Паралимпиада 2014. Акс аз бойгонӣ

Ифшои беш аз ҳазор “маъюби тақаллубӣ” дар Кӯлоб

6
(Таҷдидшуда 09:28 13.01.2015)
Дар пайи як санҷиш дар минтақаи Кӯлоб ошкор шудааст, ки 1 ҳазору 256 нафар худро ба таври ҷаълӣ ё тақаллубӣ ҳамчун маъюб номнавис карда, аз имтиёзҳо истифода мебурдаанд.

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Беш аз ҳазор "маъюби тақаллубӣ" дар минтақаи Кӯлоб аз ҷониби Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ошкор ва аз феҳристи маълулон хориҷ шудаанд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Миралӣ Мирзоалиев — сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Кӯлоб рӯзи 13 январ дар нишасти хабариаш дар ин бора ҳарф задааст. Ӯ гуфтааст, дар пайи як санҷиш маълум кардаанд, ки 1 ҳазору 256 нафар худро ба таври ҷаълӣ ё тақаллубӣ ҳамчун маъюб номнавис карда, аз имтиёзҳо истифода мекардаанд.

Мирзоалиев афзудааст, аксари "маъюбони тақаллубӣ" дар идораву вазоратхонаҳо "одам" доштаанд ва бо истифода аз онҳо асноди маъюбиро таҳия кардаанд.

6
Барчаспҳо:
имтиёзҳо, ошкоршавӣ, маъюбҳои тақалубӣ, Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Миралӣ Мирзоалиев, Кӯлоб

Омори 7 рӯзи охири баҳор дар Хуҷанд: тасфу “илтиҳоби шуш” кам шудааст

320
(Таҷдидшуда 00:51 03.06.2020)
Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд, омори табъи баланду хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” дар охирин рӯзҳои фасли баҳорро ироа кард

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзҳои охири фасли баҳор, мавридҳои баландшавии ҳарорати бадан ва хуруҷи "илтиҳоби шуш" дар миёни сокинон коҳиш ёфтааст.

"Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 25 то 31 - уми май дар умум ба сатансияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 52 муроҷиати сокинон бо аломатҳои бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта шудааст. Дар ин шумор занону мардон қариб, ки баробар буда, ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии Суғд интиқол дода шудаанд", - гуфт Мирзоҳошимов.

Бино ба иттилои сартабиб, давоми ҳафт рӯзи охири баҳори имсол ҷамъан 746 сокин аз ду тарфи соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд бо аломатҳои мухталифи беморӣ аз ҷумла фишорбаландӣ, шамолхӯрдагӣ ва бемориҳои қанду қалбӣ барои расонидани ёри фаврии тиббӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумор бештар аз 120 ҳолати нотобшавиҳо аз баландшавии табъ будааст.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов зикр намуд, ки аз рӯи муроҷиати сокинон, мушоҳида мешавад, ки дар рӯзҳои нахустини фасли тобистон суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба моҳҳои фасли баҳор хеле поён поён рафтааст.

"Рӯзҳои аввали моҳи май то 70 – 80 нафар муроҷиати сокинон танҳо бо ҳолати баландшавии тасф ва гирифторӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" дар як шабонарӯз ба қайд гирифта мешуд. Хушбахтона дар оғози фасли тобистон сабти ин қабил маризӣ дар миёни сокинони шаҳр то ба 8 – 10 ҳолатӣ кам шудааст", - иброз намуд сартабиб.

Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ мегӯяд, ба роҳ мондани табобати бемории илтиҳоби шуш дар марказҳои саломатӣ дар маҳалҳо ва ҳам гузаронидани корҳои тарғиботии пешгирии бемориҳои сироятӣ  ба коҳишёбии шиддати авҷи ин маризӣ таъсири амиқ расонидааст. Аммо табибон таъкид меварзанд, ки ки барои пурра нобуд шудани "илтиҳоби шуш" боз ҳам нақши сокинон муҳим ва  минбаъд ҳам набояд риояи гигиенаи тиббӣ сарфи назар шавад.

Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.

320
Барчаспҳо:
мошин, ёрии таъҷилӣ, Тоҷикистон
Доктор в маске и защитном снаряжении

Фонди захиравии Президент ба 5256 пизишк иловапулӣ ихтисос дод

256
Феълан 4,2 миллион сомонӣ ба суратҳисобҳои сарраёсат ва раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявии дахлдор гузаронида шуда, бояд саривақт ба пизишкон пардохт карда шавад

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар асоси фармоиши якҷояи Вазорати молия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 21 майи соли 2020 ба 5256 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ иловапулӣ дода мешавад, хабар медиҳад Вазорати молияи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, иловапулӣ бояд ба 995 нафар духтур, 1833 корманди миёнаи тиб, 1547 корманди хурди тиб ва 881 нафар дигар кормандони соҳа пардохт карда шавад.

Феълан 4,2 миллион сомонӣ ба суратҳисобҳои сарраёсат ва раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявии дахлдор гузаронида шуда, пардохти саривақтии он таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Раҳмон маоши якмоҳаашро барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон таҳвил дод

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки барои моҳҳои минбаъда пардохти иловапулии мазкур тибқи рӯйхати пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи амри раисҷумҳури Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 аз ҳисоби Фонди захиравии Президент 12,4 миллион сомонӣ барои пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунанда ба кормандони соҳаи тиб ихтисос дода шуд.

Иловапулӣ аслан ба он кормандони соҳаи тандурустӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарорд доранд, пардохт карда мешавад.

256
Барчаспҳо:
маблағи иловагӣ, пизишкон, фонди захиравӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Граница между Кыргызстаном и Казахстаном

ВУХ: 237 шаҳрванди дармонда дар марзи Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Ватан баргаштанд

10
(Таҷдидшуда 10:46 03.06.2020)
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон кард, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, шоми 2 июни соли равон 237 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи “Жибек Жоли”-и миёни сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон  ба мақомоти Ӯзбекистон барои мусоидати фаврӣ дар ташкили долони бетамоси транзитии мустақим дар қаламрави он кишвар барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор медорад.

Ҳамзамон Вазорати умури хориҷа ба мақомоти Қазоқистон барои таъмини шароит барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади убури бемамониати сарҳад сипоси беандоза баён кардааст.

Парвози вижаи "Уралские авиалинии" 50 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Ватан бурд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш бо парвози махсус аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 50 кнафар, ки дар паи банд шудани марзҳо дар кишвар дар монданд, ба ватан бозгардонида шуданд.

Ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

10
Барчаспҳо:
марз, Ватан, баргардонӣ, Ӯзбекистон, Қазоқистон, сарҳад, Тоҷикистон