Ғайратшо ба Заатҳофф: зарфиятҳои гидроэнергетикии Тоҷикистонро ба эътибор гиред

© Вазорати умури хориҷӣМулоқоти Сафир дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон
Мулоқоти Сафир дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибназар Ғайратшо, сафири Тоҷикистон дар Олмон бо ҳамоҳангсози ҳамкориҳои ҷамъиятӣ бо Русия, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Шарокати Шарқии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон, вакили Бундестаг Йоҳанн Заатҳофф соҳаи энергетикаро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо ҳамоҳангсози ҳамкориҳои ҷамъиятӣ бо Русия, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Шарокати Шарқии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон, вакили Бундестаг Йоҳанн Заатҳофф мулоқот кард, хабар медиҳад, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Шабдолов роҳи ҳалли камбуди барқ дар Тоҷикистонро нишон дод: ин "Роғун" нест

Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ пиромуни масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, амнияти минтақавӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

"Сафир аз дипломати олмонӣ даъват кардааст, ки ҳангоми таҳияи стратегияи миллии сиёсати хориҷӣ дар соҳаи манобеҳи ҷойгузини энергияи таҷдидпазир ва истеҳсолоти созгор бо муҳити зист зарфиятҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба эътибор гирифта шавад", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки пештар Президенти Тоҷикистон зимни як мусоҳибаи маҷозӣ бо рузномаи "Аш-Шарқ", гуфтааст, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, ки яке аз манобеҳи асосии тавлиди энергияи "сабз" мебошад, метавонад аз муҳиматарин самтҳои ояндадори ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар бошад.

Раисиҷумҳури кишвар бунёди "Роғун" - ро муҳимтарин омили тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва дорои аҳамияти минтақавӣ хонда, гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон алоқаманд аст, ки ба татбиқи ин тарҳ сармояи кишварҳои дӯст ва бародарро ҷалб намояд.

Лентаи хабарҳо
0