Улица города Душанбе

Имрӯз як қисми кӯчаҳои ноҳияи Сино ва Сомонии пойтахт боз бебарқ мемонанд

624
(Таҷдидшуда 11:22 01.05.2020)
Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад

ДУШАНБЕ, 1 мая — Sputnik. Шабакаи барқтаъминкунии Душанбе бори дигар сокинонро ҳушдор додааст, ки имрӯз низ чанд кӯчаи пойтахт бебарқ мемонанд.

Ҳамин тавр,  бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ рӯзи 1 май, як қисми  кучаҳои ноҳияҳои Сомонӣ ва Сино бебарқ мемонанд.

"Аз соати 09:00 то 16:00 дар кӯчаҳои  Санои ноҳияи Сомонӣ ва Маҳаллаҳои Қазоқон, Бунёдкорон, Зафари ноҳияи Сино бебарқ мемонанд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Тавре Шабакаи барқии Душанбе меафзояд, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки қаблан  намояндаи ширкати "Барқи тоҷик" ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, далели ирсоли ҳамчунин барқия ба шабакаҳои ширкат дар саросари кишвар афзудани шикоёти мардум аз қатъ шудани барқ аст.

Даҳҳо кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе имрӯз бебарқ мемонанд

Вай афзуд, шабакаҳо ба мардум бояд фаҳмонанд, ки ягон маҳдудият ё камбуди барқ дар кишвар набуда, он чӣ анҷом мешавад, тибқи нақша ва амри зарурӣ аст.

624
Барчаспҳо:
пойтахт, бебарқӣ, барқ, таъмир, Тоҷикистон
Электросчетчик, архивное фото

Қаллобӣ: худро коргари идораи барқ гуфта, аз сокинон пул гирифтааст

452
Мақомоти милитсияи Суғд аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар дод, ки худро корманди шабакаҳои барқии ноҳия муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба тасарруф намудани пули сокинон машғул шудааст

ДУШАНБЕ, 6 май – Sputnik. Муттаҳам, марди 41-солаи сокини ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов будааст, ки қаблан як дафъа суд шудааст, хабар дод Раёсати умури дохилии Суғд.

Манбаъ афзуд, шаҳрванди мазкур баъди раҳоӣ аз зиндон боз даст ба ҷинояткорӣ задааст.

“Чунончи ба боварии сокини 48- солаи ҷамоати Гулхона даромада, худро корманди идораи барқ хонда, аз ин сокини ноҳия барои руйпуш намудани 13 ҳазор сомонӣ қарзи истифодаи қувваи барқи хоҷагии деҳқонӣ, 2 ҳазор сомонӣ талаб намуда ба манфиати худ сарф намудааст”, - хабар дод манбаи Sputnik дар РВКД.

Манбаъ афзуд, ки ин сокин давоми солҳои 2018-2019 дар чанд ҳолат худро ҳамчун корманди идораи шабакаҳои барқии ноҳия вонамуд карда, барои гуиё руйпуш намудани қарзи истифодаи нерӯи барқ аз сокинон маблағ талаб намуда гирифтааст.

Аз ҷумла зикр шуд, ки моҳи апрели соли 2019 ҳам, муттаҳам ба боварии сокини 27- солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов даромада, худро корманди идораи барқ хонда, барои руйпуш намудани истифодаи қувваи барқ, 8 ҳазор сомонӣ гирифтаст.

РВКД мегӯяд, алайҳи муттаҳам аз сӯи мақомт бо моддаи 247 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ, барои қаллобӣ парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

452
Барчаспҳо:
барқ, Суғд, Тоҷикистон
Рогунская ГЭС

Қарзи беш аз якмиллиардӣ ва ироаи сабукиҳо барои сохтмони "Роғун"

625
(Таҷдидшуда 14:06 02.05.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тасвиби тағйирот ба қонун дар бораи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2020 ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” сабукиҳо ироа кард

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии ин тағйирот гуфт, масқсади сабукиҳо ҷоннок намудани НБО ва таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои шартномавии “НБО Роғун” мебошад.

Ӯ афзуд, ки бо ин мақсад намояндаи фармоишгар-консортсиуми “Tractebel Engineering S.A.”, ҳангоми иҷрои кору хизматрасониҳо аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард озод карда мешавад. Аз сабукиҳо зерпудратчиёни консортсиуми мазкур бархӯрдор мебошанд.

Ироаи ин сабукиҳо дар ҳолест, ки қаблан Хайрулло Сафарзода, мудири кулли ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” ҳаҷми қарздории нерӯгоҳро дар назди коршарикон дар оғози соли равон беш аз 1 миллиард сомонӣ арзёбӣ кард.

Мудири кулли "Роғун" масъалаи пардохти уҳдадориҳо дар назди коршариконро масъалаи ҳалталаб ва таъхирнопазир хонда, аз иҷозати давлат барои фурӯши бархе амволи “Роғун” истиқбол кард.

Ӯ изҳор дошта буд, ки нерӯгоҳи “Роғун” ҳоло дар тавозун дороии зиёд дорад, ки қисми он на дар маҳалли ҷойгиршавӣ, балки дар дигар минтақаҳои кишвар ҷойгиранд. Мудири кул тавзеҳ дод, ки истифодаи ин дороиҳо аз рӯи таъиноташон ғайриимкон мебошаду ҳар рӯз хароҷоти молиявиро барои нерӯгоҳ ба бор меоранд.

625
Барчаспҳо:
Роғун, Тоҷикистон
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

0
(Таҷдидшуда 18:43 28.05.2020)
Гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ дар Маскав рӯзи 24 июн баргузор мешавад. Рӯзи таҷлили ид дар Маскав чораҳои амниятӣ шадид мешавад

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ин хабарро раҳбари хадамоти матбуотии президент, Толгонай Стамалиев таъйид кардааст.

Ёдрас мешавем, ки имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дақиқаи хомӯшӣ барои поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

0
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, Маскав, сафар, Сооронбой Жээнбеков, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон