Линии электропередачи, архивное фото

Дар деҳаи Рошорви ВМКБ нерӯгоҳи хурд сохта шуд

259
(Таҷдидшуда 13:19 11.09.2020)
Сохтмони нерӯгоҳи барқии "Хатфат" дар деҳаи Рошорви ВМКБ пурра аз тарафи ширкати "Помирэнерҷӣ" маблағгузорӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Баъди ду ҳафта дар деҳаи Рошорви Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон неругоҳи хурди барқии "Хатфат" бо тавоноии 450 киловатт/соат мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад ва сокинони он бо нерӯи барқ таъмин мешаванд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Деҳаи Рошворв дар баландии беш аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, назар ба дигар деҳоти вилоят фасли  зимистон дар ин деҳа зудтар фаро мерасад. Дар ин ҷо 193 хонавода зиндагӣ мекунанд.

Тибқи иттилои манбаъ, бунёди ин неругоҳро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Мадад" ба уҳда гирифтааст.

Сардори ҷамъияти мазкур Иван Ҳайдармамадов гуфт, ки  сохтмони неругоҳ пурра аз тарафи ширкати "Помирэнерҷӣ" маблағгузорӣ мешавад ва лоиҳаи бунёди сарбанд, ҳавзи танзими об, канали обпарто дар масофаи як километр, васли қубурҳои қутраш 700 мм, васлу насби агрегат ва хатҳои барқиро низ муҳандисони маҳаллӣ амалӣ месозанд.

Айни ҳол тамоми ин корҳо ба итимом расида, баъди анҷоми баъзе корҳои ҷузъӣ неругоҳи барқии «Хатфат» ба тавлиди неруи барқ оғоз мекунад.

Манбаъ аз қавли гуфтаи раиси Ҷамоати деҳоти Савноб Малабек Малабеков оварда, ки "дар деҳаи Рошорв то солҳои 90-уми асри гузашта неругоҳҳои хурди барқӣ бо иқтидори аз 2 то 5 киловатт/соат вуҷуд доштанд, аммо баъдан ин неругоҳҳо бо сабаби истифодаи зиёд фарсуда шуда, аз кор монданд. Соли 2000-ум сокинони деҳа барои ҳалли ин мушкил ба Пешвои миллат муроҷиат намуданд ва худи ҳамон сол бо дастури Сарвари давлат дар марҳилаи аввал ҳамаи сокинони деҳа бо батарейкаҳои офтобӣ ройгон таъмин гардиданд. Ҳамзамон мутахассисони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бунёди неругоҳи хурди барқӣ ба омӯзиши захираҳои обии рӯдхонаҳои кӯҳӣ, тарҳи канали обгузар ва макони ҷойгиркунии агрегатҳо машғул шуданд. Баъди омӯзишу таҳқиқоти ҳамаҷониба як сол пеш таҳкурсии неругоҳи хурди барқии "Хатфат" гузошта шуд".

Ҳоло сокинони деҳаи Рошорв бо  хати барқ таъмин шудаанд. То моҳи декабри имсол зиёда аз 300 хонаводаи деҳоти атроф низ ба ин неругоҳ пайваст мешаванд.

259
Барчаспҳо:
нерӯгоҳҳои хурд, нерӯгоҳсозӣ, нерӯгоҳ, ВМКБ

Тоҷикистон аз ҷиҳати нерӯи барқи арзон минёи кишварҳои ИДМ яке аз пешсафон эълон шуд

176
Ҳукумати Қирғизистон арзиши миёнаи тарифҳои барқро дар кишварҳои ИДМ ҳисоб кардааст, ки пастаринаш дар ин кишвар ва баландтаринаш дар Русия ва Белорус будааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Омори нархҳои барқ ​​дар кишварҳои ИДМ дар гузориши ҳукумати Қирғизистон ҷамъбаст карда шуд.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта мешавад, ки дар кишварҳои ИДМ таносуби манбаъҳои истеҳсоли нерӯи барқ ​​гуногун аст, ки ин ба арзиши истеҳсоли он бевосита таъсир мерасонад.

Фармони Раҳмон: нархи неруи барқ, об ва алоқа то охири соли 2020 баланд намешавад

Гуфта мешавад, то санаи 19 сентябри соли 2020 бо доллари ИМА, тарифи барқ ​​дар Қирғизистон аз ҳама пасттарин - 0,01 доллар барои 1 кВт / соат аст.

Тоҷикистон ва Узбакистон низ аз рӯи нархномаҳо миёни пешсафон қарор доранд, ки барои 1 кВт / соат 0,02 доллар пардохт мекунанд.

Аммо Русия ва Беларус дар байни кишварҳои ИДМ ба кишварҳое табдил ёфтанд, ки тарифҳои гаронтарин доранд: дар он ҷо сокинон бояд барои як киловатт дар як соат то 0,1 доллар пардохт кунед.

Вазорати энержӣ: тавлиди барқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

Ин аз он сабаб аст, ки дар Русия ва Беларус нерӯи барқ ​​асосан дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ тавлид мешавад, ки нисбат ба гидроэнергетика хеле гаронтар аст.

176
Барчаспҳо:
нарх, барқ, Қирғизистон, Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Раҳмон аз камобӣ гуфту барои сарфаи барқ дастур дод

290
(Таҷдидшуда 19:01 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар ҷаласаи Ҳукумат аз камобӣ гуфта, масъалаи таъмини мардум бо нерӯи барқ дар зимистонро ба миён гузошт

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба камобии имсола барои сарфакорона истифода кардани нерӯи барқ дастур дод.

Раисиҷумҳур баҳри рафъи мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистода ва бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва захираи кофии маводи сӯхту хӯрокворӣ масъулини сохторҳои давлатиро муваззаф кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи қабл низ дар паёмаш ба маҷмааи умумии СММ гуфта буд, ки “имсол бинобар боришоти кам дар фасли зимистон коҳиши назарраси захираҳои об дар дарёҳои минтақа ба қайд гирифта шуд, ки дар навбати худ боиси камобӣ дар мавсими обёрӣ ва хушксолии шадид гардид”.

Ӯ таъкид кард, ки чунин вазъият ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза, ҳамчунин, соҳаҳои марбут ба об, бахусус кишоварзӣ ва энергетика, таъсири манфӣ мерасонад.

Раҳмон зикр кард, ки Тоҷикистон 99 фоизи қувваи барқи худро дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ, яъне аз манбаъҳои таҷдидшавандаи энергияи “сабз” истеҳсол мекунад.

Ӯ дар ин робита дастгирии истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, ки барои рушди иқтисоди “сабз” заминаи мусоид мегузорад, пешниҳод намуда буд.

290
Барчаспҳо:
ҷаласа, Ҳукумат, нерӯи барқ, Тоҷикистон
Призывники в армию Таджикистана в Бадахшане

Бадахшон аввалин шуда нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро кард

0
(Таҷдидшуда 16:56 01.10.2020)
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз нахустин манотиқи кишвар аст, ки аввал шуда нақшаи даъват ба артишро иҷро кард.

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии вилоят, дар нахустин рӯзи даъват нақшаро пурра ба анҷом расонидаанд.

Ба иттилои манбаъ, нақшаи сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон дар рузи якум 103 % иҷро намуд.

Президент фармони даъвати тирамоҳӣ ба аскариро имзо кард

Ёдовар мешавем, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар даъватҳои қаблӣ низ пеш аз дигар минтақаҳо нақшаро нахустин шуда иҷро мекард.

Фармон дар бораи даъвати наваскаронро раисиҷумҳури кишвар 3 сентябр имзо карда буд.

Пешсафии Бадахшон: нақшаи даъвати наваскарон дар вилоят 110 дарсад иҷро шуд

Бар асоси он дар даъвати тирамоҳа шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

0
Барчаспҳо:
артиш, даъват, Бадахшон, Тоҷикистон