкушӣ дар Душанбе: бархе кӯчаҳои пойтахт боз бе барқ мемонанд

Гуфта мешавад, ки маҳдудияти барқ рӯзи 2 ноябр дар доираи омодагӣ ба мавсими зимистон дар Хатҳои баландшиддати интиқоли барқи "Регар 500" — "Душанбе-500", "Ҷануб-Шимол" ва Зеристгоҳи "Душанбе-500" корҳои таъмириву барқароркунӣ гузаронда мешаванд.

Барқкушӣ дар Душанбе: кадом кӯчаҳо ва чанд соат бебарқ мемонанд?

Дар ин бора маркази матбуоти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" хабар медиҳад.

"Дар ин рӯз дар вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ аз соати 10:00 то соати 15:00  интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки иншооти ҳаётан муҳим тавассути хатҳои эҳтиётӣ ва манбаъҳои боқимонда барқ мегиранд.

653
Барчаспҳо:
маҳдудият, барқ, Суғд
Лампы, архивное фото

"Барқи тоҷик": обанбор то моҳи сентябр аз об пур ва лимити барқ ҷорӣ намешавад

1228
(Таҷдидшуда 13:13 04.08.2020)
Мутахассисони "Барқи тоҷик" бар ин боварнд, ки обанбор то мобайнҳои моҳи сентябр ба қадри лозимӣ аз об пур мешавад ва зарурати ҷорӣ намудани лимити барқ намемонад

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон шояд лимити барқ ҷорӣ нашавад, хабар медиҳад агентии Ховар бо истинод ба маълумоти сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ нашудааст ва эҳтимол дар оянда ҳам ҷорӣ нашавад.

Ёдгорӣ афзудааст, ки аз рӯи ҳисобҳои миёнасолӣ, тавлиди об имсол дар Тоҷикистон, алалхусус дар саргаҳи дарёи Вахш, ки  сарчашмаи асосии тавлиди неруи барқ дар Тоҷикистон мебошад, кам аст. Ба хотири пурра бо барқ таъмин будани аҳолӣ ва иқтисодиёти миллии мамлакат бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ШСХК "Барқи Тоҷик" шартномаи содироти неруи барқро бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон пеш аз муҳлат қатъ кардааст.

"Помир Энерҷӣ": сардии ҳаво ба Бадахшон лимити барқ меорад

"Хушбахтона, маҷрои дарёи Вахш имрӯз мусоидат карда истодааст, ки ҳар рӯз ба қадри даркорӣ ба обанбори НБО "Норак" барои зимистони дарпешистода об захира карда шавад. Мутахассисони "Барқи Тоҷик" бовар доранд, ки обанбор  миёнаҳои моҳи сентябр то нуқтаи муқаррарӣ аз об пур мегардад ва зарурати маҳдудияти неруи барқ ба сокинони мамлакат намемонад", - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Зимнан, намояндагони ширкат аз аҳолии Тоҷикистон даъват мекунанд, ки неруи барқро сарфакорона истифода намоянд.

"Ҳар як кВт соат неруи барқе, ки мо имрӯз сарфа мекунем, боиси беҳтар таъмин шуданамон бо барқ дар фасли зимистони дар пешистода мегардад", - таъкин дошт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Қаблан Ҳукумати Тоҷикистон зимни ироаи муроҷиатнома ба мардум изҳор дошт, сар аз фасли гармо дар кишвар лимити барқ ҷорӣ мешавад. Далели ҷорӣ шудани лимити барқ ин панҷоҳ дарсад кам шудани об дар дарёи Вахш гуфта шудааст.

"Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад”, - омадааст дар муроҷиатнома.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯзҳо об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст.

Ҳукумат мегӯяд, агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд.

1228
Барчаспҳо:
"Барқи тоҷик", лимити барқ, Тоҷикистон
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото

“Барқи тоҷик” шумори ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқро эълон кард

514
(Таҷдидшуда 12:41 01.08.2020)
Ширкати “Брқи тоҷик” ахиран зимни нишасти матбуотӣ эълон дошт, ки дар Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ба маблағи беш аз 16 миллион сомонӣ санадҳои дахлдор тартиб дода шудааст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik.   Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК “Барқи тоҷик”, таъкид доштааст, ки тайи шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони зерсохторҳои ШСХК «Барқи тоҷик» 11 931 ҳолати истифодаи ғайриқонунии неруи барқро ба қайд гирифта,  ба маблағи  беш аз 16 миллион сомонӣ санадҳои дахлдор тартиб доданд.

Номбурда зикр кардааст, ки аз ин ҳисоб 8, 7 миллион сомонии он пардохт шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Мирзо Исмоилзода ширкат бо мақсади сарфаҷӯӣ, коҳиш додани талафоти қувваи барқ ва сари вақт ҷамъ овардани маблағи барқи истифодашуда тасмим гирифтааст, ки тамоми таҷҳизоту асбоби барқии куҳнашуда ва муҳлати истифодаашон гузаштаро бо таҷҳизоту асбоби барқии замонавӣ иваз намояд.

Ҳамзамон зимни нишастӣ матбуотӣ қайд карда шуд, ки бо маблағгузории ширкат дар нуқтаҳои ҳисоби неруи барқи муштариён дар шаҳрҳои Кӯлоб, Леваканд ва ноҳияҳои Ёвону, Рӯдакӣ 22 ҳазору 599 ҳисобкунаки кортӣ, ки тариқи пешпардохт кор мекунанд, насб шуданд.

“Чуноне таҳлилҳо нишон доданд, ин омил ба сарфаи неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағҳо мусоидат намуда, инчунин, боиси бартараф шудани садамаҳо дар таҷҳизоти барқӣ ва шабакаҳо гардид”, - гуфт Мирзо Исмоилзода.

514
Барчаспҳо:
санад, нерӯи барқ, ғайриқонунӣ, истифода, Барқи тоҷик, Тоҷикистон
Неделя моды в Душанбе. архивное фото

Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо Фаридун ва "шери нар" - и наваш - видео

2206
(Таҷдидшуда 20:58 10.08.2020)
Сарояндаи машҳури тоҷик Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо собиқ ҳамcараш овозхони шинохта Фаридуни Хуршед ва ишқи наваш гуфт

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед дар барномаи шабакаи "Пешсаф" дар бораи зиндагии шахсияш нақл кард.

Ӯ гуфт бо ҳамсари пешинаш Фаридуни Хуршед чор сол шуд ягон иртиботе надорад ва аз тавлиди фарзанд дар хонаводаи Фаридун хушҳол аст.

"Вақте дар хонае тифл ба дунё меояд дар он хонавода 60 рӯз фариштаҳо фурӯд меояд. Закияҷони азиз ба табрики додараш рафт, ман хушҳол шудам. Хурсандии як банда барои ман хурсандӣ аст. Худованд шоҳид ҳаст, ки ман нисбати Фаридун ғайр аз он кӣ ӯ падари фарзандонам ҳаст, ягон эҳсосоти дигар надорам. Фақат ҳурматаш мекунам ба он хотире кӣ ӯ падари фарзандонам аст", - гуфт Фарзона ва афзуд, ки Закияро худ барои табрикоти падараш равон кард.

Фарзона ба мухлисонаш муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба ӯ аз Фаридун суол накунанд, чун аллакай барои ӯ инсони бегона аст.

"Шавҳар наздиктарин шахс барои зан аст, вале вақте ҷудо шудӣ бегонатарин инсон барои ту мешавад", - таъкид мекунад Фарзона.

Фарзонаи Хуршед аз камтарин сарояндаҳоест, ки бо дигар ҳунармандон дӯстӣ надорад ва ба қавли аксари мардум бисёр ҳавобаланд аст.

Фарзона мегӯяд аз тарси халалдор кардани ин ё он нафар ӯ бо касе ошноӣ намекунад ва дӯстони наздиктаринаш модару аппаҳояш ҳастанд.

"Вақте касе бо ман аз наздик ошно мешавад, мегӯяд ту чӣ қадар духтари хуб будаӣ, вале ман фикр мекардам, ки ту бисёр ҳавобаланд ҳастӣ".

Фарзонаи Хуршед такаббури худро кори ген гуфт.

"Бобои падариям рус ҳаст ва бибии падарам бошад эронист. Шояд аз ин сабаб виқори баланд дорам, вале дилам соф аст", - мегӯяд Фарзона.

Сароянда дар хотимаи барнома ҳамчунин дар бораи ишқи наваш гуфт ва ҳатто акси марди ҳаёташро ба муҷрии барнома нишон дод.

"Марди воқеъӣ - шери нар интихобатро нигоҳ намекунад. Албатта дар зиндагии ман шери нар ҳаст",- гуфт Фарзона.

2206
Барчаспҳо:
бегона, шавҳар, ҳамсар, Фаридуни Хуршед, Фарзонаи Хуршед