Линии электропередачи

Боз торикӣ: чаро Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқро ҷорӣ кард ва он то кай идома меёбад

535
Дар Тоҷикистон пиряхҳо бо суръат об мешаванд. Ҳамин тавр захираи об ва истеҳсоли барқ низ кам мешавад. Аз мушкилоти иқлимӣ наҷот ёфтан мушкил аст, аммо дар якҷоягӣ метавон аз буҳрони энержӣ раҳо ёфт

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Ахиран дар Тоҷикистон аз ҷори намудани маҳдудияти шадиди нерӯи барқ дар кишвар эълон карданд. Ин дар ҳолест, ки барои аввалин бор дар се соли ахир Тоҷикистон дар бораи камбуди нерӯи барқ таъкид мекунад.   

Ҳукумат  ахиран дар изҳороти расмӣ сабаби инро дар кам шудани захираи об дар рудхонаҳои кишвар медонад.

Ҳукумат рӯзи 28-уми июли соли равон дар изҳороти расмӣ аз кам шудани об дар рӯдхонаҳои Вахшу Панҷ ҳам хабар дод ва гуфт, "чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад".

"Имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст. Агар чунин вазъ идома ёбад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд", - гуфта шудааст дар муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон ба мардум.

Ба ҳамин хотир мақомоти Тоҷикистон на танҳо аз ҷори намудани маҳдудияти шадиди барқ эълон кард, балки  содироти он ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Ӯзбекистон ва Афғонистонро қатъ кард. Бояд қайд кард, ки аз соли 2017 бад ин сӯ маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон ҷорӣ шуда набуд.

Буҳрони энержӣ дар Тоҷикистон, тавъам ба тағйири иқлим дар тамоми минтақаи Осиёи миёна аст.  То чӣ андоза ин мушкилот барои кишварҳои минтақа ҷиддӣ мебошад ва чигуна аз он метавон пешгирӣ кард Sputnik Тоҷикистон аз олимони хориҷӣ пурсон шуд.

Барқи бемаҳдуд

Агар Тоҷикистонро бигирем мушкилоти барқ дар ин кишвар аз рӯзи эъломи истиқлолият ба миён омадааст.

Баъди ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 -1997 аксари иншоотҳои энергетикии кишвар хароб шуданд ва ҷумҳурӣ баъд аз ин ҷанги бародаркушӣ ҳатто маблағе надошт онҳоро бозсозӣ кунад.

Аммо бояд гуфт, ки дар солҳои 2000-ум аксари хатҳои барқ ва агрегатҳои асосии нерӯгоҳҳои барқӣ обии кишвар бозсозӣ шуданд. Маҳдудиятҳои мавсимии барқ дар Тоҷикистон одат шуда буд. Дар фасли зимистон камбуди барқ бештар мушоҳида мешуд. Мардум ба ҷои фурузонаку плитаҳои электрикӣ аз чароғаку ҳезум истифода мекарданд.

Таъмини бечунучарои барқ яке аз омилҳои калидии сиёсати дохилии ҳукумати Тоҷикистон буд. Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон эълон кард, ки маҳдудияти барқ аз байн бурда шуд. Мардум  имкони бе маҳдудият масрафи барқро ба даст оварданд.

Барои ин барномаи умдаи энержеии Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи Роғун буд, ки ҳукумати ин кишварро ба бидеҳкорӣ рӯ ба рӯ кард. Ба кор даровардани НБО Роғун ду сол қабл на танҳо метавонист ин буҳронро аз байн бубарад, балки ба Тоҷикистон имкон медод барқро ба кишварҳои ҳамсоя содирот кунад ва қарзҳои гирифтаашро пардохт намояд.

Мутаасифона тамоми барномаҳои энержии Тоҷикистон дар робита ба тағйири иқлим зери хатар қарор дорад.

Миёни хушксолӣ ва обхезӣ

“Пиряхҳо дар тамоми ҷаҳон дар ҳоли коҳишёбӣ қарор дорад. Оби рудхонаҳо кам мешаванд. Камбуди об дар рудхонаҳо ба истеҳсоли нерӯи барқ таъсири манфӣ мерасонад”, - гуфт Сергей Семёнов, раиси пажуҳишгоҳи иқлими саросарӣ ва муҳит зистии Русия.

Ин мушкилот якбора пайдо нашудааст. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар 30 соли ахир аз 14 ҳазор пиряхҳое, ки барои зиндагии мардуми минтақа муҳим буданд, ҳазор пирях аз байн рафтааст. Суръати обшавии пиряхҳо дар сол аз 0,2 то 1 дарсадро ташкил дода ва обшавии пиряхҳо рӯз аз рӯз меафзояд.

Ҳамин тавр Тоҷикистону Қирғизистон дар фасли баҳор бо селу обхезӣ ва дар фасли тобистон ба камбуди об дучор мешавад.

Ин ҳолат ояндаи хуб надорад. Тибқи иттилои Комиссиюни оид ба об ва масрафи он дар Осиёи миёна, таъминоти об дар минтақа то соли 2040 25 дарсад коҳиш меёбад, ки ин баробар ба 1,5 кубометр об барои як нафар дар сол аст. Агар Тоҷикистон аз камбуди барқ шикоят дошта бошад ҳамсогони он аз камбуди об шикоят доранд.

Як хабари хуш инаст, ки ин раванд дар гардиш аст ва ба гуфтаи олимони тоҷик обшавии пиряхҳо на ҳама вақт яксон аст.

“Дар ҳоли ҳозир, дар тамоми қаламрави кишвар обшавии пиряхҳо якнавохт нест. Барои мисол, дар минтақаи Помири шарқӣ обшавии пиряхҳо мисли қаблӣ бетағйир аст ва ҳатто дар баъзе ҷойҳо пиряхҳои ҷадид пайдо шудааст. Аммо дар минтақаи Кофарниҳон ва Вахш тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳо мушоҳида мешавад”, - таъкид доштааст раиси маркази таҳқиқоти  пиряхҳо Абдулҳамид Қаюмов.

Офтоби дастнораси Тоҷикистон

Бояд қайд кард, ки буҳрони камбуди обро кишварҳои Осиёи миёна ба танҳои ҳал карда наметавонанд. Барои ҳалли ин мушкил нерӯи тамоми кишварҳои санъатӣ  ва кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон лозим аст.

Тоҷикистон ва ҳамсоягони он имкон доранд мушкилоти камбуди барқро ҳал кунанд.

Роҳи аввали ҳалли ин мушкилот истифодаи сарчашмаҳои алтернативии энержӣ, аз ҷумла истифодаи нерӯи офтоб аст.

Ин роҳро Ӯзбекистон пеш гирифтааст ва дар сатҳи давлатӣ иҷрои ин барномаҳоро рӯи даст гирифтааст.

Мақомоти ин кишвар ба шахсони воқеъӣ, ки аз ин фановарӣ истифода мекунанд ҷубронпулӣ пешбинӣ кардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки агар шаҳрванд куллан аз нерӯи офтоб истифода кунад, вай аз пардохти молиёт ва таҷҳизоти харидааш ва молиёти замин барои се сол озод карда мешавад.

Ба гуфтаи академик Сергей Алексеенко, корманди пажуҳишгоҳи теплофизикии Академияи улуми Русия, истифодаи нерӯи офтоб метавонад мушкилоти бебарқии деҳаҳои дурдасти Тоҷикистонро ҳал кунад.

“Муҳлати худкифоии ин таҷҳизот дар ҷануби Аврупо то як солро ташкил медиҳад. Ин беназир аст, чунки одатан ин муҳлат  дар дигар минтақаҳо то 10 солро дар бар мегирад. Тоҷикистон ҷойҳои зиёде дорад, ки нерӯи офтоб метавонаяд ягона сарчашмаи энержӣ бошад ва истифодаи ин фановарӣ барои Тоҷикистон зарур аст”,  - таъкид кард академик.

Аммо мутаасифона дар Тоҷикистон истифодаи ин фановарӣ чандон паҳн наёфтааст ва давлат ҳам дар ин бора ба далели камбуди маблағ иқдоми ҷиддӣ анҷом намедиҳад.     

Чун ҳамсоя ба тавофуқ мерасем

Ҳолати аҷибе ба миён омадааст, кишваре, ки аз зихираҳои мухталифи энержи бархурдор аст, дар ҳолати ками тағйири иқлим наметавонад ниёзи мардум бо барқро таъмин созад.

Аммо вазъи мушкил дар Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон аст, ки метавонанд на танҳо бе барқ монанд балки хатари бе обӣ ба онҳо таҳдид мекунад. Барои ҳамин кишварҳои Осиёи маркази ба хулоса омаданд, ки ин мушкилотро метавон танҳо дар якҷоягӣ ҳал кард.

“Мушклотро метавон ба монанди Тоҷикистон танҳо бо чораҳои қатъӣ, ба монанди ҷори намудани лимити барқ ҳал кард. Кишварҳои минтақа бояд барномаҳои дарозмуҳлат дошта бошанд. Бояд гуфт, ки баъд аз панҷоҳ сол камбуди об дар минтақа на инки мавсимӣ балкӣ доимӣ хоҳад шуд”,- гуфт роҳбари шуъбаи Институти Осиёи миёна ва кишварҳои ИДМ Андрей Грозин.

Кишварҳи Осиёи миёна ба бозсозии ҳалқаи ягонаи энержӣ дар минтақа дар ҷаласаи роҳбарони идораҳои энергетикӣ, ки дар Остона соли 2017 баргузор шуд, баргаштанд.

Новобаста аз ин, раиси “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода баъд аз имзои созишнома эълон карда буд, ки ин ҳалқаро метавон дар давоми ду сол бозсозӣ кард, аммо то ҳол ин низом барқарор нашудааст.

Соли 2018 Душанбе ва Тошканд дар бораи истифодаи НБО Фарҳод  ба тавуқ расиданд. Ҳоло Тоҷикистону Ӯзбекистон лоиҳаи сохтмони НБО дар рудхонаи Зарафшонро баррасӣ доранд.

Агар табиат барои кишварҳои Осиёи миёна тағйироти ғайричашмдошт дар минтақаро ба вуҷуд наорад, дар он сурат фурузонаки оддӣ барои мардуми минтақа наметавонад омилӣ сарват мандӣ шавад.  

535
Барчаспҳо:
энержӣ, буҳрон, гармшавии иқлим, мушкилот, барқ, Тоҷикистон
Отключение электроэнергии, архивное фото

Шаҳри Хоруғ бе барқ намемонад: неругоҳи барқии обии “Хоруғ” навсозӣ мешавад

127
(Таҷдидшуда 11:41 20.09.2020)
Канали обрасони Неругоҳи барқии обии “Хоруғ”-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади аз байн бурдани талафоти об ва эмин нигоҳ доштани хонаҳои наздик ба он аз намӣ мавриди таъмир қарор дода шуд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории АМИТ “Ховар” таъмири каналро яке аз ширкатҳои бонуфузи Олмон - “Пенатрон” ҳамроҳ бо ширкати тоҷикистонӣ  “Таъмир ва ҳимоя аз бетон” анҷом медиҳанд.

Гуфта шудааст, ки кормандони техникии Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” агрегату дигар механизмҳои зарурӣ ва ёридиҳандаро низ таъмир ва ба зимистон омода хоҳанд кард.

Сохтмони ин канали обрасонӣ охири солҳои шастуми асри гузашта ба итмом расид ва соли 1970 Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” ба тавлиди неруи барқ бо тавоноии 9 мегаватт оғоз кард.

“Давоми ним аср бар асари зилзила ва сангчарх дар ин канал рахнаву сӯрохиҳо пайдо шуда, ба талафоти об оварда расонданд. Дар натиҷа иқтидори барқистеҳсолкунии неругоҳ низ коҳиш меёфт”, - таъкид доштааст манбаъ.

Муҳандиси Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” Ҳоким Амирбеков гуфт, ки таъмири канали обрасон ба тавлид ва интиқоли неруи барқ барои муштариён  таъсир намерасонад ва онҳо мисли пештара тавассути Неругоҳи барқии обии “Помир-1”  24 соат бо неруи барқ таъмин мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, оқои Амирбеков гуфт,  давоми ду ҳафта агрегат ва дигар механизмҳои ёридиҳандаи Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” низ пурра таъмир ва ба зимистон омода мегарданд.

Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” агарчи 50 сол пеш сохта шудааст, аммо тӯли чанд даҳсолаи охир пурра навсозӣ гардид. Он ҳоло баробари НБО “Помир-1”дар чаҳор фасли сол бе танаффус сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо неруи барқ таъмин мекунад.

127
Барчаспҳо:
НБО, таъмир, барқ, ВМКБ, Тоҷикистон
Московский нефтеперерабатывающий завод (НПЗ)

Корхонаи полоиши нафт сохта шуд, аммо нафт барои коркард нест

637
(Таҷдидшуда 01:35 19.09.2020)
Мақомоти минтақаи озоди иқтисодии Данғара мегӯянд, ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар ин марказ, ки ду сол аст ба таъхир меафтад, ба таъмини нафти хом бастагӣ дорад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Мақомоти минтақаи озоди иқтисодии Данғара эълом кардаанд, ки дар ҳоли ҳозир бо Эрон, Русия ва Қазоқистон барои таъмини нафти хоми мавриди ниёзи полоишгоҳи Данғара вориди музокира шудаанд ва мунтазири натиҷаи гуфтугуҳо ҳастанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Гуфта шудааст, ки ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон, ки аз соли 2014 оғоз шудааст, то ба ҳол чанд бор ба далилҳои мухталиф ба таъхир меафтад.

 Пеш аз ин мушкилоти молӣ ва сари вақт пардохт нашудани маблаги таҷҳизоти мавриди ниёзи сохти ин полоишгоҳ иллати ақиб афтодани замони баҳрабардорӣ аз марҳилаи нахусти он унвон мешуд, аммо акнун гуфта мешавад, ки ин марказ омодаи фаъолият шуда ва мунтазири дарёфти нафти хом мебошад.

 Бо ифтитоҳи марҳилаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар вилояти Хатлон коркарди 500 ҳазор тон нафт дар сол фароҳам хоҳад шуд ва бо такмили он Тоҷикистон метавонад солона як миллион тон нафти хомро дар ин полоишгоҳ тасфия кунад.

 Ба ин тартиб илова бар таъмини ниёзи дохилӣ заминаи содироти бензин ба Афғонистон низ барои Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.

 Тоҷикистон дар сол ба 1 600 000 тон бензин ва салярка ниёз дорад, ки ба таври комил аз хориҷ ворид мешавад.

 Ширкати чинии tk-oil барои сохти ин полоишгоҳ 450 миллион доллар ихтисос додааст.

637
Барчаспҳо:
минтақаи озоди иқтисодӣ, сохтмони корхонаи полоиши нафт, корхона, нафт, Данғара, Тоҷикистон

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия