Линия электропередачи

Зимистони торик: баъзе аз минтақаҳои Осиёи Марказӣ бебарқ монданд

593
(Таҷдидшуда 16:09 11.01.2021)
Шоми гузашта баъзе минтақаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бебарқ монданд. Сабаби қатъ гардидани барқро садама дар низоми ягонаи энергетикӣ эълон карданд

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Шоми 5 январ дар Осиёи Марказӣ дар низоми ягонаи энергетикӣ садамаи ҷиддӣ рух дод, ки ба сабаби он баъзе аз минтақаҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бебарқ ​​монданд.

Дар Қазоқистон шаҳри Алмаато ва вилояти Алмаато бебарқ ​​монданд, иттилоъ додааст Sputnik Қазоқистон.

Гуфта шудааст, ки дар се хати баландшидддати интиқоли барқи 500 кВ садама рух додааст. Гурӯҳи махсуси таъмирӣ фавран ба ҷои ҳодиса равон шуданд ва ба корҳои таъмирӣ шурӯъ кардан.

Дар натиҷа интиқоли қувваи барқ ​​то соати 19:40 ба вақти маҳаллӣ барқарор карда шуд.

Як қисми Бишкек низ бебарқ ​​монд, хабар додааст Sputnik Қирғизистон. Сабаби аслӣ ин эҳтимоли садама дар низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ эълон карда шуд.

“Ба сабаби садама дар низоми энергетикии Ӯзбекистон, низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ аз низоми энергетикии Қазоқистон канда шуд. Бо назардошти ин, низоми автоматии барқароршавии барқ аъол шуд, аммо новобаста аз ин баъзе муштариён бидуни барқ ​​монданд", - хабар додааст “Северэлектро”.

Намояндагони ширкат ваъда доданд, ки дар замони кӯтоҳ интиқоли барқро  барқарор хоҳанд кард.

Дар Тошканд маҳдудияти кӯтоҳмуҳлати барқ ​​мушоҳида шуд ва баъзе минтақаҳои вилояти Самарқанд низ бебарқ ​​монданд, иттилоъ медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика, режими кори МБГ-и Тахиатош, Тошканд ва Турақурғон пурра барқарор карда шудааст. Корҳои барқарорсозӣ дар МГБ-и Талимарҷон идома доранд.

Дар бораи вазъи бебарқӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон то ҳол маълумоте нест.

593
Барчаспҳо:
энергетика, низом, бебарқӣ, Осиёи Марказӣ
Линия электропередачи

Тоҷикистон дар самти содироти нерӯи барқ ​​ба хориҷ тақрибан 40 миллион доллар зарар дид

303
(Таҷдидшуда 22:31 13.01.2021)
Дар соли 2020, Тоҷикистон нисбат ба соли 2019 барои фурӯши нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя 40% ё тақрибан 40 миллион доллар камтар ба даст овард

ДУШАНБЕ, 13 январ - Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2020 барои содироти нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя 56,4 миллион доллар ба даст овард, иттилоъ медиҳад бахши энержии ҷумҳурӣ.

Аммо, бояд қайд кард, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 40% камтар аст.

Барқ ба Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон соли гузашта интиқол дода шуд.

Дар соли 2020 дар Тоҷикистон беш аз 19,7 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 4,3% камтар аст.

Аз ҷумла, нерӯгоҳҳои барқи обӣ беш аз 18,1 миллиард кВт / соат тавлид карданд. Нерӯгоҳи ҳароратӣ бошад, беш аз 1,6 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​тавлид кардааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 5 январи соли равон дар Тоҷикистон маҳдудияти истеъмоли нерӯи барқ ​​ҷорӣ карда шуд, ки асосан ба истеъмолкунандагони нерӯи барқ ​​дар деҳот таъсир расонд.

Ширкати "Барқи Тоҷик" ин чораро маҷбурӣ номида, онро бо кам шудани муваққатии ҳаҷми об дар обанбори НБО "Норак" рабт медиҳад.

Истеҳсоли барқ дар неругоҳи "Қайроққум"-ро то 38% зиёд мекунанд: барқрасонӣ хубтар мешавад

Дар ҳамин ҳол, коршиноси энержии тоҷик Шодӣ Шабдолов қайд кард, ки ҳатто ба итмом расонидани сохтмони "Роғун" кафолати ҳалли масъалаҳои марбут ба норасоии нерӯи барқро надорад.

303
Барчаспҳо:
маблағ, фурӯш, барқ, Тоҷикистон
Солнечные батареи, архивное фото

Дар Хуҷанд нахустин гимназия дорои нерӯгоҳи офтобӣ шуд

117
(Таҷдидшуда 17:54 13.01.2021)
Лоиҳаи "Насби системаи неруи офтобӣ" нахустин бор дар Тоҷикистон дар ин гимназия роҳандозӣ гардида, имконият медиҳад на танҳо синфхонаҳову утоқҳоро бо барқи доимӣ таъмин намояд, балки дар фаъолияти худ неруи сабзро истифода бурда, дар пешбурди соҳа саҳм гузорад

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Ду сол инҷониб дар мактаби таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Гимназияи ба номи Гёте"-и шаҳри Хуҷанд дар самти оқилонаву самаранок истифода бурдани неруи барқ ва инчунин истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия лоиҳае таҳти унвони "Истифодаи неруи алтернативӣ" ё худ "Насби системаи офтобӣ" амалӣ гардида истодааст.

Дар ин замина дар доираи роҳандозии лоиҳаи зерин моҳҳои ноябр-декабри соли 2020 аз ҷониби мутахассисони ҶДММ "Технологияҳои Сабз" (Green Technologies) дар шифти бинои гимназия таҷҳизоти офтобӣ насб гардида, давоми се рӯзи ҳафтаи равон аз тарафи мутахассисони ин ширкат барои як гурӯҳ омӯзгорону шахсони мутасаддӣ ва инчунин хонандагони синфҳои 9-10-и гимназия омӯзиши техникӣ оид ба мавзӯи "Манбаҳои алтернативии неруи сабз" гузаронида шуд.

Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад. 

Дар доираи баргузории омӯзиши техникӣ иштирокчиён бо барномаи ширкат, технологияҳову таҷҳизоти насбшуда, тарзи бадастоварӣ, истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия бо бартариҳову дурнамои неруи офтобӣ шинос гардиданд.

Ҳамзамон омӯзиши таҷрибавӣ оид ба насби панелҳои офтобӣ ва пайвасти қисмҳои асосии шабакаи барқии офтобӣ ва бакордарории он гузаронида шуда, дар анҷоми омӯзишҳо ба ҳозирин сертификат ва либосҳои нави корӣ супорида шуданд.

Бунёди бузургтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар Мурғоб

Лоиҳаи "Насби системаи неруи офтобӣ" аввалин маротиба дар миқёси ҷумҳурӣ дар ин гимназия роҳандозӣ гардида, ба ин муассисаи таълимӣ имконият медиҳад на танҳо синфхонаҳову утоқҳоро, ки бо компютеру лавҳаҳои электронӣ ва системаҳои бехатарӣ муҷаҳҳаз гаштаанд, аз хомӯшии ногаҳонии барқ ҳифз ва бо барқи доимӣ таъмин намояд, балки дар фаъолияти худ неруи сабзро васеъ истифода бурда, дар сарфаи барқ, пешбурди соҳаи неруи сабз ва равнақ додани иқтисодиёти мамлакат саҳм гузорад.

117
Барчаспҳо:
нахустин, нерӯгоҳи офтобӣ, Хуҷанд

Сипоси Захарова барои ташкили Маркази фарҳангии Русия: Талко биноро бепул дод

0
(Таҷдидшуда 15:30 18.01.2021)
Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия, зимни нишасти ҳаррӯзаи матбуотияш аз Маркази фарҳангии Русия дар Тоҷикистон суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Захарова таъкид кард, ки лоиҳа бо ташаббуси ҷамъияти Русия дар Тоҷикистон бо дастгирии сафорат ва мақомоти маҳаллӣ татбиқ шуд. Ахиран нахустин маркази фарҳангӣ-маърифатии Русия дар шаҳри Турсунзода бо номи "Созидание" ифтитоҳ шуда буд.

Ӯ аз ҷумла ба корхонаи “Талко” сипос гуфтааст, ки барои Маркази фарҳангӣ ройгон биноро додааст.

Мария Захарова ба ҳамаи дастандаркорони ин иқдом, аз ҷумла ҷамъияти Русия, сафорат, мақомоти маҳаллӣ, епархияи тоҷикистонии калисои православии Русия, намояндагии "Россотрудничество", Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва дигарон изҳори миннатдорӣ намуд.

Ӯ афзуд, дар маркази мазкур омӯзиши забони русӣ барои довталабон, ки мехоҳанд ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд, роҳандозӣ мегардад. Дар ояндаи наздик кушодани маркази таълимию методии забон ва адабиёти рус, студияҳои мусиқӣ ва рассомӣ, маҳфили математикӣ ба нақша гирифта шудааст.

0
Барчаспҳо:
фарҳанг, марказ, Русия, Тоҷикистон