ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Каримзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, гуруҳи кории Ҳукумат барои ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла тариқи евробондҳо кор карда истодааст.
Ӯ гуфт, тавони иқтисодии Тоҷикистон беҳбуд ёфта, ҷумҳурӣ метавонад маблағҳоро ба андозаи то 60 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҷалб намояд.
Ноиби аввали вазир изҳор дошт, ки маблағро имкон дорад, ҳам аз ҳисоби худи нерӯгоҳи “Роғун” ва ҳам аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо ҷалб намуд. Вай зикр кард, ки нерӯгоҳи “Роғун” аллакай ба ҳалқаи энергетикии кишвар пайваст буда, то имрӯз зиёда аз 2,5 ним миллиард киловат/соат барқ бо арзиши қариб ним миллиард сомониро ба мардум дастрас кардааст.
Давлати Тоҷикистон соли равон аз буҷа барои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” 2,1 миллиард сомониро ҷудо намудааст. Соли гузашта ба ин иншоот 2,2 миллиард сомонӣ равона шудааст.
Каримзода тавзеҳ дод, ки соли гузашта 2,2 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷа ва як миллиарди боқимонда иловатан аз ҳисоби захираҳои молиявӣ ба “Роғун” равона гардид. Ӯ афзуд, ки имсол низ талош хоҳанд кард, дар доираи имкониятҳо маблағгузории "Роғун"-ро зиёдтар кунанд, аммо феълан дар нақша 2,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ноиби вазир хотиррасон намуд, ки соли 2007 вақте Тоҷикистон мустақилона ба бунёди нерӯгоҳи "Роғун" оғоз кард, ҳамагӣ 6,5 миллион сомонӣ барои ин иншоот ҷудо шуда буд.
Дар мавриди он, ки соли гузашта бархе сохтмончиёни “Роғун” шикоят доштанд, ки моҳҳо маош намегиранд, муовини вазири молия таъкид намуд, ки ин иншоот дар доираи маблағҳои буҷетӣ пурра маблағгузорӣ шудааст. Ӯ чунин масоилро марбути худи маъмурияти нерӯгоҳи “Роғун” ва ширкатҳои фаъолияткунанда дар ин нерӯгоҳ рабт дод.
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Шоимзода гуфт, тибқи асоснокии техникию иқтисодии лоиҳаи CASA – 1000 дар маҷмуъ барои татбиқи он 1 миллиарду 86 миллион доллар зарур мебошад, ки аз ин ба қисмати тоҷикистонӣ 314 миллион доллар рост меояд.
Ӯ афзуд, то кунун аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда, созишномаҳои молиявӣ ба имзо расидаанд.
Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ: аз баррасии масоили иқтисодӣ то фарҳангӣ
Ба иттилои ноиби вазири энержӣ, то ҳол дар қисмати тоҷикистонии CASA – 1000 ҳудуди 111 миллион доллар аз худ карда шудаанд. Ӯ афзуд, корҳои амалан анҷомдода ба андозаи то 180 миллион доллар мерасанд, ки пули қисмате аз он баъди санҷиш пардохт хоҳад шуд.
Дар доираи лоиҳаи CASA – 1000 бунёди иншооти зерин пешбинӣ гардидааст:
Ҷамшед Шоимзода тавзеҳ дод, ки дар татбиқи лоиҳа асосан сементу арматура ва ноқилҳои истеҳсоли Тоҷикистон истифода мешавад, ки аз ҷониби татбиқгарони лоиҳа санҷидаю тасдиқ шудаанд. Ӯ афзуд, дар баробари 314 миллион доллар арзиши лоиҳавии қисмати тоҷикистонӣ инчунин хароҷоти пешбининашаванда мавҷуданд ва арзиши ниҳоии лоиҳа дар анҷоми сохтмон маълум карда мешавад.
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Файзов зимни ҷамъбасти фаъолияти яксолаи ҳукумати ВМКБ аз сокинони вилоят узрхоҳӣ кард.
“Узр мехоҳам аз сокинони ВМКБ, ки зимистони имсол аҳолии деҳотро мо натавонистем бо қувваи барқ таъмин кунем. Ин вазъ ба мо нишон дод, ки мо ҳанӯз дар ин соҳа мушкилоту камчиниҳои зиёд дорем”, - изҳор дошт раиси ВМКБ.
Ӯ афзуд, ҳозир се нақшаи бузург рӯи дастанд, ки татбиқи онҳо барои як муддат имкон медиҳад аҳолӣ бо барқ таъмин бошанд, аммо дар оянда боз камӣ хоҳад кард. Аз ҷумла тайи солҳои 2021 - 2023 сохтмони 19 нерӯгоҳи офтобӣ, пайваст намудани шабакаи “Помир энержӣ” ба шабакаи ягонаи миллӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар назар аст, ки ба гуфтаи Файзов имкон медиҳанд, мардум тайи ду-се сол пурра бо барқ таъмин бошанд.
Файзов таъкид намуд, ки бо рушди саноат ин иқтидорҳо низ боз камӣ хоҳанд кард. Ӯ иттилоъ дод, ки феълан дар талоши пайдо кардани манобеи дигар барои сохтмони нерӯгоҳи “Санобод”, “Чартем” ва ғайра мебошанд.
Узрхоҳии раиси ВМКБ дар ҳолест, ки дар фасли сармои ҷорӣ дар вилоят камбуди барқ ҷой дошт ва дар бархе аз навоҳӣ маҳдудияти таъминоти барқ ҷорӣ гардид.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нархи ҷаҳонии ғизо таҳти таъсири афзоиши ҳазинаи маводи ғизоӣ ба болотарин сатҳ дар беш аз 6 соли гузашта расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши шабакаи хабарии "Bloomberg".
Ба гузориши "Bloomberg", ҳамзамон қиммати колоҳои аслӣ афзоиш ёфта ва қимати ҷаҳонии маводи ғизоиро ба болотарин сатҳ дар шаш соли гузашта дар январи 2021 расондааст.
Бо тавваҷуҳ ба таъсири ҳамагирии корона дар раванди рушди иқтисодӣ, нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст.
“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021
Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба афзоиши 30 то 61 дарсадии қимати ғизо дар кишварҳои мухталиф навишт, ки бозорҳои навзуҳӯр, фишори ношӣ аз афзоиши баҳои маводи хомро эҳсос мекунанд, зеро афзоиши қимати колоҳое ҳамчун нафт, мис ва ғаллот болотар аз ҳадди интизор будааст.