ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2020 ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 1,5 миллиард кВт саоат барқ содирот кардааст, иттилоъ додааст Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, содироти барқ аз ҷумҳурӣ ба кишварҳои ҳамсоя дар соли гузашта 1 миллиарду 528,4 миллион кВт соат, бо маблағи умумии 54,6 долларро ташкил додааст.
Ҳамин тавр дар як сол Тоҷикистон беш аз 19 миллиарду 770,5 миллион кВт соат барқ истеҳсол намудааст, ки дар қиёс ба соли 2019 ба 905,7 миллион кВт каммтар будааст.
Маблағи умумии содироти барқ дар соли гузашта нисбат ба соли 2019 беш аз 39,4 дарсад коҳиш ёфтааст.
Вазорати энергетика таъкид доштааст, ки барқи аз Тоҷикистон асосан ба Ӯзбекситон, Афғонистон ва Қирғизистон содирот шудааст.
Ёдрас мешавем, ки қаблан Тоҷикистон эълон карда буд, ки ният дорад содироти барқ ба Афғонистонро афзоиш диҳад.
Ба ҳамин хотир, мақомоти Тоҷикистон эълон карда буд, ки тасмим дорад, як хатти барқи баландшиддати 500 киловолта аз нерӯгоҳи Роғун то нерӯгоҳи “Сангтуда” бунёд намояд, то тавонад имкониятҳои содиротии барқ ба Афғонистонро ба маротиб афзоиш диҳад.
Ёдрас мешавем, ки бар асоси мусаввабаи ҳукумати Тоҷикистон маҳдудияти барқ дар манотиқи рустоии ин кишвар аз шаби 5 январи соли ҷорӣ иҷроӣ шуд, ки аз соати 23 шаб то 6 субҳ ва танҳо манотиқи рустоиро шомил мешавад.
Далели иҷроии дубораи маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон коҳиши мизони захоири об дар сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Норак унвон мешавад, ки дар муқоиса бо зимистони соли 2020 бо коҳиши 4 метрӣ рӯ ба рӯ шудааст.
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Шоимзода гуфт, тибқи асоснокии техникию иқтисодии лоиҳаи CASA – 1000 дар маҷмуъ барои татбиқи он 1 миллиарду 86 миллион доллар зарур мебошад, ки аз ин ба қисмати тоҷикистонӣ 314 миллион доллар рост меояд.
Ӯ афзуд, то кунун аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда, созишномаҳои молиявӣ ба имзо расидаанд.
Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ: аз баррасии масоили иқтисодӣ то фарҳангӣ
Ба иттилои ноиби вазири энержӣ, то ҳол дар қисмати тоҷикистонии CASA – 1000 ҳудуди 111 миллион доллар аз худ карда шудаанд. Ӯ афзуд, корҳои амалан анҷомдода ба андозаи то 180 миллион доллар мерасанд, ки пули қисмате аз он баъди санҷиш пардохт хоҳад шуд.
Дар доираи лоиҳаи CASA – 1000 бунёди иншооти зерин пешбинӣ гардидааст:
Ҷамшед Шоимзода тавзеҳ дод, ки дар татбиқи лоиҳа асосан сементу арматура ва ноқилҳои истеҳсоли Тоҷикистон истифода мешавад, ки аз ҷониби татбиқгарони лоиҳа санҷидаю тасдиқ шудаанд. Ӯ афзуд, дар баробари 314 миллион доллар арзиши лоиҳавии қисмати тоҷикистонӣ инчунин хароҷоти пешбининашаванда мавҷуданд ва арзиши ниҳоии лоиҳа дар анҷоми сохтмон маълум карда мешавад.
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Файзов зимни ҷамъбасти фаъолияти яксолаи ҳукумати ВМКБ аз сокинони вилоят узрхоҳӣ кард.
“Узр мехоҳам аз сокинони ВМКБ, ки зимистони имсол аҳолии деҳотро мо натавонистем бо қувваи барқ таъмин кунем. Ин вазъ ба мо нишон дод, ки мо ҳанӯз дар ин соҳа мушкилоту камчиниҳои зиёд дорем”, - изҳор дошт раиси ВМКБ.
Ӯ афзуд, ҳозир се нақшаи бузург рӯи дастанд, ки татбиқи онҳо барои як муддат имкон медиҳад аҳолӣ бо барқ таъмин бошанд, аммо дар оянда боз камӣ хоҳад кард. Аз ҷумла тайи солҳои 2021 - 2023 сохтмони 19 нерӯгоҳи офтобӣ, пайваст намудани шабакаи “Помир энержӣ” ба шабакаи ягонаи миллӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар назар аст, ки ба гуфтаи Файзов имкон медиҳанд, мардум тайи ду-се сол пурра бо барқ таъмин бошанд.
Файзов таъкид намуд, ки бо рушди саноат ин иқтидорҳо низ боз камӣ хоҳанд кард. Ӯ иттилоъ дод, ки феълан дар талоши пайдо кардани манобеи дигар барои сохтмони нерӯгоҳи “Санобод”, “Чартем” ва ғайра мебошанд.
Узрхоҳии раиси ВМКБ дар ҳолест, ки дар фасли сармои ҷорӣ дар вилоят камбуди барқ ҷой дошт ва дар бархе аз навоҳӣ маҳдудияти таъминоти барқ ҷорӣ гардид.
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Анатолий Сидоров, фармондеҳи Ситоди муштараки СААД имрӯз зимни як конфронси онлайнӣ дар вазорати дифои Тоҷикистон қайд кард, ки ҳоло шумораи ҷангҷӯёни Толибон (гурӯҳи террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) дар Афғонистон наздик 70 ҳазор, тахмин зада мешавад.
Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар Афғонистон 4 ҳазор нафар ҷангҷӯёни ДОИШ ё гуруҳи "Давлати исломӣ" (гурӯҳи террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) ва 2,5 ҳазор нафар ҷангҷӯёни гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбекистонро ҳузур доранд.
Вай хусусан қайд кард, ки террористу эстремистҳо минтақаҳои зиёди қаламрави Афғонистонро зери контроли худ гирифтаанд ва дар ин авохир бештар дар шимол, ҷануб ва ҷануб-шарқи ин кишвар фаъол шудаанд.
Гуфта шудааст, ки шумораи умумии ин гуруҳҳо дар ноҳияҳои марзӣ бо Тоҷикистон ва Турманистон ба 15 ҳазор нафар мерасад.
Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи ситоди муштараки СААД зикр кард, ки заифии мақомоти низомии Афғонистон дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва ҳамзамон хуруҷи саросемавори неруҳои низомии хориҷӣ аз ин кишвар танҳо ба манфиати ин гуруҳҳо ва афзоиши шумораи ҷонибдоронашон мебошад.
Анатолий Сидоров, қайд кард, ки дар ин марҳила хориҷ шудани нерӯҳои хориҷӣ аз қаламрави Афғонистон боиси ташаннуҷи вазъ ва интиқоли фаъолияти террористон ба қаламрави кишварҳои сиёси Марказӣ мегардад .
Ҳамзамон фармондеҳи Ситоди муштараки СААД хабар дод, ки бо манзури вазъи нигаронкунандаи Афғонистон ин созмон дар Тоҷикистон 3 машқи низомӣ баргузор хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз 1400 километр марзи муштарак дорад, ки бештарини он дар минтақаҳои куҳистонии назораташ мушкил тул кашидааст.