Расонаҳо: ҳазорон ҷангҷӯёни ДИ ба бемории марговар гирифторанд

© AP Photo/Raqqa Media Office, FileҶангҷӯёни ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ
Ҷангҷӯёни ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ”, ки тибби муосирро инкор мекунанд, метавонанд манбаъи бемориҳои оммавӣ гарданд, зеро худ гирифтори бемориҳои марговар мебошанд, менависанд ВАО.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Ба далели вазъи ногувори беҳдоштӣ чанд ҳазор аз ҷангиёни гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ба бемории марговари лейшманиоз гирифторанд, менависад Sputnik.

Ин беморӣ тавассути газидани пашшаҳо ба одам сироят карда, пӯсти бадан ва мушакҳои зери онро хароб мекунад ва метавонад боиси марги инсон шавад, агар сареан ба пизишкон муроҷиа накунад, аммо ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" ба таъкиди хабаргузорӣ, аз ҳар гуна кӯмаки пизишкон худдорӣ карда онро куфр медонанд.

Ба унвони мисол, дар миёни намояндагони "Давлати исломӣ" 100 ҳазор мавриди гирифторӣ ба бемории лейшманиоз сабт шудааст, хабар медиҳад расона бо истинод ба нашрияи бритониёии Mirror.

Феълан зикр мешавад, ки шаҳри Ракка (дар шимоли Сурия), ки пойтахти ин гурӯҳ эълом шудааст, ба бузургтарин маркази бемориҳои мусрӣ табдил шудааст ва ба ин далел эҳтимол меравад, ки дар ин минтақа лейшманиоз ба эпидемия табдил меёбад.

Тибқи арзёбии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола дар ҷаҳон 1,3 миллион мавриди гирифторӣ ба бемории лейшманиоз ва аз 20 то 30 мавриди фавт аз он сабт мешаванд.

Ин барои бори нахуст нест, ки дар бораи гирифтории ҷангиёни ДИ ба бемориҳои мусрӣ хабарҳо паҳн мешаванд. Дар авоили соли ҷорӣ расонаҳои ҷаҳонӣ бо истинод ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дода буданд, ки ҷангҷӯёни ба ДИ пайвастшуда аз Африқо эҳтимол дорад гирифтори бемории Эбола бошанд.

Лентаи хабарҳо
0