Дар шӯъбаи эҳёгарии беморхона. Акс аз бойгонӣ

ВАО: саломатии Хайриддини Абдулло рӯ ба беҳбудӣ оврдааст

9
(Таҷдидшуда 14:12 11.08.2015)
Ӯ дар мавъизаҳои худ дар масҷиди воқеъ дар хиёбони Мир дар шаҳри Маскав умдатан дар бораи хатароти терроризм ва ифротгароӣ ҳарф зада аз фаъолияти "Давлати исломӣ" шадидан интиқод мекард.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Вазъи саломатии Хайриддини Абдулло (Достаков), мазҳабии тоҷик, ки мавриди ҳамлаи афроди номаълум дар Русия қарор гирифт, рӯ ба беҳбудӣ овардааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.

Ӯ шоми 7 августи соли равон дар наздикии метрои "Рязанский проспект"-и шаҳри Маскав, ки манзили зисташ онҷо мебошад, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, бо чанд захми корд ба беморхонаи ба номи Склифосовский интиқол ёфт.

Ҳамзамон, сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав аз сӯиқасди афроди ношинос ба ҷони Хайриддини Абдулло дар Русия шадидан ибрози нигаронӣ карда, аз пулиси Маскав хостанд, ба ин қазия ба сурати оҷил расидагӣ карда, омилони ҳамларо пайдо ва муҷозот кунанд.

Хайриддини Абдулло 30 сол дошта, раҳбарии Кумитаи дини Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русияро бар уҳда дорад. Ин бори дуюм аст, ки ӯ мавриди ҳамла қарор мегирад. Моҳи марти соли 2012 низ Абдуллоев аз сӯи афроди ношинос мавриди латтукӯб қарор гирифта буд.

Ӯ дар мавъизаҳои худ дар масҷиди воқеъ дар хиёбони Мир дар шаҳри Маскав умдатан дар бораи хатароти терроризм ва ифротгароӣ ҳарф зада аз фаъолияти "Давлати исломӣ" шадидан интиқод мекард.

 

9
Барчаспҳо:
захми корд шифо меёбад, саломатиаш беҳтар шудааст, сӯйиқасд ба ҷони мазҳабии ҷавони тоҷик, маҷиди "Проспект Мира", метрои "Рязанский проспект", беморхонаи Склифосовский, Хайриддини Абдулло (Достаков), Русия, Маскав
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

21
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

21
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон
Медицинские работники и пациент в отделении интенсивной терапии ковид-госпиталя

Вазорати тандурустӣ: сатҳи гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар шаҳри Душанбе коҳиш ёфт

251
(Таҷдидшуда 18:09 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ эълон кардааст, ки имрӯзҳо сатҳи гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ, алалхусус дар шаҳри Душанбе коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Масъулини вазорати тандурустӣ таъкид доштаанд, ки ҳоло дар муассисаҳои сатҳи беморхонавии шаҳри Душанбе 8 нафар бо бемории COVID-19 бистарӣ шуда, дар сатҳи дармонгоҳӣ ё табобати хонагӣ 17 нафар бемор табобат мегиранд.

“Дар муассисаҳои сатҳи беморхонавии шаҳри Душанбе 63 нафар бемор ва дар сатҳи дармонгоҳӣ 30 нафар бемор бо илтиҳоби шуши  баъдиковидӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд”, - қайд кардааст вазорат.

Гуфта шудааст, ки аз рӯзҳои аввали бақайдгирии бемории COVID-19 барои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ муассисаҳои тандурустии пойтахти мамлакат бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардиданд.

Зикр шудааст, ки бо мақсади омодагӣ ба ҳолати эҳтимолии  мавҷи дуюми бемории COVID-19 Мақомоти шаҳри Душанбе якчанд корҳои назаррасро анҷом додааст.

“Ҳоло дар шаҳри Душанбе барои табобати ин гуна беморон зиёда аз 1000 кат пешбинӣ гардида, ҳангоми зарурат 2000 кати дигар  омода мебошанд. Бо мақсади  муътадил гузаронидани фасли зимистон имрӯз шуъбаҳои эҳё ва сироятии муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе аз нав таъмир  гардида, бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ  таъмин карда мешаванд”,-қайд кардааст вазорати тандурустӣ.

Ҳамзамон корҳои таъмирӣ ва бо таҷҳизоти нави тиббӣ таъмин намудани шуъбаҳои сироятӣ ва эҳёи беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, махсусан шаҳри Душанбе минбаъд низ идома дорад.

Таъкид шудааст, ки бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар анбори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе захираи зарурии маводи доруворӣ ва безараргардонӣ, маводи худмуҳофизатӣ, таҷҳизоту асбоби тиббӣ, аз ҷумла  дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ мавҷуд мебошанд.

251
Барчаспҳо:
коҳиш, шаҳри Душанбе, беморӣ, вируси корона, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон