Последнее звено трансазиатского газопровода “Центральная Азия - Китай” запущено в Казахстане

Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон хабари қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистонро рад кард

495
(Таҷдидшуда 17:20 05.09.2020)
Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи қатъи интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро бепоя хонд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон гуфтааст, хабарҳое, ки дар интернет пайдо шуданд, ки гӯё гази кишвари мо дар ҳоли ҳозир ба Тоҷикистон интиқол дода намешавад, ба воқеият мувофиқат намекунад, омадааст дар итттилоияи нашркадаи котиботи ин ниҳод

Ба иттилои манбаъ, интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тибқи нақша идома дорад.

“Тибқи маълумоти амалиётӣ, дар 8 моҳи соли 2020 ба кишвари ҳамсоя 139,5 миллион метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шудааст”,-афзудааст манбаъ.

Ин ниҳод гуфтааст, то охири сол тибқи шартнома интиқоли 200,0 миллион метри мукааб ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон аз маҳдуд шудани интиқоли гази моеъ аз сӯи бархе ширкатҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба ширкатҳои Тоҷикистон хабар дод.

Абдулмаҷид Муъминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории  Тоҷикистон,  гуфт, як ширкати Ӯзбекистон ва як ширкати Қазоқистон аз 1 сентябр содироти гази моеъ ба ширкатҳои Тоҷикистонро қатъ карданд.

Расулзода: қатъи воридоти гази моеъ сабаби болоравии нархи маводи ғизоӣ мешавад

Номбурда гуфт, ширкатҳои кишвари ҳамсоя ин тасмимашонро зимни як нома ба далели таъмири корхонаҳои истеҳсоли гази моеъашон рабт додаанд.

Арзон шуд: нархи газ дар Тоҷикистон 10 % поён рафт

Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, айни замон ба воридоти гази моеъ дар ҷумҳурӣ 15 ширкати дохиливу хориҷӣ машғул мебошад.

 

 

495
Барчаспҳо:
гази моеъ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Отключение электроэнергии, архивное фото

Шаҳри Хоруғ бе барқ намемонад: неругоҳи барқии обии “Хоруғ” навсозӣ мешавад

70
(Таҷдидшуда 11:41 20.09.2020)
Канали обрасони Неругоҳи барқии обии “Хоруғ”-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади аз байн бурдани талафоти об ва эмин нигоҳ доштани хонаҳои наздик ба он аз намӣ мавриди таъмир қарор дода шуд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории АМИТ “Ховар” таъмири каналро яке аз ширкатҳои бонуфузи Олмон - “Пенатрон” ҳамроҳ бо ширкати тоҷикистонӣ  “Таъмир ва ҳимоя аз бетон” анҷом медиҳанд.

Гуфта шудааст, ки кормандони техникии Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” агрегату дигар механизмҳои зарурӣ ва ёридиҳандаро низ таъмир ва ба зимистон омода хоҳанд кард.

Сохтмони ин канали обрасонӣ охири солҳои шастуми асри гузашта ба итмом расид ва соли 1970 Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” ба тавлиди неруи барқ бо тавоноии 9 мегаватт оғоз кард.

“Давоми ним аср бар асари зилзила ва сангчарх дар ин канал рахнаву сӯрохиҳо пайдо шуда, ба талафоти об оварда расонданд. Дар натиҷа иқтидори барқистеҳсолкунии неругоҳ низ коҳиш меёфт”, - таъкид доштааст манбаъ.

Муҳандиси Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” Ҳоким Амирбеков гуфт, ки таъмири канали обрасон ба тавлид ва интиқоли неруи барқ барои муштариён  таъсир намерасонад ва онҳо мисли пештара тавассути Неругоҳи барқии обии “Помир-1”  24 соат бо неруи барқ таъмин мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, оқои Амирбеков гуфт,  давоми ду ҳафта агрегат ва дигар механизмҳои ёридиҳандаи Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” низ пурра таъмир ва ба зимистон омода мегарданд.

Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” агарчи 50 сол пеш сохта шудааст, аммо тӯли чанд даҳсолаи охир пурра навсозӣ гардид. Он ҳоло баробари НБО “Помир-1”дар чаҳор фасли сол бе танаффус сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо неруи барқ таъмин мекунад.

70
Барчаспҳо:
НБО, таъмир, барқ, ВМКБ, Тоҷикистон
Московский нефтеперерабатывающий завод (НПЗ)

Корхонаи полоиши нафт сохта шуд, аммо нафт барои коркард нест

579
(Таҷдидшуда 01:35 19.09.2020)
Мақомоти минтақаи озоди иқтисодии Данғара мегӯянд, ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар ин марказ, ки ду сол аст ба таъхир меафтад, ба таъмини нафти хом бастагӣ дорад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Мақомоти минтақаи озоди иқтисодии Данғара эълом кардаанд, ки дар ҳоли ҳозир бо Эрон, Русия ва Қазоқистон барои таъмини нафти хоми мавриди ниёзи полоишгоҳи Данғара вориди музокира шудаанд ва мунтазири натиҷаи гуфтугуҳо ҳастанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Гуфта шудааст, ки ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон, ки аз соли 2014 оғоз шудааст, то ба ҳол чанд бор ба далилҳои мухталиф ба таъхир меафтад.

 Пеш аз ин мушкилоти молӣ ва сари вақт пардохт нашудани маблаги таҷҳизоти мавриди ниёзи сохти ин полоишгоҳ иллати ақиб афтодани замони баҳрабардорӣ аз марҳилаи нахусти он унвон мешуд, аммо акнун гуфта мешавад, ки ин марказ омодаи фаъолият шуда ва мунтазири дарёфти нафти хом мебошад.

 Бо ифтитоҳи марҳилаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар вилояти Хатлон коркарди 500 ҳазор тон нафт дар сол фароҳам хоҳад шуд ва бо такмили он Тоҷикистон метавонад солона як миллион тон нафти хомро дар ин полоишгоҳ тасфия кунад.

 Ба ин тартиб илова бар таъмини ниёзи дохилӣ заминаи содироти бензин ба Афғонистон низ барои Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.

 Тоҷикистон дар сол ба 1 600 000 тон бензин ва салярка ниёз дорад, ки ба таври комил аз хориҷ ворид мешавад.

 Ширкати чинии tk-oil барои сохти ин полоишгоҳ 450 миллион доллар ихтисос додааст.

579
Барчаспҳо:
минтақаи озоди иқтисодӣ, сохтмони корхонаи полоиши нафт, корхона, нафт, Данғара, Тоҷикистон
Вице-премьер Узбекистана Уктам Барноев

Вируси сархур: бар асари COVID-19 муовини сарвазири Ӯзбекистон даргузашт

0
(Таҷдидшуда 15:39 20.09.2020)
Имрӯз дар шаҳри Тошканд бар асари вируси корона муовини сарвазири Ӯзбекистон Уктам Барноев даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имрӯз муовини сарвазири Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди аграрӣ ва ҳифзӣ амнияти ғизоӣ Уктам Барноев даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории UzNews.uz дар истинод ба наздикони ӯ.

Гуфта шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дар сини 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тибқи иттилои расмӣ Уктам Барноев бар асари вируси корона даргузаштааст.

Таъкид шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дер боз аз вируси корона дар Олмон табобат мегирифт. Як ҳафта пеш ӯро ба як бемористонҳои шахсӣ дар Осиёи Марказӣ Аkfa Medline, ки дар шаҳри Тошканд воқеъ аст, интиқол доданд.

Уктам Барноев соли 1964 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкунандаи Донишкадаи муҳандиси обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкандро хатм кардааст.

Оқои Барноев дар солҳои 2000 то соли 2002 дар вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Ӯзбекистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият кардааст.   

Солҳои 2007 то 2008 Барноев ба ҳайи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва захираҳои обӣ Ӯзбекистон кор кард. Сипас пас аз ин дар давоми ду сол Ҳокими вилояти Самарқанд кор кардааст.  Ҳамзамон ӯ соли 2016 ба ҳайси Ҳокими вилояти Бухоро низ кор кардааст.

Аз 6 июли соли 2020 ба вазифаи раиси Федератсияи аспарварӣ ва варзиш аспи Ӯзбекистон таъйин шуда буд.

0
Барчаспҳо:
Тошканд, муовини сарвазир, даргузашт, вируси корона, Ӯзбекистон