Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото

Мардуми ноҳияи Файзобод қарзҳои истифодаи неруи барқро пурра пардохт карданд?

129
(Таҷдидшуда 19:43 12.01.2021)
Дар натиҷаи сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ дар ноҳияи Файзобод аз 15 декабри соли 2020 то 2 январи имсол 587 ҳазору 900 киловатт-соат неруи барқ сарфа шудааст

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Файзиддин Қаландаров, сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Файзобод ба АМИТ  “Ховар”  иттилоъ додааст, ки дар ин муддат  тавассути гузаронидани санҷишҳои муштарак нисбат ба 23 нафар сокинони ноҳия барои ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ба маблағи 14 ҳазору 996 сомонӣ ҷарима намуданд.

Ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳии гурӯҳҳои корӣ қарзҳои истифодаи неруи барқ ба маблағи 497 ҳазору 11 сомонӣ аз ҳисоби корхонаву ташкилот  ва сокинони ноҳия  баргардонида шуданд.

Зимистони торик: баъзе аз минтақаҳои Осиёи Марказӣ бебарқ монданд

Дар ҳамин ҳол, гуфта шудааст, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод аз иттилоъ додан дар бораи муҳайё намудани нуқтаҳои фурӯши ангишту ҳезум ва маводи сӯзишворӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ дар асоси амри раиси ноҳия  ва ба роҳ мондани фаъолияти ҳаммомҳо, нонпазхонаҳою ошхонаҳо бо ҳезуму ангишт худдорӣ намуданд.

129
Барчаспҳо:
Файзобод, қарз, барқ, Тоҷикистон
Линия электропередачи

Тоҷикистон дар самти содироти нерӯи барқ ​​ба хориҷ тақрибан 40 миллион доллар зарар дид

302
(Таҷдидшуда 22:31 13.01.2021)
Дар соли 2020, Тоҷикистон нисбат ба соли 2019 барои фурӯши нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя 40% ё тақрибан 40 миллион доллар камтар ба даст овард

ДУШАНБЕ, 13 январ - Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2020 барои содироти нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя 56,4 миллион доллар ба даст овард, иттилоъ медиҳад бахши энержии ҷумҳурӣ.

Аммо, бояд қайд кард, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 40% камтар аст.

Барқ ба Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон соли гузашта интиқол дода шуд.

Дар соли 2020 дар Тоҷикистон беш аз 19,7 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 4,3% камтар аст.

Аз ҷумла, нерӯгоҳҳои барқи обӣ беш аз 18,1 миллиард кВт / соат тавлид карданд. Нерӯгоҳи ҳароратӣ бошад, беш аз 1,6 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​тавлид кардааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 5 январи соли равон дар Тоҷикистон маҳдудияти истеъмоли нерӯи барқ ​​ҷорӣ карда шуд, ки асосан ба истеъмолкунандагони нерӯи барқ ​​дар деҳот таъсир расонд.

Ширкати "Барқи Тоҷик" ин чораро маҷбурӣ номида, онро бо кам шудани муваққатии ҳаҷми об дар обанбори НБО "Норак" рабт медиҳад.

Истеҳсоли барқ дар неругоҳи "Қайроққум"-ро то 38% зиёд мекунанд: барқрасонӣ хубтар мешавад

Дар ҳамин ҳол, коршиноси энержии тоҷик Шодӣ Шабдолов қайд кард, ки ҳатто ба итмом расонидани сохтмони "Роғун" кафолати ҳалли масъалаҳои марбут ба норасоии нерӯи барқро надорад.

302
Барчаспҳо:
маблағ, фурӯш, барқ, Тоҷикистон
Солнечные батареи, архивное фото

Дар Хуҷанд нахустин гимназия дорои нерӯгоҳи офтобӣ шуд

116
(Таҷдидшуда 17:54 13.01.2021)
Лоиҳаи "Насби системаи неруи офтобӣ" нахустин бор дар Тоҷикистон дар ин гимназия роҳандозӣ гардида, имконият медиҳад на танҳо синфхонаҳову утоқҳоро бо барқи доимӣ таъмин намояд, балки дар фаъолияти худ неруи сабзро истифода бурда, дар пешбурди соҳа саҳм гузорад

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Ду сол инҷониб дар мактаби таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Гимназияи ба номи Гёте"-и шаҳри Хуҷанд дар самти оқилонаву самаранок истифода бурдани неруи барқ ва инчунин истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия лоиҳае таҳти унвони "Истифодаи неруи алтернативӣ" ё худ "Насби системаи офтобӣ" амалӣ гардида истодааст.

Дар ин замина дар доираи роҳандозии лоиҳаи зерин моҳҳои ноябр-декабри соли 2020 аз ҷониби мутахассисони ҶДММ "Технологияҳои Сабз" (Green Technologies) дар шифти бинои гимназия таҷҳизоти офтобӣ насб гардида, давоми се рӯзи ҳафтаи равон аз тарафи мутахассисони ин ширкат барои як гурӯҳ омӯзгорону шахсони мутасаддӣ ва инчунин хонандагони синфҳои 9-10-и гимназия омӯзиши техникӣ оид ба мавзӯи "Манбаҳои алтернативии неруи сабз" гузаронида шуд.

Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад. 

Дар доираи баргузории омӯзиши техникӣ иштирокчиён бо барномаи ширкат, технологияҳову таҷҳизоти насбшуда, тарзи бадастоварӣ, истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия бо бартариҳову дурнамои неруи офтобӣ шинос гардиданд.

Ҳамзамон омӯзиши таҷрибавӣ оид ба насби панелҳои офтобӣ ва пайвасти қисмҳои асосии шабакаи барқии офтобӣ ва бакордарории он гузаронида шуда, дар анҷоми омӯзишҳо ба ҳозирин сертификат ва либосҳои нави корӣ супорида шуданд.

Бунёди бузургтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар Мурғоб

Лоиҳаи "Насби системаи неруи офтобӣ" аввалин маротиба дар миқёси ҷумҳурӣ дар ин гимназия роҳандозӣ гардида, ба ин муассисаи таълимӣ имконият медиҳад на танҳо синфхонаҳову утоқҳоро, ки бо компютеру лавҳаҳои электронӣ ва системаҳои бехатарӣ муҷаҳҳаз гаштаанд, аз хомӯшии ногаҳонии барқ ҳифз ва бо барқи доимӣ таъмин намояд, балки дар фаъолияти худ неруи сабзро васеъ истифода бурда, дар сарфаи барқ, пешбурди соҳаи неруи сабз ва равнақ додани иқтисодиёти мамлакат саҳм гузорад.

116
Барчаспҳо:
нахустин, нерӯгоҳи офтобӣ, Хуҷанд

Навори зебоии шафақи қутбӣ аз Кайҳон

0
(Таҷдидшуда 18:41 16.01.2021)
Кайҳоннаварди рус Сергей Куд-Сверчков нишон дод, ки шафақи қутбӣ (Северное сияние) аз Кайҳон чӣ гунааст

Кайҳоннавард ин падидаи табии зеборо дар телефони ҳамрощи худ аз истгоҳи кайҳонии байналмилалӣ дар режими таймлапс ба навор гирифта, дар саҳифаи Instagram-аш ба нашр расонидааст.

"Мо парвозро аз болои Уқёнуси Ором оғоз карда, аз болои шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида ва Канада парвоз мекунем ва сипас саҳаргоҳро болои Атлантика пешвоз мегирем", - навиштааст кайҳоннавард дар Instagram.

Беҳтарин аксҳо ва паёмҳо аз кайҳон дар моҳи май - гузориши аксӣ

Инчунин Куд-Сверчков гуфт, ки ба шарофати равшании нури Моҳ ҳатто шабона аз истгоҳ уқёнус, абрҳо ва шаҳрҳои шабона дидан имкон аст.

Кайҳоннавард фаҳмонд, ки ин падидаи зебо аз замин чандон намеён нест аз кайон шафақи қутбӣ бисёр зебо ба назар меёбад.

0
Барчаспҳо:
рус, кайҳоннавардӣ, кайҳон