Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон бистарӣ шуд

© Официальная страница М. Эргашева в FacebookМубин Эргашев. Акс аз бойгонӣ
Мубин Эргашев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мубин Эргашев дар беморхона таҳти муолиҷаи табибон қарор гирифта, дастаи миллии кишварро дар ин давра мураббии калон Роман Пилипчук тамрин медиҳад.

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, пас аз бохти навбатии дастаи миллӣ бо сабаби бемории қалб дар Маркази  тиббӣ бистарӣ шуд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

"Саломатии мутахассиси 42-сола чанд вақт боз хуб набуд. Табибон ба ӯ ҷиддӣ тавсия доданд, ки аз футбол худдорӣ ва фавран барои табобат дар беморхона бистарӣ шавад",- меафзояд манбаъ.

1000 сомонӣ. Нархи билети бозии футболи Тоҷикистону Қирғизистон

Чанде қабл дар варзишгоҳи "Аделаида Овал"-и Австралия дар даври нуҳуми марҳилаи дуввуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 тими миллии Тоҷикистон аз мунтахаби Австралия бо ҳисоби бузурги 0:7 мағлуб шуда буд.

Баъди бозгашт мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба омодагиҳо барои бозии охирини марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бидуни Мубин Эргашев шурӯъ кардааст, зеро саломатии ӯ хуб набуда, дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ гардидааст.

Маврид ба ёдоварист,  Мубин Эргашев ҳамзамон сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе маҳсуб мешавад.

Дастаи миллии Тоҷикистон дар бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гуруҳи "В" таҳти раҳбарии мураббии калони даста Роман Пилипчук ба майдон меояд.

Имрӯз, 28-уми март дар даври ниҳоии сабқати интихобӣ дастаи футболи Тоҷикистон бо мунтахаби Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе вориди рақобат мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0