Линии электропередачи. Архивное фото

Эрон хостори иртиботи электрикӣ бо Тоҷикистон аст

332
(Таҷдидшуда 02:15 05.12.2019)
Вазири нерӯи Эрон зимни сездаҳумин Иҷлоси Комиссиони муштараки ҳамкории иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон эълон намудааст, ки кишвараш ба дунболи барқарории иртиботи электрикӣ бо Тоҷикистон аст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории ИРНА, Ризо Ардакониён рӯзи сешанбе дар ҳошияи имзои тавофуқнома бо Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон афзуд, Эрон хостори иртиботи электрикӣ бо Тоҷикистон ас.

"Ҳамзамон кардани шабакаи барқи як ё якчанд кишвар лозим донистани иртиботи электрикӣ аст ва дар ҳоли ҳозир дунболи барқарории ин иртиботи электрикӣ бо Тоҷикистон ҳастем, ки ниёзманди музокироти чорҷониба бо Афғонистон, Узбакистон ва Тоҷикистон аст", -Ризо Ардакониён.

Раиси эронии Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон бо ишора ба ин, ки Тоҷикистон ба лиҳози зарфияти энергетикии барқи обӣ, яке аз бузургтаринҳо дар ҷаҳон аст афзуд:  Агар сармоягузории лозим сурат гирад, барқи тавлидии ин кишвар метавонад ниёзи минтақаро таъмин намояд.

Ёдрас мешавем, ки дар шаҳри Теҳрон сездаҳумин Иҷлоси Комиссиони муштараки ҳамкории иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон рӯзи 2 ноябри соли равон оғоз ба кор кард.

332
Барчаспҳо:
иртибот, барқ, Тоҷикистон, Эрон