Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо вазири энергетика чӣ масъаларо баррасӣ кард

313
(Таҷдидшуда 09:31 13.12.2020)
Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо вазири энергетикаи ин кишвар ҳамкориҳо дар масоили об ва энергетика гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik.  Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон ва Далер Ҷумъа , вазири энергетика ва захоири оби ҷумҳуӣ дар мулоқоте дар бораи охирин мавзӯоти иқтисодии равобити дуҷониба гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои сафаорати Эрон дар Тоҷикистон, инчунин зимни мулоқот ҳамкориҳо дар ҳавзаи обу энергетика ва иҷроии тасмимоти комитети пайгирии камиссиюни муштараки иқтисодии ду тараф гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Шералӣ Кабир бо сафири Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ чӣ масъаларо баррасӣ кард?

Муҳаммадтақии Собирӣ бо интишори аксе дар ҳисоби Твиттерии худ навишт:“Дар мулоқот бо оқои Далер Ҷумъа вазири муҳтарами энергетика ва захоири оби ҷумҳурии Тоҷикистон охирин мавзӯоти иқтисодии равобити дуҷониба бавижа ҳамкориҳо дар ҳавзаи обу энергетика ва низ иҷроии тасмимоти комитети пайгирии камиссиюни муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон мавриди табодули назар ва гуфтугӯ қарор гирифт”.

313
Барчаспҳо:
гуфтугӯ, об, энергетика, ҳамкорӣ, Эрон, Тоҷикистон
Линия электропередачи

Тоҷикистон дар самти содироти нерӯи барқ ​​ба хориҷ тақрибан 40 миллион доллар зарар дид

303
(Таҷдидшуда 22:31 13.01.2021)
Дар соли 2020, Тоҷикистон нисбат ба соли 2019 барои фурӯши нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя 40% ё тақрибан 40 миллион доллар камтар ба даст овард

ДУШАНБЕ, 13 январ - Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2020 барои содироти нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя 56,4 миллион доллар ба даст овард, иттилоъ медиҳад бахши энержии ҷумҳурӣ.

Аммо, бояд қайд кард, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 40% камтар аст.

Барқ ба Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон соли гузашта интиқол дода шуд.

Дар соли 2020 дар Тоҷикистон беш аз 19,7 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 4,3% камтар аст.

Аз ҷумла, нерӯгоҳҳои барқи обӣ беш аз 18,1 миллиард кВт / соат тавлид карданд. Нерӯгоҳи ҳароратӣ бошад, беш аз 1,6 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​тавлид кардааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 5 январи соли равон дар Тоҷикистон маҳдудияти истеъмоли нерӯи барқ ​​ҷорӣ карда шуд, ки асосан ба истеъмолкунандагони нерӯи барқ ​​дар деҳот таъсир расонд.

Ширкати "Барқи Тоҷик" ин чораро маҷбурӣ номида, онро бо кам шудани муваққатии ҳаҷми об дар обанбори НБО "Норак" рабт медиҳад.

Истеҳсоли барқ дар неругоҳи "Қайроққум"-ро то 38% зиёд мекунанд: барқрасонӣ хубтар мешавад

Дар ҳамин ҳол, коршиноси энержии тоҷик Шодӣ Шабдолов қайд кард, ки ҳатто ба итмом расонидани сохтмони "Роғун" кафолати ҳалли масъалаҳои марбут ба норасоии нерӯи барқро надорад.

303
Барчаспҳо:
маблағ, фурӯш, барқ, Тоҷикистон
Солнечные батареи, архивное фото

Дар Хуҷанд нахустин гимназия дорои нерӯгоҳи офтобӣ шуд

117
(Таҷдидшуда 17:54 13.01.2021)
Лоиҳаи "Насби системаи неруи офтобӣ" нахустин бор дар Тоҷикистон дар ин гимназия роҳандозӣ гардида, имконият медиҳад на танҳо синфхонаҳову утоқҳоро бо барқи доимӣ таъмин намояд, балки дар фаъолияти худ неруи сабзро истифода бурда, дар пешбурди соҳа саҳм гузорад

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Ду сол инҷониб дар мактаби таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Гимназияи ба номи Гёте"-и шаҳри Хуҷанд дар самти оқилонаву самаранок истифода бурдани неруи барқ ва инчунин истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия лоиҳае таҳти унвони "Истифодаи неруи алтернативӣ" ё худ "Насби системаи офтобӣ" амалӣ гардида истодааст.

Дар ин замина дар доираи роҳандозии лоиҳаи зерин моҳҳои ноябр-декабри соли 2020 аз ҷониби мутахассисони ҶДММ "Технологияҳои Сабз" (Green Technologies) дар шифти бинои гимназия таҷҳизоти офтобӣ насб гардида, давоми се рӯзи ҳафтаи равон аз тарафи мутахассисони ин ширкат барои як гурӯҳ омӯзгорону шахсони мутасаддӣ ва инчунин хонандагони синфҳои 9-10-и гимназия омӯзиши техникӣ оид ба мавзӯи "Манбаҳои алтернативии неруи сабз" гузаронида шуд.

Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад. 

Дар доираи баргузории омӯзиши техникӣ иштирокчиён бо барномаи ширкат, технологияҳову таҷҳизоти насбшуда, тарзи бадастоварӣ, истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия бо бартариҳову дурнамои неруи офтобӣ шинос гардиданд.

Ҳамзамон омӯзиши таҷрибавӣ оид ба насби панелҳои офтобӣ ва пайвасти қисмҳои асосии шабакаи барқии офтобӣ ва бакордарории он гузаронида шуда, дар анҷоми омӯзишҳо ба ҳозирин сертификат ва либосҳои нави корӣ супорида шуданд.

Бунёди бузургтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар Мурғоб

Лоиҳаи "Насби системаи неруи офтобӣ" аввалин маротиба дар миқёси ҷумҳурӣ дар ин гимназия роҳандозӣ гардида, ба ин муассисаи таълимӣ имконият медиҳад на танҳо синфхонаҳову утоқҳоро, ки бо компютеру лавҳаҳои электронӣ ва системаҳои бехатарӣ муҷаҳҳаз гаштаанд, аз хомӯшии ногаҳонии барқ ҳифз ва бо барқи доимӣ таъмин намояд, балки дар фаъолияти худ неруи сабзро васеъ истифода бурда, дар сарфаи барқ, пешбурди соҳаи неруи сабз ва равнақ додани иқтисодиёти мамлакат саҳм гузорад.

117
Барчаспҳо:
нахустин, нерӯгоҳи офтобӣ, Хуҷанд
Рустами Шоҳмурод, вакили парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қонуни нави хизмати ҳарбӣ: маблағу тартибро Ҳукумат муайян мекунад

729
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.

“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.

“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

729
Барчаспҳо:
қонун, хизмати ҳарбӣ, Тоҷикистон