Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Бебарқии хоҳари Ӯлҷабоев дар пайи таъмири НОБ и ба номи ӯ шарҳи "Барқи тоҷик"

982
(Таҷдидшуда 15:17 03.11.2020)
"Барқи тоҷик" мегӯяд, камбуди барқ дар бархе навоҳии ҷумҳурӣ маҳдудият нест, аз корҳои таъмири нерӯгоҳи "Норак" аст

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкат, ки худ алъон дар "Норак" қарор дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир дар нерӯгоҳ корҳои профилактикӣ ҷараён доранд, қабл аз ҳама, чархаҳои он таъмир мешаванд.

"Ҳамин ҳоло чархаи дуюм аз таъмир баромад. Агар имрӯз ин корро накунем, зимистон ба мушкил дучор меоем. Мо ба хотири таъмини мардум аз содироти барқ даст кашидем. Сатҳи обро муҳтотона эҳтиёт мекунем. Аз ин хотир, аз мардуми кишвар хоҳиш мекунем, ки моро дарк кунанд", - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Қаблан иддае аз сокинони навоҳии атрофи Душанбе, назири Рӯдакиву Ҳисор, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз маҳдудияти барқ дар маҳаллҳои худ хабар доданд. Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ навишт, ки шабакаи барқи ноҳияи Рудакӣ гуфтаанд, НОБ-и "Норак" - ро таъмир карда истодаанд, 5 - 6 рӯз барқ намешавад.

"Нерӯгоҳи барқи обии "Норак" дар номи Турсун Ӯлҷабоев. Хоҳари Турсун Ӯлчабоев, модари 87-сола Ҳикматой Ӯлҷабоева аз набудани барқ дар хонааш азоб мекашад", - навишт ӯ.

Сухангӯи "Барқи тоҷик" мегӯяд, қатъи пурраи барқ ҳеҷ гоҳ сурат нахоҳад гирифт, зеро на фақат "Норак", балки дигар манобеъи таъмини барқ низ пурра қатъ намешаванд ва иқтидори умдаи онҳо мавриди истифода қарор дорад.

"Барқ ҳам мисли офтобу борон аст. Ҳеҷ касро интихоб намекунад. Ба ҳама яксон тавзеъ мешавад. Талоши шабонарӯзии мо ин аст, ки на фақат ин модари бузургвор, балки тамоми мардум барқ дошта бошанд. Лутфан, афроди алоҳида воҳимаангезӣ накунанд", - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Тоҷикистон солона ҳудуди 20 миллиард киловат соат барқ истеҳсол мекунад, ки беш аз 11 миллиарди он ба нерӯгоҳи "Норак" рост меояд. Зарфияти насбшудаи неругоҳ 3000 мегаватт, аммо зарфияти мавҷуди он 2300 мегаватт аст.

Тибқи иттилои "Барқи тоҷик", нерӯгоҳи "Норак" 12 чарха бо зарфияти беш аз 300 мегаватт дорад, ки аз ин 7 адади он дар фасли зимистон пурра кор хоҳад кард.

982
Барчаспҳо:
бебарқӣ, Нерӯгоҳи Норак, нерӯгоҳ, Тоҷикистон
Нафт, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон тавлиди маҳсулоти нафтиро каму воридоташонро зиёд кардааст

73
(Таҷдидшуда 16:14 03.12.2020)
Дар Тоҷикистон аз оғози соли 2020 то моҳи ноябр воридоти маҳсулоти нафтӣ зиёд шуда, истеҳсолот коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тайи 10 моҳи 2020 тавлиди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 21 дарсад кам шудааст, хабар дод Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Бар асоси омори расмӣ, ҳаҷми тавлиди бензин 51,1%, сӯзишвории дизелӣ 51,2% ва мазут 51,3% кам шудаст.

Дар маҷмуъ аз январ то октябри соли равон дар Тоҷикистон 20,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ дар кишвар 15,6% афзоиш ёфтааст. Таъминкунандаи асосии маводи сӯхт дар Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ мондааст.

Аз аввали сол ба ҷумҳурӣ 488,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 231,6 миллион доллар ворид шудааст.

Қаблан Вазорати рушди иқтисоду савдо хабар дода буд, ки воридоти мол ба кишвар дар 10 моҳ ба 2,5 миллиард доллар баробар шудааст, ки ба андозаи 6,3 фоиз нисбати нишондоди январ – октябри соли 2019 камтар мебошад.

73
Барчаспҳо:
маҳсулот, нафт, Тоҷикистон
Усмонали Усмонзода, министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана

Об каму аҳолӣ зиёд шуд: шарҳи муовини сарвазир дар бораи “лимит”-и барқ

1201
(Таҷдидшуда 11:32 03.12.2020)
Муовини сарвазири Тоҷикистон мушкили камбуди барқро дар кишвар шарҳ дода, аз сокинон хостааст, ки онро сарфакорона истифода баранд

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik.  Усмоналӣ Усмонзода, муовини сарвазири кишвар зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди вазъи омодагии Хатлон ба фасли зимистон, мушкили норасоии барқро шарҳ дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон, ҷаласа бо ҳузури  муовини сарвазир Усмоналӣ Усмонзода, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят ва  вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа сурат гирифтааст.

Дар ҷараёни кори Ситод раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва муовини сарвазири мамлакат Усмонзода Усмоналӣ оид ба самараноку оқилона истифода бурдани неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон изҳори назар намуда, гуфтанд, ки бо сабабҳои ба ҳамагон маълум, кам будани об дар обанбори неругоҳҳои барқии обӣ, зиёд шудани аҳолӣ ва аз меъёр зиёд истифода намудани неруи барқ, эҳтиёҷ ба неруи барқ дар қаламрави кишвар пеш омадааст.

Зимистон фаро расид, аммо барқ нест: таъмири “Барқи тоҷик” кай ба анҷом мерасад

"Бояд ҳамагон аз маданияти истифодабарии неруи барқ бархӯрдор бошанд, дастгоҳу таҷҳизоти гармидиҳиро бе зарурат истифода набаранд ва ҳаққи истифодаи неруи барқро сари вақт пардохт намоянд",-афзудааст, манбаъ.

Аз охирҳои моҳи октябр сар карда, сокинони Тоҷикистон аз барқкушӣ шикоят мебурданд. 

Ҳанӯз авалҳои моҳи ноябр сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ расман эълон карда буд, ки далели қатъи нерӯи барқ дар кишвар, ягон "лимит" набуда, балки таъмири шабакаҳои барқрасониву омодагӣ ба зимистон аст.

Раҳмон аз камобӣ гуфту барои сарфаи барқ дастур дод

Ёдовар мешавем, охири фасли тобистон як муддат маҳдудияти интиқоли барқ пеш омад, ки мақомот он замон низ мушкилро камобӣ дар обанбори "Норак" хонда буд.

1201
Барчаспҳо:
шарҳ, лимити барқ, Усмоналӣ Усмонзода

СҶБ: агар имкони риояи фосилаи иҷтимоӣ мавҷуд набошад, пас ҳатман ниқоб пӯшед

0
(Таҷдидшуда 12:56 04.12.2020)
Тавсияи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳам ба калонсолон ва ҳам ба кӯдакони то синни 12 - сола дахл дорад

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт дастури ҷадид бобати риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб нашр намудаст.

Бар тибқи дастури нави СҶБ, пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла мактабу мағоза ва ҷойҳои умумии корӣ ҳам барои одамони калонсол ва ҳам барои кӯдакони то синни 12-сола шарт ва зарур аст.

"Чӣ дар дохили биноҳо, аз ҷумла дар мағозаҳо, ҷойҳои кори умумӣ ва мактабҳо ва чӣ дар беруни биноҳо, ки фосилагирии ҷисмонӣ ба андозаи ҳадди ақалл як метр ғайриимкон аст, ниқобҳо пӯшида шаванд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гузашта аз ин, созмон тавсия медиҳад, ки сарфи назар аз имконоти нигоҳ доштани фосилаи зарурӣ, ҳамеша дар дохили биноҳое, ки ба таври бояду шояд ҳаво дода намешаванд, бояд ниқоб пӯшида шавад.

Муҳофизат бо усули ҷопонӣ: ниқобҳо бо алмосу марворид - акс

Ин тавсия ҳам ба калонсолон ва ҳам ба кӯдакони 12-сола ва калонтар дахл дорад. Барои кӯдакони то панҷсола пӯшидани ниқоб тавсия дода нашудааст.

Ҳамзамон барои кӯдакони синни аз 6 то 11-сола тасмим дар бораи пӯшидани ниқоб ё напӯшидани он бо дарназардошти вазъи мушаххаси вобаста ба интиқоли коронавирус дар минтақаи муайян, инчунин қобилияти кӯдак барои истифодаи дурусти ниқоб ва имкони назорати онҳо аз тарафи калонсолон гирифта мешавад.

0
Барчаспҳо:
тавсия, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон