Ввод в эксплуатацию Сарбандской ГЭС в Леваканте

Дар Тоҷикистон аз 284 нерӯгоҳи барқи обии хурд ҳамагӣ 100 нерӯгоҳ фаъол нест

131
(Таҷдидшуда 15:25 09.12.2020)
Дар 10 моҳи соли равон нерӯгоҳҳои барқи обии хурди Тоҷикистон дар маҷмӯъ 13, 8 миллион киловатт соат нерӯи барқ тавлид карданд, ки камтар аз як дарсад аз тавлиди кулли нерӯи барқи кишвар аст

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи Авесто, дар Тоҷикистон 284 нерӯгоҳи барқи обии хурд вуҷуд дорад, ки ки аз ин теъдоди 100 нерӯгоҳ фаъол нест.

Гуфта мешавад далели фаъолият накардани ин нерӯгоҳҳои хурд, сохти ин марокиз дар маҳалҳои номуносиб бидуни баррасиҳои коршиносӣ ва илмӣ ва дар назар нагирифтани камбуди об дар фаслҳои зимистон ва дар фасли тобистон, ки об барои ниёзи киштукор лозим аст.

Барқ мешавад?: Конибодом тамоми шабакаҳои барқиро ба зимистон омода кард

Дар соли 2000 бо кӯмаки молии ниҳодҳои байналмилалии раванди сохти нерӯгоҳҳои барқӣ обии хурд дар Тоҷикистон оғоз шуд, ки акнун маълум шудааст, ки ин барнома бидуни баррасиҳои коршиносӣ будааст.

Мақомоти ширкати давлатии Барқи тоҷик мегӯянд ,ки дар 10 моҳи нахусти имсол дар нерӯгоҳҳои барқи обии ин кишвар 16 миллиарду 151,1 миллион киловатт соат барқ тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 6 дарсади коҳиш нишон медиҳад.

131
Барчаспҳо:
тавлид, нерӯгоҳҳои хурд, нерӯгоҳ, энержӣ, барқ, Тоҷикистон
Ново-Ангренской ТЭС,  Узбекистан

Худкушии сардори коргоҳ баъди садамаи нерӯгоҳи ҳароратие дар Ӯзбекистон

2
Сардори коргоҳе, ки дар садамаи ТЭС-и Ново-Ангрени Узбакистон ширкат дошт, пас аз бозпурсии мақомот худкушӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Раҳбари коргоҳи нерӯгоҳи ҳароратии Ново-Ангрен худкушӣ кард, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Узбекистон бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати энергетика.

Бв иттилои манбаъ, мард дар хонаи худ худкушӣ кардааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки сардори коргоҳ ба тафтишот ҷалб шуда, барои бозпурсӣ даъват шудааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 20 январ се корманд дар бинои панҷуми нерӯгоҳи ҳароратии Ново-Ангрен бар асари хуруҷи омехтаи ғубори ангишт ҷони худро аз даст доданд. Се коргари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Вазорати энергетика мегӯяд, ки қабл аз иҷрои кор ба гурӯҳи пудратчиён дастур дода шуд ва ба ин объект иҷозати зарурӣ гирифтанд.

Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулода, дар натиҷаи ҳолати фавқулода инфрасохтор ва таҷҳизоти технологии нерӯгоҳ осеб надидаанд.

Фоҷиа: худкушии модари ҷавоне, ки ба кори саҳро машғул буду тифлаш аз тасф ҷон дод

Тафтиши ҳодиса идома дорад. Ба оилаҳои халокшудагон аз давлат ба маблаги 105 миллион сум товон дода мешавад.

2
Барчаспҳо:
худкушӣ, садама, Ӯзбекистон
Электросчетчики на улице

Ҷаримаи сокинони Рашт барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ

131
(Таҷдидшуда 12:23 22.01.2021)
Дар паи баргузории санҷишҳо дар минтақаи Рашт 73 ҳолати истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ  ошкор гардида, ҷавобгарон ба маблағи 113 ҳазору 841 сомонӣ  ҷарима шуданд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Аз 1 декабри соли гузашта то 15 январи имсол дар минтақаи Рашт 6 миллиону 583 ҳазору 730 киловатт-соат қувваи барқ сарфа шудааст.

Ин омор зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳии кормандони шабакаҳои барқи минтақаи Рашт дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои кории тарғиботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумат баҳри сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва истифода аз таҷҳизоти замонавии каммасраф ба даст омадааст.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ асосан миёни аҳолии ноҳияҳои Сангвору Лахш, Тоҷикободу Рашт ва Нуробод баргузор шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба муҳандиси реҷаи шабакаҳои барқи Рашт Фатҳулло Маҳмадхонов.

Муҳосиби шабакаҳои барқи Рашт Назриддин Шарипов гуфт, ки мувофиқи маълумоти муҳосибот, қарзи дебитории шабакаҳои барқи минтақаи Рашт 41 миллиону 158 ҳазору 909 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 15 миллиону 839 ҳазору 381 сомонӣ аз ҳисоби муштариёни маишӣ ва боқимонда аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва сохтори тиҷоратии ноҳияҳои минтақаи Рашт мебошад.

Гуруҳҳои корӣ бо милисаҳо 9 миллион сомонӣ қарзи барқро ҷамъ кардаанд

Ҳамин тавр, бо ташаббуси гурӯҳҳои тарғиботӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа 858 ҳазору 483 сомонӣ  қарзи истифодаи қувваи барқ баргардонида шуд.

Ҳамчунин дар ин  муддат бо гузаронидани санҷишҳои муштарак 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ  ошкор карда шуда, ҷавобгарон барои зарари расонида  ба маблағи 113 ҳазору 841 сомонӣ  ҷарима шуданд. То имрӯз 78 ҳазору 546 сомонии он   рӯёнида шудааст.

131
Барчаспҳо:
ғайриқонунӣ, истифода, барқ, ҷарима