Нигаронии Расулзода аз истифода зиёди барқ дар Бохтар: ҳамчун ватандор бояд муносибат кард

© Sputnik / Сергей СубботинКохир Расулзода, архивное фото
Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон оид ба зиёд истифода бурдани нерӯи барқ дар шаҳри Бохтар изҳори нигаронӣ намудааст

ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik.  Сарвазири кишвар зимни як ҷаласа бо мақомдорони Хатлон вобаста ба ташкили гуруҳҳои корӣ барои фаҳмондадиҳӣ ба сарфаи барқ гуфтааст, моҳияти масъаларо воқеъбинона ба мардум фаҳмонд, ки ин бештар аз обу ҳаво вобастагӣ дорад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон аз таъмини барқ гуфту ба сокинон ҳушдор дод: "лимит" ҷорӣ мешавад, агар...

Ӯ гуфтааст, тамоми чораҳоро бояд андешем, ки дар мо маҳдудияти барқ ҷорӣ нашавад.

“Аз ин рӯ аҳолии мамлакат барқро бояд сарфакорона истифода бурда, ба талафот ва дуздии барқ роҳ надиҳанд, ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд”,-гуфтааст, сарвазир.

Ба таъкиди Расулзода, аз 70 миллион киловат соат нерӯи барқе, ки дар як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ сарф мешавад мо бояд 10-20 фисади онро сарфа намоем, зеро зимистон сарду тулонӣ буда, паст фаромадани сатҳи об ҷой дорад. Ҳамчун ватандор бояд муносибат кард, зеро воқеъбинона вазъро дарк кардан ба манфиати кор аст.

Сарвазири мамлакат оиди зиёд истифода бурдани нерӯи барқ дар шаҳри Бохтар изҳори нигаронӣ намудааст.

 “Мо имрӯз дигар давлатҳоро бо барқ таъмин накарда истодаем, зеро дар мадди аввал бояд халқи Тоҷикистон бо барқ таъмин бошад. Аз ин нигоҳ роҳбарони масъул, гурӯҳҳои корӣ, ҷавонон, занон бояд миёни мардум дуруст кор баранд”,- гуфтааст, Расулзода.

Ба гуфтаи сарвазири дар ноҳияи Кӯшониён пардохти ҳаққи барқи истифодашуда аз аҳолӣ 112 фоизро ташкил диҳад, вале дар шаҳри Левакант ин рақам ба 66 фоиз баробар аст, ки нокифоя мебошад.

Ӯ ҳамзамон гуфтааст, корҳо дар самти ба кор даровардани корхонаи Азоти шаҳри Левакант тавассути газ идома дорад.

Дар Тоҷикистон барои фаҳмондадиҳӣ ва ошкори ҳолатҳои "барқдуздӣ" ситоди махсус ташкил шуд

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон низ аз мардум дархост карда буд, ки нерӯи барқро оқилона истифода кунанд ва ҳушдор дода, дар сурати ғайр маҳдудиятҳо боз хоҳанд гашт.

Лентаи хабарҳо
0