Сергей Кондратьев

Кондратев гуфт, ки чаро Тоҷикистон барои шомил шудан ба ҳалқаи энергетикии ОМ омода нест

244
(Таҷдидшуда 12:07 28.08.2020)
Сергей Кондратев, коршиноси калони Институти энергетика ва молия гуфт, барои кушодани ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ чӣ кор кардан лозим аст

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тоҷикистон барои пайвастшавӣ ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ аз нигоҳи сиёсӣ омода аст, гуфт Сергей Кондратев, коршиноси калони Пажӯҳишгоҳи энергетика ва молия, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай афзуд, ки Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон тайи солҳои охир самти ҳамкории муштаракро пеш гирифтаанд.

"Фоидаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ роҳбарияти кишварро водор мекунад, ки дар ин самт фаъолона ҳаракат кунанд" гуфт Кондратев.

Коршинос илова намуд, ки аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва техникӣ ташаккули ҳалқаи ягонаи энергетикӣ хеле мушкил аст: ин маҷмӯи инфрасохторӣ дар Осиёи Марказӣ зиёда аз 10 сол вуҷуд надорад.

Миллиардҳо киловат "ба ҳаво рафт": суҳбати вазири энергетикаи Тоҷикистон

Кондратев пешниҳод кард, ки барои нав кардани иқтидор ва сохтани хатҳои нав маблағгузории калон лозим шуданаш мумкин аст. Эҳтимол, барои ин ҷалби қарз лозим меояд, илова намуд коршинос.

244
Барчаспҳо:
ОМ, қувваи барқ, коршиносон, Тоҷикистон
Отключение электроэнергии, архивное фото

Шаҳри Хоруғ бе барқ намемонад: неругоҳи барқии обии “Хоруғ” навсозӣ мешавад

128
(Таҷдидшуда 11:41 20.09.2020)
Канали обрасони Неругоҳи барқии обии “Хоруғ”-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади аз байн бурдани талафоти об ва эмин нигоҳ доштани хонаҳои наздик ба он аз намӣ мавриди таъмир қарор дода шуд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории АМИТ “Ховар” таъмири каналро яке аз ширкатҳои бонуфузи Олмон - “Пенатрон” ҳамроҳ бо ширкати тоҷикистонӣ  “Таъмир ва ҳимоя аз бетон” анҷом медиҳанд.

Гуфта шудааст, ки кормандони техникии Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” агрегату дигар механизмҳои зарурӣ ва ёридиҳандаро низ таъмир ва ба зимистон омода хоҳанд кард.

Сохтмони ин канали обрасонӣ охири солҳои шастуми асри гузашта ба итмом расид ва соли 1970 Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” ба тавлиди неруи барқ бо тавоноии 9 мегаватт оғоз кард.

“Давоми ним аср бар асари зилзила ва сангчарх дар ин канал рахнаву сӯрохиҳо пайдо шуда, ба талафоти об оварда расонданд. Дар натиҷа иқтидори барқистеҳсолкунии неругоҳ низ коҳиш меёфт”, - таъкид доштааст манбаъ.

Муҳандиси Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” Ҳоким Амирбеков гуфт, ки таъмири канали обрасон ба тавлид ва интиқоли неруи барқ барои муштариён  таъсир намерасонад ва онҳо мисли пештара тавассути Неругоҳи барқии обии “Помир-1”  24 соат бо неруи барқ таъмин мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, оқои Амирбеков гуфт,  давоми ду ҳафта агрегат ва дигар механизмҳои ёридиҳандаи Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” низ пурра таъмир ва ба зимистон омода мегарданд.

Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” агарчи 50 сол пеш сохта шудааст, аммо тӯли чанд даҳсолаи охир пурра навсозӣ гардид. Он ҳоло баробари НБО “Помир-1”дар чаҳор фасли сол бе танаффус сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо неруи барқ таъмин мекунад.

128
Барчаспҳо:
НБО, таъмир, барқ, ВМКБ, Тоҷикистон
Московский нефтеперерабатывающий завод (НПЗ)

Корхонаи полоиши нафт сохта шуд, аммо нафт барои коркард нест

637
(Таҷдидшуда 01:35 19.09.2020)
Мақомоти минтақаи озоди иқтисодии Данғара мегӯянд, ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар ин марказ, ки ду сол аст ба таъхир меафтад, ба таъмини нафти хом бастагӣ дорад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Мақомоти минтақаи озоди иқтисодии Данғара эълом кардаанд, ки дар ҳоли ҳозир бо Эрон, Русия ва Қазоқистон барои таъмини нафти хоми мавриди ниёзи полоишгоҳи Данғара вориди музокира шудаанд ва мунтазири натиҷаи гуфтугуҳо ҳастанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Гуфта шудааст, ки ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон, ки аз соли 2014 оғоз шудааст, то ба ҳол чанд бор ба далилҳои мухталиф ба таъхир меафтад.

 Пеш аз ин мушкилоти молӣ ва сари вақт пардохт нашудани маблаги таҷҳизоти мавриди ниёзи сохти ин полоишгоҳ иллати ақиб афтодани замони баҳрабардорӣ аз марҳилаи нахусти он унвон мешуд, аммо акнун гуфта мешавад, ки ин марказ омодаи фаъолият шуда ва мунтазири дарёфти нафти хом мебошад.

 Бо ифтитоҳи марҳилаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар вилояти Хатлон коркарди 500 ҳазор тон нафт дар сол фароҳам хоҳад шуд ва бо такмили он Тоҷикистон метавонад солона як миллион тон нафти хомро дар ин полоишгоҳ тасфия кунад.

 Ба ин тартиб илова бар таъмини ниёзи дохилӣ заминаи содироти бензин ба Афғонистон низ барои Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.

 Тоҷикистон дар сол ба 1 600 000 тон бензин ва салярка ниёз дорад, ки ба таври комил аз хориҷ ворид мешавад.

 Ширкати чинии tk-oil барои сохти ин полоишгоҳ 450 миллион доллар ихтисос додааст.

637
Барчаспҳо:
минтақаи озоди иқтисодӣ, сохтмони корхонаи полоиши нафт, корхона, нафт, Данғара, Тоҷикистон
Деятельность МВД в борьбе с коронавирусом в Таджикистане

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

14
(Таҷдидшуда 18:50 25.09.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, аз 30 апрел то 25 сентябр ба 9 ҳазору 562 нафар расида, аз ин беш аз 87 дарсадашон шифо ёфтаанд.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон 8 ҳазору 341 нафар ё худ 87,2%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 74 нафар фавтидаанд.

“Шабонарӯзи охир 98 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

14
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, беморӣ, Тоҷикистон