Заправка автомобиля на АЗС

Ба Тоҷикистон дар соли гузашта 234 ҳазор тонна бензин ворид шуд

271
(Таҷдидшуда 11:03 08.02.2021)
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар соли 2020 ба кишвар ҳудуди 234 ҳазор тонна бензин ворид шудааст

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Бино бар омори расмӣ воридоти бензин нисбат ба соли 2019, ҳудуди 37 дарсад афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст Радиои Хуросон.

Тибқи иттилои омори расмӣ, ҳар тонна бензин 416 доллар барои воридкунандагон ҳазина дорад.

Ҳамчунин соли гузашта ҳудуди 298 ҳазор тонна сӯхти дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шуд, ки ҳудуди 20 дарсад бештар аз соли 2019 аст.

Тоҷикистон соли 2020, ба истиснои гази моеъ, ҳудуди 584 ҳазор тонна фаровардаи нефтӣ ворид кард.

Дурнамои хушоянд: нархи нафт дар соли 2021 чанд хоҳад буд

Соли гузашта Тоҷикистон 258 тонна бензин, ҳудуди 6 ҳазор тонна сӯхти дизел ва беш аз 7 ҳазор тонна мазут тавлид кардааст.

Русия соли оянд наздики 1 миллион тонна нафт бидун боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон медиҳад

Бояд қад кард, ки Тоҷикистон аксари маҳсулоти нефтии мавриди ниёзи худро аз Русия ворид мекунад.

271
Барчаспҳо:
воридот, нафт, бензин, Тоҷикистон
Хати интиқоли барқ, акс аз бойгонӣ

Шоимзода гуфт, бунёди қисмати тоҷикистонии CASA имсол анҷом меёбад: чанд пул сарф шуд?

587
Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мегӯяд, сохтмони қисмати тоҷикистонии CASA – 1000 имсол ба анҷом хоҳад расид

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Шоимзода гуфт, тибқи асоснокии техникию иқтисодии лоиҳаи CASA – 1000 дар маҷмуъ барои татбиқи он 1 миллиарду 86 миллион доллар зарур мебошад, ки аз ин ба қисмати тоҷикистонӣ 314 миллион доллар рост меояд.

Нурекская ГЭС
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Ӯ афзуд, то кунун аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда, созишномаҳои молиявӣ ба имзо расидаанд.

Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ: аз баррасии масоили иқтисодӣ то фарҳангӣ

Ба иттилои ноиби вазири энержӣ, то ҳол дар қисмати тоҷикистонии CASA – 1000 ҳудуди 111 миллион доллар аз худ карда шудаанд. Ӯ афзуд, корҳои амалан анҷомдода ба андозаи то 180 миллион доллар мерасанд, ки пули қисмате аз он баъди санҷиш пардохт хоҳад шуд.

 Дар доираи лоиҳаи CASA – 1000 бунёди иншооти зерин пешбинӣ гардидааст:

  • Сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ – и “Датка – Суғд 500” ба дарозии 477 километр, ки аз ин 28 километр хат ба қаламрави Тоҷикистон рост меояд. Инчунин васеъсозии зеристгоҳи барқии “Суғд – 500” дар назар аст.
  • Сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ “Регар – Сангтӯда” бо дарозии 115 километр ва васеъсозии зеристгоҳи “Регар – 500”.
  • Сохтмони зеристгоҳи конверторӣ дар минтақаи Сангтӯдаи Тоҷикистон бо иқтидори 1300 МВт барои табдили ҷараёни тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ ва сохтмони зеристгоҳ бо  иқтидори 1300 МВт дар минтақаи Новшераи Покистон барои табдили ҷараёни доимӣ ба тағйирёбанда.
  • Сохтмони хати интиқоли Сангтӯда – Новшераи Покистон ба дарозии зиёда аз 750 километр, ки аз он ба ҳудуди Тоҷикистон 117 километр рост меояд.

Ҷамшед Шоимзода тавзеҳ дод, ки дар татбиқи лоиҳа асосан сементу арматура ва ноқилҳои истеҳсоли Тоҷикистон истифода мешавад, ки аз ҷониби татбиқгарони лоиҳа санҷидаю тасдиқ шудаанд. Ӯ афзуд, дар баробари 314 миллион доллар арзиши лоиҳавии қисмати тоҷикистонӣ инчунин хароҷоти пешбининашаванда мавҷуданд ва арзиши ниҳоии лоиҳа дар анҷоми сохтмон маълум карда мешавад.

587
Барчаспҳо:
хат, Тоҷикистон
Председатель ГБАО Ёдгор Файзов

Узрхоҳии раиси ВМКБ аз мардуми вилоят

4389
(Таҷдидшуда 13:53 24.02.2021)
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, мегӯяд, пешравиҳое, ки дар соли 2020 ба даст омадаанд, дар қиёс бо мушкилот ва имкониятҳои вилоят нокифоя мебошанд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Файзов зимни ҷамъбасти фаъолияти яксолаи ҳукумати ВМКБ аз сокинони вилоят узрхоҳӣ кард.

“Узр мехоҳам аз сокинони ВМКБ, ки зимистони имсол аҳолии деҳотро мо натавонистем бо қувваи барқ таъмин кунем. Ин вазъ ба мо нишон дод, ки мо ҳанӯз дар ин соҳа мушкилоту камчиниҳои зиёд дорем”, - изҳор дошт раиси ВМКБ.

Ӯ афзуд, ҳозир се нақшаи бузург рӯи дастанд, ки татбиқи онҳо барои як муддат имкон медиҳад аҳолӣ бо барқ таъмин бошанд, аммо дар оянда боз камӣ хоҳад кард. Аз ҷумла тайи солҳои 2021 - 2023 сохтмони 19 нерӯгоҳи офтобӣ, пайваст намудани шабакаи “Помир энержӣ” ба шабакаи ягонаи миллӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар назар аст, ки ба гуфтаи Файзов имкон медиҳанд, мардум тайи ду-се сол пурра бо барқ таъмин бошанд.

Файзов таъкид намуд, ки бо рушди саноат ин иқтидорҳо низ боз камӣ хоҳанд кард. Ӯ иттилоъ дод, ки феълан дар талоши пайдо кардани манобеи дигар барои сохтмони нерӯгоҳи “Санобод”, “Чартем” ва ғайра мебошанд.

Узрхоҳии раиси ВМКБ дар ҳолест, ки дар фасли сармои ҷорӣ дар вилоят камбуди барқ ҷой дошт ва дар бархе аз навоҳӣ маҳдудияти таъминоти барқ ҷорӣ гардид.

4389
Барчаспҳо:
нерӯ, барқ, Тоҷикистон
Акция по выдаче питания лицам без определенного места жительства

Нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт

0
(Таҷдидшуда 20:31 02.03.2021)
Коршиносони байналмилалӣ ахиран эълон доштанд, ки қиммати ҷаҳонии ғизо ба болотарин сатҳ дар 6 соли гузашта расидааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нархи ҷаҳонии ғизо таҳти таъсири афзоиши ҳазинаи маводи ғизоӣ ба болотарин сатҳ дар беш аз 6 соли гузашта расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши шабакаи хабарии "Bloomberg".

Ба гузориши "Bloomberg", ҳамзамон қиммати колоҳои аслӣ афзоиш ёфта ва қимати ҷаҳонии маводи ғизоиро ба болотарин сатҳ дар шаш соли гузашта дар январи 2021 расондааст.

Бо тавваҷуҳ ба таъсири ҳамагирии корона дар раванди рушди иқтисодӣ, нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба афзоиши 30 то 61 дарсадии қимати ғизо дар кишварҳои мухталиф навишт, ки бозорҳои навзуҳӯр, фишори ношӣ аз афзоиши баҳои маводи хомро эҳсос мекунанд, зеро афзоиши қимати колоҳое ҳамчун нафт, мис ва ғаллот болотар аз ҳадди интизор будааст.

0
Барчаспҳо:
боло, қиммат шудан, ғизо, байналмилалӣ, ҷаҳон