Маҷлиси ҳукуматии ҶТ, акс аз бойгонӣ

Хатмкардаи Ҳарвард, менеҷер аз лоиҳаи Оқохон: Далер Ҷумъа, вазири нав кист?

10403
(Таҷдидшуда 23:06 03.11.2020)
Далер Ҷумъа, ки қаблан раиси ширкати “Помир Энержӣ” буд, вазири нави энергетика ва захоири обии Тоҷикистон таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik.  Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон таъйин гардида, дар ин мақом Усмоналӣ Усмонзодаро иваз кард.

Усмоналӣ Усмонзода бо фармони раисиҷумҳур муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин гардид.

Ҷумъа Далер Шофақир, вазири нави энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, соли 1973 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шуда, бар асоси ҳолномаи нашркардаи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (рӯзона), соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ғоибона), соли 2006 Донишгоҳи Королинаи Шимолии ИМА , соли 2013 Донишгоҳи Ҳарварди ИМА-ро хатм кардааст.

Бар асоси ҳолномаи нашркардаи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Далер Ҷумъа ихтисосҳои муҳандиси нерӯгоҳҳои барқӣ, иқтисодчӣ - муҳосибӣ, идоракунии бизнес лоиҳаҳо, идоракунии бизнеси байналмилалиро дошта, забонҳои хориҷии русӣ ва англисиро медонад.

Ӯ оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад.

Дар мавриди фаъолияти Далер Ҷумъа котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон навиштааст:

  • Солҳои 1995-1997 Муҳандиси Институти илмӣ - тадқиқотии «Тоҷикгидроэнергопроект»
  • Солҳои 1997-2002 Сардори Раёсати Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон;
  • Солҳои 2002-2003  Сармутахассиси департаменти сафарбаркунии захираҳои Сардафтари Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Женеваи Шветсария
  • Солҳои 2003–2004 Машваратчии Бонки умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2004–2005 Роҳбари бахши маркетинги Барномаи рушди соҳибкорӣ USAID/PRAGMA;
  • 05.2006 – 08.2006  Мутахассиси шӯъбаи фурӯш ва таъминоти Созмони Милали Мутаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА;
  • Солҳои 2006–2007 Роҳбари ташкилоти Фокуси кӯмак дар Тоҷикистон;
  • Аъзои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;
  • Солҳои 2007-2020 Директори генералии ҶСШК «Помирэнерҷӣ», роҳбари регионалии лоиҳаҳои энергетикии сандуқи рушди иқтисодии Оғохон.
10403
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, тағйирот
Нафт, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон тавлиди маҳсулоти нафтиро каму воридоташонро зиёд кардааст

47
(Таҷдидшуда 16:14 03.12.2020)
Дар Тоҷикистон аз оғози соли 2020 то моҳи ноябр воридоти маҳсулоти нафтӣ зиёд шуда, истеҳсолот коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тайи 10 моҳи 2020 тавлиди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 21 дарсад кам шудааст, хабар дод Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Бар асоси омори расмӣ, ҳаҷми тавлиди бензин 51,1%, сӯзишвории дизелӣ 51,2% ва мазут 51,3% кам шудаст.

Дар маҷмуъ аз январ то октябри соли равон дар Тоҷикистон 20,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ дар кишвар 15,6% афзоиш ёфтааст. Таъминкунандаи асосии маводи сӯхт дар Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ мондааст.

Аз аввали сол ба ҷумҳурӣ 488,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 231,6 миллион доллар ворид шудааст.

Қаблан Вазорати рушди иқтисоду савдо хабар дода буд, ки воридоти мол ба кишвар дар 10 моҳ ба 2,5 миллиард доллар баробар шудааст, ки ба андозаи 6,3 фоиз нисбати нишондоди январ – октябри соли 2019 камтар мебошад.

47
Барчаспҳо:
маҳсулот, нафт, Тоҷикистон
Усмонали Усмонзода, министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана

Об каму аҳолӣ зиёд шуд: шарҳи муовини сарвазир дар бораи “лимит”-и барқ

913
(Таҷдидшуда 11:32 03.12.2020)
Муовини сарвазири Тоҷикистон мушкили камбуди барқро дар кишвар шарҳ дода, аз сокинон хостааст, ки онро сарфакорона истифода баранд

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik.  Усмоналӣ Усмонзода, муовини сарвазири кишвар зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди вазъи омодагии Хатлон ба фасли зимистон, мушкили норасоии барқро шарҳ дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон, ҷаласа бо ҳузури  муовини сарвазир Усмоналӣ Усмонзода, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят ва  вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа сурат гирифтааст.

Дар ҷараёни кори Ситод раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва муовини сарвазири мамлакат Усмонзода Усмоналӣ оид ба самараноку оқилона истифода бурдани неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон изҳори назар намуда, гуфтанд, ки бо сабабҳои ба ҳамагон маълум, кам будани об дар обанбори неругоҳҳои барқии обӣ, зиёд шудани аҳолӣ ва аз меъёр зиёд истифода намудани неруи барқ, эҳтиёҷ ба неруи барқ дар қаламрави кишвар пеш омадааст.

Зимистон фаро расид, аммо барқ нест: таъмири “Барқи тоҷик” кай ба анҷом мерасад

"Бояд ҳамагон аз маданияти истифодабарии неруи барқ бархӯрдор бошанд, дастгоҳу таҷҳизоти гармидиҳиро бе зарурат истифода набаранд ва ҳаққи истифодаи неруи барқро сари вақт пардохт намоянд",-афзудааст, манбаъ.

Аз охирҳои моҳи октябр сар карда, сокинони Тоҷикистон аз барқкушӣ шикоят мебурданд. 

Ҳанӯз авалҳои моҳи ноябр сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ расман эълон карда буд, ки далели қатъи нерӯи барқ дар кишвар, ягон "лимит" набуда, балки таъмири шабакаҳои барқрасониву омодагӣ ба зимистон аст.

Раҳмон аз камобӣ гуфту барои сарфаи барқ дастур дод

Ёдовар мешавем, охири фасли тобистон як муддат маҳдудияти интиқоли барқ пеш омад, ки мақомот он замон низ мушкилро камобӣ дар обанбори "Норак" хонда буд.

913
Барчаспҳо:
шарҳ, лимити барқ, Усмоналӣ Усмонзода
Люди в защитных костюмах проводят церемонию погребения человека умершего от COVID-19

Шӯрои уламо фатвои мурдаҳои бе намози ҷаноза гӯронидаро дод

885
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳолати ба қабр гузоштани майит бидуни хондани намози ҷаноза мусалмонон чи кор карда метавонанд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Шӯрои уламои Маркази  исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли як корбараш гуфтааст, ки дар ҳолати гӯронидани мурдае бидуни хондани намози ҷаноза чи кор метавон кард.

Усмон ном корбаре аз уламои Маркази исломии Тоҷикистон пурсидааст: агар нафаре аз касалии гузаранду фавтад, бе хондани намози ҷаноза гӯрониданаш ҷоиз аст.

"Шахсе, ки аз ягон бемории гузаранда, яъне аз вабо вафот мекунад ва ӯро ҷаноза намекунанд, барои майит ягон зарар дорад?", - навиштааст вай.

Дар посух Шуро роҳи адои ин намозро дар ҳолати зикргардида нишон додаанд.

Ба гуфтаи улумои дин, он намозро метавон пас аз гӯронидан дар сари қабр адо кард.

"Намози ҷаноза яке аз он ҳуқуқе аст, ки майит бар зиммаи дигар мусулмонон дорад. Бинобар ин, касе, ки бидуни ҷаноза дафн шуда бошад, бар сари қабраш намози ҷанозаи ў хонда мешавад", - омадааст дар посухи онҳо.

Пештар сокинони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ доштанд, нафарони дар пайи сироят аз коронавирус фавтидаро бе хондани намози ҷаноза ба қабр мегузоранд.

Ёдрас мешавем, Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри як иттилоия тафсилоти маросими дафни фавтидагон аз коронавирус - аз шустан то кафан кардану ҷаноза ва дар қабргузориро баён доштааст.

Намозҳои ҷаноза хатар доранд?: мақомоти Суғд аз сокинон хост дар намозҳо эҳтиёт намоянд

"Дини ислом дафн кардани шахси фавтидаро фарзи кифоя ҳукм кардааст, ки агар дар он чанд нафар иштирок кунанд, кофӣ аст. Бинобар ин, бо дарназардошти шароити кунунӣ намози ҷаноза дар назди қабристон ё ҷойҳои махсус бо иштироки теъдоди ками хешовандон ва дӯстони наздик хонда шавад, беҳтар аст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дуо аз ҳар ҷо қабул мегардад. Бинобар ин, дигарон дар ҳаққи майит дуо кунанд, кифоя аст", - омадааст дар дастурамали кумита.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи на камтар аз 2 метр аз тобут меистад.

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

 

885