ДУШАНБЕ, 17 фев - Sputnik. Давоми як моҳи ахир нерӯи барқ барои сокинони ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) рӯзона ҳам маҳдуд мешавад, гуфт хабарнигоре дар нишасти матбуотии ширкати "Барқи тоҷик".
Ӯ дар муроҷиат ба раиси ширкати мазкур суол намуд, ки чаро барқи сокинони ноҳияи Лахш дар баробари маҳдудияти шабона, ҳамчунин рӯзона ҳам барои 5 соат қатъ мешавад.
Аммо Исмоилзода, роҳбари ин ниҳод аз мавҷуд будани маҳдудияти иловагӣ барои сокинони ин минтақа изҳори бехабарӣ намуда, афзуд шояд маълумоти хабарнигор носаҳеҳ бошад.
"Чунин маҳдудият мавҷуд нест ва агар сурат гирифта бошад ҳам, шояд бар асари ягон садама иттифоқ афтодааст", - шарҳ дод Исмоилзода.
Ба исрори хабарнигор, маҳдудияти интиқоли неруи барқ дар ноҳияи мазкур давоми як моҳ аз соати 9 -и саҳар то соати 13:00- и рӯз идома меёбад ва ҳамзамон "лимит"- е, ки ширкати "Барқи тоҷик" аз соати 23 -и шаб то соати 6 - и субҳ муқарар кардааст, низ бидуни таъхиркорӣ ҷорист.
ТАЛКО аз "Барқи тоҷик" 390 миллион сомонӣ қарздор аст
Дар ин робита яке аз масъулони ширкати мазкур аз хабарнигор гиламандона суол кард, ки чаро сокинони ин минтақа тариқи телефонҳои боварӣ боре ҳам тамос нагирифтанд ва аз мавҷуд будани чунин мушкилӣ арз накарданд.
Зимнан, роҳбари "Барқи тоҷик" ваъда дод, ки дар зудтарин фурсат ин масъаларо таҳқиқ ва ҳал мекунад.
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Шоимзода гуфт, тибқи асоснокии техникию иқтисодии лоиҳаи CASA – 1000 дар маҷмуъ барои татбиқи он 1 миллиарду 86 миллион доллар зарур мебошад, ки аз ин ба қисмати тоҷикистонӣ 314 миллион доллар рост меояд.
Ӯ афзуд, то кунун аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда, созишномаҳои молиявӣ ба имзо расидаанд.
Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ: аз баррасии масоили иқтисодӣ то фарҳангӣ
Ба иттилои ноиби вазири энержӣ, то ҳол дар қисмати тоҷикистонии CASA – 1000 ҳудуди 111 миллион доллар аз худ карда шудаанд. Ӯ афзуд, корҳои амалан анҷомдода ба андозаи то 180 миллион доллар мерасанд, ки пули қисмате аз он баъди санҷиш пардохт хоҳад шуд.
Дар доираи лоиҳаи CASA – 1000 бунёди иншооти зерин пешбинӣ гардидааст:
Ҷамшед Шоимзода тавзеҳ дод, ки дар татбиқи лоиҳа асосан сементу арматура ва ноқилҳои истеҳсоли Тоҷикистон истифода мешавад, ки аз ҷониби татбиқгарони лоиҳа санҷидаю тасдиқ шудаанд. Ӯ афзуд, дар баробари 314 миллион доллар арзиши лоиҳавии қисмати тоҷикистонӣ инчунин хароҷоти пешбининашаванда мавҷуданд ва арзиши ниҳоии лоиҳа дар анҷоми сохтмон маълум карда мешавад.
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Файзов зимни ҷамъбасти фаъолияти яксолаи ҳукумати ВМКБ аз сокинони вилоят узрхоҳӣ кард.
“Узр мехоҳам аз сокинони ВМКБ, ки зимистони имсол аҳолии деҳотро мо натавонистем бо қувваи барқ таъмин кунем. Ин вазъ ба мо нишон дод, ки мо ҳанӯз дар ин соҳа мушкилоту камчиниҳои зиёд дорем”, - изҳор дошт раиси ВМКБ.
Ӯ афзуд, ҳозир се нақшаи бузург рӯи дастанд, ки татбиқи онҳо барои як муддат имкон медиҳад аҳолӣ бо барқ таъмин бошанд, аммо дар оянда боз камӣ хоҳад кард. Аз ҷумла тайи солҳои 2021 - 2023 сохтмони 19 нерӯгоҳи офтобӣ, пайваст намудани шабакаи “Помир энержӣ” ба шабакаи ягонаи миллӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар назар аст, ки ба гуфтаи Файзов имкон медиҳанд, мардум тайи ду-се сол пурра бо барқ таъмин бошанд.
Файзов таъкид намуд, ки бо рушди саноат ин иқтидорҳо низ боз камӣ хоҳанд кард. Ӯ иттилоъ дод, ки феълан дар талоши пайдо кардани манобеи дигар барои сохтмони нерӯгоҳи “Санобод”, “Чартем” ва ғайра мебошанд.
Узрхоҳии раиси ВМКБ дар ҳолест, ки дар фасли сармои ҷорӣ дар вилоят камбуди барқ ҷой дошт ва дар бархе аз навоҳӣ маҳдудияти таъминоти барқ ҷорӣ гардид.
Соли 1876 дастгоҳи телефон ихтироъ карда шуд.
Соли 1926 миёни Лондон ва Ню Йорк алоқаи радиотелефонӣ барқарор карда шуд.
Соли 1966 Президенти вақти Фаронса Шарл Де Голл дар бораи мақсади баромадани Фаронса аз ҳайати ташкилоти ҳарбии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ хабар дод.
Соли 2013 маҷмӯаи ашъори шоирони муосири тоҷик бо номи "Бо чашми Рӯдакӣ" дар Беларус ба нашр расид. Ин китобро нашриёти "Звезда"-и Минск интишор карда, ба он адабиётшиноси маъруф Алес Карлюкевич пешгуфтор навиштааст.
Соли 2013 дар чемпионати минтақавии Осиё дар пойтахти Шри Ланка-шаҳри Коломбо дастаи футболи ҷавонзанони Тоҷикистон (U-14) дастаи Бутанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.
Соли 2016 хабар дода шуд, ки бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар назди кафедраи "Омӯзиши Осиёи Марказӣ"-и факултети "Муносибатҳои байналмилалӣ" — и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Ҷумҳурии Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ карда шуд.
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии байниидоравии Тоҷикистону Финландия баргузор гардид.
Шамсиддин Ашӯров (1962)- актёри театр.
Зулфия Баҳриддинова (1922-2013) – Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
Алӣ Бобоев (1936) – геолог, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.
Сарвар Бурҳонова (1913-1998)- Китобдори Шоистаи Тоҷикистон.
Василий Кузин (1904 – 1978) – кинорежиссёр ва киноаператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Ҷўра Латифов (1938) доктори илми таърих, профессор.
Дониёр Набиев (1962) – доктори илми техникӣ.
Ҳусейнов Мирзо Довуд (1894 – 1938) – арбоби ҳизбӣ (солҳои 1929-1932 Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).
Достӣ Шарифов (1936) – муаррих, профессор.