Онкологический центр, архивное фото

Дар Тоҷикистон теъдоди гирифторони бемории саратон афзоиш ёфтааст

53
(Таҷдидшуда 12:10 08.01.2015)
Табибони тоҷик зиёд шудани шумори гирифторони ин маризиро дар қиёс ба соли 2013 эълом доштанд.Ба қавли масъулини бахши тандурустии кишвар, мавриди истифода қарор гирифтани фанноварии муосири тиббӣ боиси саривақт ва ба таври оҷил муайян кардани ташхиси бемории маризон гардидааст.

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Ташхиси "саратон"-ро беш аз 4 ҳазор сокини Тоҷикистон дар соли 2014 гирифтанд, иттилоъ медиҳад оҷонсии Авеста дар такя ба суханони Нусратулло Салимзода, вазири нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

"Дар соли 2014 беш аз 4400 гирифтори бемории саратон дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта  шуд, ки ин дар қиёс ба як соли пеш 400 ҳолат зиёд аст",- иброз дошт Салимзода.

Ба қавли вазир, дар ҳоли ҳозир дар саросари кишвар 14 ҳазор гирифторони бемории саратон ба сар мебаранд.

Ба андешаи вазири нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мавриди истифода қарор гирифтани фанноварии муосири тиббӣ боиси саривақт ва ба таври оҷил муайян кардани ташхиси бемории маризон гардидааст.

53
Барчаспҳо:
гирифторон, маризӣ, саратон, зиёд шудаанд, вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Нусратулло Салимзода, Тоҷикистон
Медицинские работники в инфекционной больнице

36 кас мариз шуданду 42 тан шифо ёфтанд: омори коронавирус дар Тоҷикистон

80
(Таҷдидшуда 20:22 26.11.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз маризии сироятии коронавирус мавориди фавт ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 36 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 12044 нафар баробар гардид.

Манбаъ ҳамзамон аз шифоёбии 42 нафар пас аз табобат гирифтан хабар медиҳад. Ҳоло теъдоди умумии шифоёфтагон аз коронаиврус ба 11 437 нафар баробар шудааст.

Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон аз маризии коронавирус 86 нафар ба ҳалокат расиданд.

Коронавирус нишасти G20 - ро сироят кард. Вале Ғарб ваксинаи Русияро тоқат надорад

Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Зимнан, вазорати мазкур аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

80
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Городская больница № 2 Худжанд

COVID-19 дар Хуҷанд кам шудааст: Бемористони 2 баъди 7 моҳ ба реҷаи муқаррарӣ баргашт

397
(Таҷдидшуда 15:41 26.11.2020)
Бемористони шаҳрии № 2-и Хуҷанд, ки барои табобати беморони илтиҳоби шадиди роҳи нафас ва “вируси карона” муқаррар шуда буд, баъди ҳафт моҳ ба реҷаи маъмулӣ баргаштааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Зиёда Салимова, ҷонишини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, бемористони № 2 аз моҳи апрел, шурӯъ аз замоне, ки дар кишвар нахустин мавриди бемории каронавирус сабт гардид ба реҷаи карантинӣ гузашта буд.

“Аз моҳи апрел то аввали моҳи июн ба қабул ва табобати беморони илтиҳоби шадиди роҳи нафас ва COVID-19 машғул будем. Дар ин муддат 327 нафар чунин беморон ба табобат фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора танҳо 13 нафар, ки ҳамагӣ 7-9 % и беморонро ташкил мекунад аз ҳисоби доштани бемориҳои ҳамрав аз ҷумла марази қалб ва қанд фавтиданд, боқимонда ҳама шифо ёфта, ба хонаҳояшон рухсат шуданд”, - гуфт Салимова.

Ҷонишини сартабиб афзуд, шурӯъ аз моҳи июн то аввали моҳи сентябр, онҳо дар ин Бемористон ба қабул ва қарантинкунии муҳоҷирон ва ё онҳое, ки аз хориҷа ба кишвар ворид мешуданд, машғул буданд. Тӯли ин муддат ҳудуди 400 нафар барои ду ҳафтаи тақвимӣ таҳти муроқибати табибон дар ин бемористон нигаҳдорӣ мешуданд.

Зиёда Салимова таъкид намуд, ки дар ин давра ташхиси 14 нафар аз шумори умумии қарантиншуда ба бемории COVID-19 мусбат арзёбӣ шуда, онҳо барои табобат ба Бемористони сироятии вилояти Суғд, воқеъ дар маҳаллаи 13-уми Хуҷанд интиқол дода шудаанд.

Масъулони Бемористони № 2-и Хуҷанд мегӯянд, ҳоло шумори сироятёбии сокинон ба “вируси карона” ба маротиб коҳиш ёфтааст. Табибони Хуҷанд, ин нуктаро аз коҳишёбии шумори муроҷиатҳо ва мавридҳои баландшавии табъи сокинон арзёбӣ мекунанд.

Дар шаҳри Хуҷанд Бемористони клиникавии Суғд ва Бемористони сироятии Суғд ба табобати беморони каронавирус машғул буда, дар ин ду бемористон табибон аз ҳар бемористон ва дармонгоҳҳои ҳудуди Хуҷанд ҷалб карда мешуданд.

Ҳоло бо гузашти инак ҳафт моҳ аз хуруҷи бемории COVID-19, шиддати ин беморӣ кам шудааст ва аксар табибоне, ки дар ин бемористон ҷалб мешуданд ба кори маъмулии худ баргаштаанд.

Зиёда Салимова зикр намуд, ки шурӯъ аз нимаи моҳи ноябр, онҳо ба қабули беморони маъмулӣ ба реҷаи пештараи кори худ баргаштаанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шоми 25 ноябр аз 37 ҳодисаи нави гирифторӣ ба COVID-19 хабар дод. Дар маҷмуъ аз оғози нахустин ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон, то ҳол 12 ҳазору 8 нафар ба қайд гирифта шуд.  

Киҳо такроран мубталои коронавирус мешаванд? ҷавоби пизишк

Тибқи иттилои расмӣ, то имрӯз аз ин беморӣ 11 ҳазору 395 ё 94,9 % и беморон шифо ёфта, 86 нафар фавтидаанд.

397
Барчаспҳо:
Беморхона, ошкори вирус, беморӣ, Тоҷикистон
Театр имени Маяковского в Москве

Намоишномаи театри Тоҷикистонро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карданд

41
(Таҷдидшуда 21:06 26.11.2020)
Намоишномаҳои Ҷашнвораи дуюми театрҳои русии хориҷиро, ки дар Маскав аз 16 то 22 ноябр баргузор шуд, беш аз 1 миллион нафар тамошо карданд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Намоишномаҳои Ҷашнвора тайи тақрибан як ҳафта дар саҳнаи театрҳои “Et Cetera" ва "Современник" намоиш дода шуда, маҷмӯан онҳоро беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар тамошо карданд, хабар дод котиботи лоиҳа.

Манбаъ таъкид кард, ки дар ин ҷашнвора ҳайати театрҳои русӣ аз Абхазистон, Белорус, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок кардаанд. Онҳо асарҳои классикии адабиёти ҷаҳонӣ аз Шекспир то Стейнбекро ба саҳна гузоштанд, ки тариқи онлайн дар интернет низ намоиш дода мешуданд.

Александр Калягин, раиси Иттифоқи ходимони театри Русия, зимни истиқболи иштирокдорони ҷашнвора гуфт, ин ҳамоиш дуюм бор баргузор шуда истодааст, аммо аллакай равобити дӯстию фарҳангиро миёни иштирокдорон ба вуҷуд овардааст.

Тоҷикистонро дар ҷашнвора, Театри драмаи русии ба номи Маяковский намояндагӣ кард, ки дар шаҳри Душанбе аз соли 1937 фаъолият дорад. Ҳайати театри Тоҷикистон дар ҷашнвора намоишномаи “Ҳамлет”-и коргардон Бодурбек Миралибековро иҷро намуданд, ки ба гузориши баргузоркунандагон, онро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карданд.

41
Барчаспҳо:
намоишнома, Русия, Тоҷикистон