Логотип ПАО Газпром

"Газпром" ба Тоҷикистон баргаштанист

373
(Таҷдидшуда 18:31 04.02.2021)
Сарраёсати геологии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ширкатҳои энергетикии байналмилалӣ дар Тоҷикистон гуфт

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. "Газпром" нақша дорад ба Тоҷикистон баргардад, гуфт раиси Комисияи давлатии канданиҳои фоиданоки кишвар Раҳмонбек Бахтдавлатов.

Вай таъкид кард, ки феълан намояндагони Тоҷикистон ва Русия ин масъаларо баррасӣ мекунанд.

"Имконияти баргаштани онҳо ҳаст. Мо якчанд роҳашро дида мебароем, аммо ҳарду ҷониб ҳам дар идома додани ҳамкориҳо омодаанд", - гуфт Бахтдавлатов.

Ҳамчунин ба қавли ӯ, баргаштани ширкати чинии CNPC ва фаронсавии Total баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи вай, ин гуфтушунидҳо заминаи хубе дар афзоиш додани истихроҷи нафту газ мешавад. 

"Рушди соҳаи нафту газ дар ба даст овардани истиқлолияти энегетикии Тоҷикистон муҳим аст", - гуфт дар анҷом Бахтдавлатов.

Коршонос чӣ мегӯяд?

Коршинос Нурулло Ҳусейн баргаштани ширкатҳои бузурги ҷаҳонии нафту газро ба Тоҷикистон фоли нек медонад.

Ба гуфтаи вай, ширкатҳои бузург дар ҷумҳурӣ на танҳо барои захираҳои калон ҷалб мешаванд, балки мавқеи ҷуғрофӣ низ нақши муҳим дорад. 

"Масрафҳое, ки ширкатҳо дар Тоҷикистон доранд, дар қиёс бо даромадҳояшон чизе нест. Фоида хело калон аст. Барои ҳамин касе намехоҳад чунин майдони бузургро аз даст диҳад", - таъкид мекунад вай.

Громов: сабукиҳо дар андозбандӣ метавонад “Газпром”-ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунад

Рафтани ширкатҳои байналмилалиро аз кишвар коршинос бо бӯҳронҳои глобалӣ бозори ҷаҳонии нафту газ иртибот медиҳад.

"Акнун онҳо барои пайгирии мақсадҳои бузургашон бо сарфи андак бармегарданд. Тоҷикистон аз ин рақобат мебураду бой намедиҳад", - таъкид кард коршинос.

373
Барчаспҳо:
нафт, "Газпром", Тоҷикистон
Хати интиқоли барқ, акс аз бойгонӣ

Шоимзода гуфт, бунёди қисмати тоҷикистонии CASA имсол анҷом меёбад: чанд пул сарф шуд?

592
Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мегӯяд, сохтмони қисмати тоҷикистонии CASA – 1000 имсол ба анҷом хоҳад расид

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Шоимзода гуфт, тибқи асоснокии техникию иқтисодии лоиҳаи CASA – 1000 дар маҷмуъ барои татбиқи он 1 миллиарду 86 миллион доллар зарур мебошад, ки аз ин ба қисмати тоҷикистонӣ 314 миллион доллар рост меояд.

Нурекская ГЭС
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Ӯ афзуд, то кунун аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда, созишномаҳои молиявӣ ба имзо расидаанд.

Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ: аз баррасии масоили иқтисодӣ то фарҳангӣ

Ба иттилои ноиби вазири энержӣ, то ҳол дар қисмати тоҷикистонии CASA – 1000 ҳудуди 111 миллион доллар аз худ карда шудаанд. Ӯ афзуд, корҳои амалан анҷомдода ба андозаи то 180 миллион доллар мерасанд, ки пули қисмате аз он баъди санҷиш пардохт хоҳад шуд.

 Дар доираи лоиҳаи CASA – 1000 бунёди иншооти зерин пешбинӣ гардидааст:

  • Сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ – и “Датка – Суғд 500” ба дарозии 477 километр, ки аз ин 28 километр хат ба қаламрави Тоҷикистон рост меояд. Инчунин васеъсозии зеристгоҳи барқии “Суғд – 500” дар назар аст.
  • Сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ “Регар – Сангтӯда” бо дарозии 115 километр ва васеъсозии зеристгоҳи “Регар – 500”.
  • Сохтмони зеристгоҳи конверторӣ дар минтақаи Сангтӯдаи Тоҷикистон бо иқтидори 1300 МВт барои табдили ҷараёни тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ ва сохтмони зеристгоҳ бо  иқтидори 1300 МВт дар минтақаи Новшераи Покистон барои табдили ҷараёни доимӣ ба тағйирёбанда.
  • Сохтмони хати интиқоли Сангтӯда – Новшераи Покистон ба дарозии зиёда аз 750 километр, ки аз он ба ҳудуди Тоҷикистон 117 километр рост меояд.

Ҷамшед Шоимзода тавзеҳ дод, ки дар татбиқи лоиҳа асосан сементу арматура ва ноқилҳои истеҳсоли Тоҷикистон истифода мешавад, ки аз ҷониби татбиқгарони лоиҳа санҷидаю тасдиқ шудаанд. Ӯ афзуд, дар баробари 314 миллион доллар арзиши лоиҳавии қисмати тоҷикистонӣ инчунин хароҷоти пешбининашаванда мавҷуданд ва арзиши ниҳоии лоиҳа дар анҷоми сохтмон маълум карда мешавад.

592
Барчаспҳо:
хат, Тоҷикистон
Председатель ГБАО Ёдгор Файзов

Узрхоҳии раиси ВМКБ аз мардуми вилоят

4395
(Таҷдидшуда 13:53 24.02.2021)
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, мегӯяд, пешравиҳое, ки дар соли 2020 ба даст омадаанд, дар қиёс бо мушкилот ва имкониятҳои вилоят нокифоя мебошанд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Файзов зимни ҷамъбасти фаъолияти яксолаи ҳукумати ВМКБ аз сокинони вилоят узрхоҳӣ кард.

“Узр мехоҳам аз сокинони ВМКБ, ки зимистони имсол аҳолии деҳотро мо натавонистем бо қувваи барқ таъмин кунем. Ин вазъ ба мо нишон дод, ки мо ҳанӯз дар ин соҳа мушкилоту камчиниҳои зиёд дорем”, - изҳор дошт раиси ВМКБ.

Ӯ афзуд, ҳозир се нақшаи бузург рӯи дастанд, ки татбиқи онҳо барои як муддат имкон медиҳад аҳолӣ бо барқ таъмин бошанд, аммо дар оянда боз камӣ хоҳад кард. Аз ҷумла тайи солҳои 2021 - 2023 сохтмони 19 нерӯгоҳи офтобӣ, пайваст намудани шабакаи “Помир энержӣ” ба шабакаи ягонаи миллӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар назар аст, ки ба гуфтаи Файзов имкон медиҳанд, мардум тайи ду-се сол пурра бо барқ таъмин бошанд.

Файзов таъкид намуд, ки бо рушди саноат ин иқтидорҳо низ боз камӣ хоҳанд кард. Ӯ иттилоъ дод, ки феълан дар талоши пайдо кардани манобеи дигар барои сохтмони нерӯгоҳи “Санобод”, “Чартем” ва ғайра мебошанд.

Узрхоҳии раиси ВМКБ дар ҳолест, ки дар фасли сармои ҷорӣ дар вилоят камбуди барқ ҷой дошт ва дар бархе аз навоҳӣ маҳдудияти таъминоти барқ ҷорӣ гардид.

4395
Барчаспҳо:
нерӯ, барқ, Тоҷикистон
Ливень и град в Душанбе 13 ноября 2015 года

Барфу борон ва меғу жола: ҳавои Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ чӣ гуна мешавад

0
(Таҷдидшуда 19:54 05.03.2021)
Охири ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда хоҳад шуд. Борону жола ва барф иваз мешавад, аммо дар рӯзи Модарон манзара тағйир хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат ҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст ва рӯзҳои 6 ва 7 март дар саросари кишвар борон ва жола меборад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияҳои атрофи он борон меборад. Вазиши бод амол метавонад дар як сония то 10-15 метр расад.

Ҳарорати ҳаво шабона 6-8 ° C ва рӯзона аз + 14 ° C гарм мешавад.

Ҳамзамон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ жола борида ва шамоли сахт аз имкон дур нест. Бориш метавонад дар шакли барф бошад ва ҳарорат дар кӯҳҳо шабона -2 ... + 3 ° C ва рӯзона 6-11 ° C шавад.

Дар Душанбе дар рӯзи Модарон ҳаво абрӣ хоҳад буд, аммо аксаран офтобӣ ва аз ҳама муҳимаш, бориш намешавад. Ҳарорати рӯзона тақрибан 17 ° C гарм мешавад. Ва дар ноҳияҳои тобеи марказ дар баъзе ҷойҳо меғ мефарояд, вале бидуни боришот.

Дар вилояти Суғд, дар Хуҷанд, 7 март борон меборад, дар кӯҳҳо барф меборад, аммо 8 март ҳаво камабри бебориш мешавад.

Дар баъзе ҷойҳо дар шимоли кишвар туман мефарояд, ҳаврорати ҳаво рӯзона 13-15 ° C ва шабона + 3-8 ° C хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 ° C сард ва рӯзона то 4 ° C гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои истироҳат баъзан боришот мешавад - борон ва барф меборад. Ҳарорат шабона то -2 ° C, рӯзона тақрибан 6 ° C гарм пешбинӣ шудааст.

Рӯзи душанбе - 8 март дар Хоруғ бориш дар назар нест, рӯзона 4-6 гарм мешавад. Дар Мурғоб шабона то 18-21 ° С сард пешгӯӣ мешавад.

Дар ҷануби ҷумҳурӣ, дар саросари вилояти Хатлон, борони шадид меборад, аммо то + 11-13 ° С гарм ва дар рӯзҳои истироҳат ҳарорат боз 10 дараҷа боло хоҳад рафт.

0
Барчаспҳо:
бориши барфу борон, ҳушдори ҳавошиносон, боду ҳаво, Тоҷикистон