Ҳисобкунак, акс аз бойгонӣ

Барқ қиматтару бо пешпардохт ва нозирон ихтисор мешаванд: низоми биллингӣ дар Душанбе

2567
Зафар Бурҳонзода, мудири иҷроияи “Авесто гуруҳ”, ки роҳандозии низоми автоматии назорат ва ҳисоби неруи барқ дар шаҳри Душанбе бо харҷи наздики 880 миллион сомониро ба уҳда гирифтаст, дар ҷаласаи парлумон гуфт, насби ҳисобкунакҳо ройгон сурат хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар доираи низоми биллингии таҳиякардаи ширкати “Авесто гуруҳ” танҳо дар ноҳияи Сино насби 95 ҳазор дона ҳисобкунак бо харҷи умумии 340 миллион сомонӣ дар назар аст. Дар маҷмуъ дар Душанбе насби 250 ҳазор ҳисобкунак пешбинӣ шуда, арзиши умумии лоиҳа 880 миллион сомонӣ арзёбӣ шуд.

Барои татбиқи низоми биллингӣ, ки барқ тариқи пешпардохт ироа мешавад, Ҳукумат созишнома бо Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати корхонаҳои “Авесто Гурӯҳ”, “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ташкилоти қарзии хурди “Душанбе Сити”-ро имзо карда, Маҷлиси намояндагон онро ҳафтаи равон ба тасвиб расонд.

Дилрабо Мансурӣ, вакили парлумони Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа изҳор дошт, ки “Авесто Гурӯҳ” вазъи низоми энергетикии Душанберо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ омӯхта, барои татбиқи низоми биллингии миллӣ иқдом гирифтааст.  

Мансурӣ вазъи 5 соли охирро, ки ҳаҷми миёнаи ҷамъоварии маблағ 81,2 фоиз ва талафоти тиҷоратию техникии неруи барқ дар ҳаҷми 19,1 фоизро ташкил додаст, тамоюли манфӣ арзёбӣ кард. Ӯ иттилоъ  дод, “Авесто гуруҳ” азм дорад, бо ҷалби 88 миллион доллари худӣ низоми назорату ҳисоби пули барқро дар Душанбе пурра автоматӣ кунад.

Дар модели пешгирифтаи “Авесто гуруҳ” дар назар гирифта шудааст, ки ҳар сол муштариёни барқ се дарсад ва нархи барқ 5 дарсад афзоиш меёбад. Ин ширкат ният дорад, талафоти неруи барқро дар шабакаҳои пойтахт то 12 дарсад коҳиш диҳаду ҷамъоварии пули барқи истифодашударо дар сатҳи 99 дарсад таъмин созад.

Талаф каму пули барқ зиёд: созиши Ҳукумат бо “Авесто гуруҳ” ва “Душанбе сити”

Дар ҳамин ҳол нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли вакил Дилрабо Мансурӣ хабар додаст, ки бозпасгардонии сармоягузорӣ аз ҳисоби кам кардани ҳаҷми талафоти тиҷоратию техникӣ ва зиёд гардонидани ҷамъоварии маблағҳо барои истифодаи неруи барқ дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои раёсати Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар назар аст, ки сармоягузорони низоми нав,  маблағашонро аз ҳисоби болобарии ҳаҷми ҷамъоварии пули барқ, ихтисори нозирону коҳиши талафоти барқ, пулашонро бо фоида бозпас гиранд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ сармоягузорони низоми билингиро аз андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ дар марҳилаи татбиқи лоиҳа, ки 5 солро дар бар мегирад, озод кардааст.

Ироаи имтиёзҳо дар ҳолест, ки “Авесто Гурӯҳ” бо гирифтани сабукиҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисоди мамлакат - аз нақлиёт то паррандапарварӣ, интернет, тавлиди об ва ғайра фаъолият мекунад.

2567
Барчаспҳо:
парлумон, созишнома, Ҳукумат, ҳисобкунак, барқ, Тоҷикистон
Электросчетчик, архивное фото

Қаллобӣ: худро коргари идораи барқ гуфта, аз сокинон пул гирифтааст

452
Мақомоти милитсияи Суғд аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар дод, ки худро корманди шабакаҳои барқии ноҳия муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба тасарруф намудани пули сокинон машғул шудааст

ДУШАНБЕ, 6 май – Sputnik. Муттаҳам, марди 41-солаи сокини ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов будааст, ки қаблан як дафъа суд шудааст, хабар дод Раёсати умури дохилии Суғд.

Манбаъ афзуд, шаҳрванди мазкур баъди раҳоӣ аз зиндон боз даст ба ҷинояткорӣ задааст.

“Чунончи ба боварии сокини 48- солаи ҷамоати Гулхона даромада, худро корманди идораи барқ хонда, аз ин сокини ноҳия барои руйпуш намудани 13 ҳазор сомонӣ қарзи истифодаи қувваи барқи хоҷагии деҳқонӣ, 2 ҳазор сомонӣ талаб намуда ба манфиати худ сарф намудааст”, - хабар дод манбаи Sputnik дар РВКД.

Манбаъ афзуд, ки ин сокин давоми солҳои 2018-2019 дар чанд ҳолат худро ҳамчун корманди идораи шабакаҳои барқии ноҳия вонамуд карда, барои гуиё руйпуш намудани қарзи истифодаи нерӯи барқ аз сокинон маблағ талаб намуда гирифтааст.

Аз ҷумла зикр шуд, ки моҳи апрели соли 2019 ҳам, муттаҳам ба боварии сокини 27- солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов даромада, худро корманди идораи барқ хонда, барои руйпуш намудани истифодаи қувваи барқ, 8 ҳазор сомонӣ гирифтаст.

РВКД мегӯяд, алайҳи муттаҳам аз сӯи мақомт бо моддаи 247 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ, барои қаллобӣ парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

452
Барчаспҳо:
барқ, Суғд, Тоҷикистон
Рогунская ГЭС

Қарзи беш аз якмиллиардӣ ва ироаи сабукиҳо барои сохтмони "Роғун"

626
(Таҷдидшуда 14:06 02.05.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тасвиби тағйирот ба қонун дар бораи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2020 ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” сабукиҳо ироа кард

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии ин тағйирот гуфт, масқсади сабукиҳо ҷоннок намудани НБО ва таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои шартномавии “НБО Роғун” мебошад.

Ӯ афзуд, ки бо ин мақсад намояндаи фармоишгар-консортсиуми “Tractebel Engineering S.A.”, ҳангоми иҷрои кору хизматрасониҳо аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард озод карда мешавад. Аз сабукиҳо зерпудратчиёни консортсиуми мазкур бархӯрдор мебошанд.

Ироаи ин сабукиҳо дар ҳолест, ки қаблан Хайрулло Сафарзода, мудири кулли ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” ҳаҷми қарздории нерӯгоҳро дар назди коршарикон дар оғози соли равон беш аз 1 миллиард сомонӣ арзёбӣ кард.

Мудири кулли "Роғун" масъалаи пардохти уҳдадориҳо дар назди коршариконро масъалаи ҳалталаб ва таъхирнопазир хонда, аз иҷозати давлат барои фурӯши бархе амволи “Роғун” истиқбол кард.

Ӯ изҳор дошта буд, ки нерӯгоҳи “Роғун” ҳоло дар тавозун дороии зиёд дорад, ки қисми он на дар маҳалли ҷойгиршавӣ, балки дар дигар минтақаҳои кишвар ҷойгиранд. Мудири кул тавзеҳ дод, ки истифодаи ин дороиҳо аз рӯи таъиноташон ғайриимкон мебошаду ҳар рӯз хароҷоти молиявиро барои нерӯгоҳ ба бор меоранд.

626
Барчаспҳо:
Роғун, Тоҷикистон
Министры иностранных дел России и Таджикистана Сергей Лавров и Сироджиддин Аслов

Нотаи Тоҷикистон ба Русия: Душанбе тарафи сеюмро дар марз номақбул хонд

1051
(Таҷдидшуда 21:05 29.05.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мавриди миёнаравӣ дар масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номақбул хонда, таъкид кардааст, ки гуфтушунидҳои марзӣ кори дохилии ду давлат мебошад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 май бо ирсоли як нота ба Вазорати умури хориҷии Русия пешниҳоди миёнаравии Сергей Лавровро ғайри қобили қабул хондаст.

Душанбе дар нота ба унвонии Маскав инчунин таъкид кардааст, ки масъалаи марз дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии СПАД баррасӣ нашуда буд, ки баъдан Лавров дар бораи он изҳори назар кард.

Тоҷикистон дар нота унвонии Русия баён доштаст, ки ҷалби тарафи сеюмро ба ҷараёни гуфтушунид дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқи мақсад намедонад.

Таъкид шуд, масоили аломатгузорию муайянсозии марз кори дохилии кишварҳои узви СПАД буда, танҳо тариқи дуҷониба амалӣ мешавад.

ВУХ афзуд, ба самъи ҷониби Русия расонда шуд, ки гуфтушунидҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ бо такя ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонию воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд.

Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар пайи ҷаласаи СПАД зимни нишасти матбуотӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кард, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва Русия омода аст, ҳамчун миёнрав бошад.

"Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ин дар ҳолест, ки  24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад, ки дар натиҷа ҷавонзани 25-сола шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шуд.

1051
Барчаспҳо:
Тоҷикистон