ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар нерӯгоҳи Сангтӯда-1 сатҳи истифодаи иқтидори муқарраршуда коҳиш ёфта, 37,4% -ро ташкил дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҶСК Сангтӯда-1.
Кам шудани коэффитсиенти истифодаи иқтидори муқарраршуда нисбат ба соли 2019 ба андозаи 2% коҳиш ёфтани ҳаҷми харидории нерӯи барқ аз харидори монополистии ҶСК "Барқи Тоҷик" вобаста аст.
Ҳамин тариқ, НБО Сангтӯда-1 дар соли 2020 ба бозори энергетикии Тоҷикистон 2,1 миллиард кВт соат нерӯи барқ дод, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2019 110,85 миллион кВт / соат - 4,8% камтар аст.
"Аз соли 2020 бо роҳи ба ҳисоб гирифтани ӯҳдадориҳои андоз, қарзи андози нерӯгоҳи "Сангтӯда -1" аз буҷаи давлатии Тоҷикистон 98,5 миллион сомонӣ (8,6 миллион доллар) коҳиш дода шудааст", - гуфтанд дар агентӣ.
Қарзи ҷамъшудаи "Барқи Тоҷик" аз ҷамъияти саҳҳомӣ ба ҳамин миқдор қисман кам карда шуд.
Ҳамзамон, сатҳи пардохт барои нерӯи барқи додашуда дар соли 2020, бо назардошти ҳисобкуниҳо, аз 58% зиёд набуд. Ҳамин тариқ, афзоиши қарз аз истгоҳ афзоиш хоҳад ёфт.
Маълум аст, ки қарзи ҷамъшудаи тиҷоратии "Барқи Тоҷик" аз НБО Сангтӯда-1 293,5 миллион сомонӣ (25,7 миллион доллар) афзуда ва то 31 декабри соли 2020 1,6 миллиард сомонӣ (140 миллион доллар) -ро ташкил додааст.
Ёдрас мешавем, ки харидори нерӯи барқи истеҳсолнамудаи корхонаи Русияву Тоҷикистон Сангтӯда-1 ҶСК "Барқи Тоҷик" мебошад.
Аз Вазорати маориф то “Барқи тоҷик”: Палатаи ҳисоб норасоии миллионҳо сомониро ошкор кард
Аллакай "Барқи Тоҷик" дар навбати худ интиқол, тақсим ва фурӯши нерӯи барқро ба истеъмолкунандагони охирин - корхонаҳо ва муассисаҳои давлатии Тоҷикистон, аҳолии маҳаллӣ ва инчунин содиротро ба кишварҳои ҳамсоя таъмин менамояд.
Нерӯгоҳи "Сангтӯда -1" беш аз 11% -и интиқоли барқ ба шабакаи барқи ҷумҳуриро таъмин мекунад.
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Шоимзода гуфт, тибқи асоснокии техникию иқтисодии лоиҳаи CASA – 1000 дар маҷмуъ барои татбиқи он 1 миллиарду 86 миллион доллар зарур мебошад, ки аз ин ба қисмати тоҷикистонӣ 314 миллион доллар рост меояд.
Ӯ афзуд, то кунун аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда, созишномаҳои молиявӣ ба имзо расидаанд.
Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ: аз баррасии масоили иқтисодӣ то фарҳангӣ
Ба иттилои ноиби вазири энержӣ, то ҳол дар қисмати тоҷикистонии CASA – 1000 ҳудуди 111 миллион доллар аз худ карда шудаанд. Ӯ афзуд, корҳои амалан анҷомдода ба андозаи то 180 миллион доллар мерасанд, ки пули қисмате аз он баъди санҷиш пардохт хоҳад шуд.
Дар доираи лоиҳаи CASA – 1000 бунёди иншооти зерин пешбинӣ гардидааст:
Ҷамшед Шоимзода тавзеҳ дод, ки дар татбиқи лоиҳа асосан сементу арматура ва ноқилҳои истеҳсоли Тоҷикистон истифода мешавад, ки аз ҷониби татбиқгарони лоиҳа санҷидаю тасдиқ шудаанд. Ӯ афзуд, дар баробари 314 миллион доллар арзиши лоиҳавии қисмати тоҷикистонӣ инчунин хароҷоти пешбининашаванда мавҷуданд ва арзиши ниҳоии лоиҳа дар анҷоми сохтмон маълум карда мешавад.
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Файзов зимни ҷамъбасти фаъолияти яксолаи ҳукумати ВМКБ аз сокинони вилоят узрхоҳӣ кард.
“Узр мехоҳам аз сокинони ВМКБ, ки зимистони имсол аҳолии деҳотро мо натавонистем бо қувваи барқ таъмин кунем. Ин вазъ ба мо нишон дод, ки мо ҳанӯз дар ин соҳа мушкилоту камчиниҳои зиёд дорем”, - изҳор дошт раиси ВМКБ.
Ӯ афзуд, ҳозир се нақшаи бузург рӯи дастанд, ки татбиқи онҳо барои як муддат имкон медиҳад аҳолӣ бо барқ таъмин бошанд, аммо дар оянда боз камӣ хоҳад кард. Аз ҷумла тайи солҳои 2021 - 2023 сохтмони 19 нерӯгоҳи офтобӣ, пайваст намудани шабакаи “Помир энержӣ” ба шабакаи ягонаи миллӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар назар аст, ки ба гуфтаи Файзов имкон медиҳанд, мардум тайи ду-се сол пурра бо барқ таъмин бошанд.
Файзов таъкид намуд, ки бо рушди саноат ин иқтидорҳо низ боз камӣ хоҳанд кард. Ӯ иттилоъ дод, ки феълан дар талоши пайдо кардани манобеи дигар барои сохтмони нерӯгоҳи “Санобод”, “Чартем” ва ғайра мебошанд.
Узрхоҳии раиси ВМКБ дар ҳолест, ки дар фасли сармои ҷорӣ дар вилоят камбуди барқ ҷой дошт ва дар бархе аз навоҳӣ маҳдудияти таъминоти барқ ҷорӣ гардид.
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Намояндагони вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гуфтушунид баргузор карданд, ки дар рафти он масоили ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд.
Дар расонаҳои маҳаллӣ пас аз ин мулоқот маълумот пайдо шуд, ки намояндаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини аввали вазири умури хориҷии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев масоили ифтитоҳи марзро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла хабар дода мешавад, ки сарҳадҳои байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон эҳтимол дорад дар Наврӯз ифтитоҳ шавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон барои равшанӣ андохтан ба ин масъала, ба вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим муроҷиат кард.
"Мо бо Ӯзбекистон муносибатҳои хубу наздик дорем. Дар соҳаи нақлиёт хело муносибати зич дорем ва феълан масоили мубрамро баррасӣ мекунем, аммо дар бораи ифтитоҳи гузаргоҳҳо гуфтушуниде анҷом надодаем", - изҳор дошт Азим Иброҳим.
Гузаргоҳи "Ҷартеппа" дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон барои донишҷӯён боз шуд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, ки марзи байни Тоҷикистон ҳамон вақт ифтитоҳ мешавад, ки "пандемия ба анҷом расад, яъне вазъи мусоиди эпидемиологӣ ба вуҷуд ояд".