Пизишкон. Акс аз бойгонӣ

Олимон роҳи пешгирии сактаи мардонро пайдо намуданд

90
(Таҷдидшуда 15:09 05.04.2016)
Олимони амрикоӣ исбот карданд, ки муолиҷа(терапия)-и ҳормонӣ натанҳо хатари бемориҳои қалбро паст мекунад, балки метавонад онро аз байн барад. Натоиҷи тадқиқоти сесола нишон медиҳад, бемороне, ки терапия гирифтаанд, хавфи гирифтор шуданашон ба сактаи дил камтар аст.

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Терапияи ҳормонӣ натанҳо сатҳи тестестеронро дар бадани мардони солрафта мӯътадил мегардонад, балки хавфи гирифторӣ ба бемориҳои сактаи қалбро коҳиш медиҳад, менависад РИА Новости бо истинод ба тадқиқоти олимони Маркази тиббии Донишкадаи амрози қалби Солт-Лейк-Сити.

Натиҷаи тадқиқотҳои чандсола нишон доданд, бемороне, ки тавассути муолиҷаи (терапияи) ивазкунандаи ҳормонҳо табобат мешаванд, то 80% аз  "бемориҳои вазнин" камтар азият мекашанд. Ба қатори чунин касалиҳо сактаи қалбӣ ва мағзӣ дохил мешаванд.

Гурӯҳи тадқиқотӣ вазъи саломатии 755 беморро санҷид. Иштирокчиёни озмоиш мардони аз 58 то 78- сола буда, ҳамаи онҳо қаблан ба бемории дил гирифтор буданд.

Маризонро ба се гурӯҳ тақсим карданд. Барои гурӯҳи аввал терапияи тестестерон гузаронида нашуд. Ба гурӯҳи дуюм миқдори "миёна"-и тестестерон ба тарзи сӯзанзанӣ ва ба гуруҳи сеюм бошад, миқдори зиёди тестестеронро гузарониданд.

Баъди як сол маълум шуд, 64 беморе, ки ҳормонҳоро нагирифта буданд аз "бемориҳои вазнин" азият мекашанд. Вазъи онҳое, ки миқдори ками тестестеронро гирифта буданд низ наонқадар хуб буд. Бемороне, ки миқдори зиёди тестестеронро гирифта буданд, аз ҳеч чиз шикоят надоштанд.

Баъди се сол бошад, шумораи беморони гурӯҳи аввал ба 125 нафар расид. Дар гурӯҳи дуюм мушкилиҳо дар 38 нафар ба қайд гирифта шуд. Дар гурӯҳи сеюм бошад танҳо 22 нафар гирифтори бемории сакта буданд.

Барномаи тадқиқотие, ки дар ҷараёни 65-умин нишасти илмии Коллеҷи кордиологии Амрико пешниҳод шуд, давоми тадқиқотҳои соли гузашта мебошад. Соли 2015 олимон исбот намуданд, ки терапияи ҳормонӣ инсонро аз касалиҳои қалб, аз ҷумла сактаи дилу мағзӣ эмин нигоҳ медорад.

90
Барчаспҳо:
сӯзанзанӣ, маризон, ташхиси бемор, тестестерон, ҷилавгирӣ, муолиҷа, табобат, сактаи қалб, Донишкадаи амрози қалби Солт-Лейк-Сити, Амрико, ИМА, Солт-Лейк-Сити
Мавзуъ
Боздошти “Мулло Шералӣ”, ки беморонро бо ҳашарот табобат мекардааст
Вакцинация против COVID-19 в Москве

Вирусшинос гуфт, ваксинаи зидди COVID-19 ба кӣ кумак намекунад

144
(Таҷдидшуда 11:34 21.10.2020)
Вирусшинох гуруҳи одамонро номбар кард, ки ваксинаи коронавируси COVID-19 метавонад барои онҳо бесамар бошад

ДУШАНБЕ, 21 октябр - Sputnik. Ваксинаи коронавирус метавонад одамонеро, ки норасоии масуният доранд муҳофизат накунад, мегӯяд доктори илмҳои тиб, вирусшинос Анатолий Алтштейн.

Барои чунин гурӯҳи одамон эмкунӣ шояд муассир набошад, менависад портали ura.ru.

Ба гуфтаи табиб, бемороне, ки чунин патология доранд, метавонанд баъди гузаронидани ваксина дар пайдоиши антитело ба коронавирус мушкилӣ кашанд.

Инчунин, вирусшинос шубҳа кард, ки имкон дорад одамонро аз рӯи қобилияти ташаккули иммунитет ба бемориҳо ба гурӯҳҳои махсус тақсим кард.

"Инсонщо бо қобилияти тавлиди антитела аз ҳам фарқ мекунанд, аммо ба гурӯҳҳо ҷудо кардани онҳо хеле душвор аст. Ин на ба вазъи саломатӣ, балки ба хусусиятҳои организм вобаста аст, ки касе намедонад" гуфт табиб.

Ёдовар мешавем, Вазорати тандурустии Русия моҳи август аввалин ваксинаро дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19 ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмии электрохимиявии Гамалея таҳия карда,  он "Sputnik V" ном дорад.

Путин аз сабти номи ваксинаи дуввуми Русия алайҳи COVID-19 хабар дод: сеюмаш дар роҳ аст

Чанд рӯз қабл президенти Русия Владимир Путин аз сабти номи ваксинаи дуюми русии "ЭпиВакКороны"  алайҳи COVID-19 ва инчунин сабти қарибулвуқӯи сеюм ваксина хабар дод.

144
Барчаспҳо:
одамон, пизишк, вирус
Медсестра держит в руках ампулу с вакциной Гам-Ковид-Вак

Барои эҳтиёт: дастури Бердимуҳаммадов барои харидории ваксина алайҳи COVID-19

144
(Таҷдидшуда 11:07 21.10.2020)
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, сарфи назар аз он, ки расман дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ мавҷуд надорад, амр додааст, ки ваксинаи зидди коронавирус харидорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 21 октябр - Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов фармон додааст, ки ваксинаи зидди сирояти коронавирус харидорӣ шавад, менависад рӯзномаи русизабони ҳукумати "Нейтральный Туркменистан".

"Сарвари давлат оид ба корҳои ташкилӣ доир ба хариди ваксинаҳои нави баландсифат бар зидди сирояти коронавирус, ки ҳоло дар давлатҳои мухталиф истеҳсол мешаванд, дастурҳои мушаххас дод", - гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар кадом кишварҳо ваксина харида мешавад, мушаххас нашудааст, аммо ду ҳафта қабл зимни як гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин Бердимуҳаммадов гуфт, ки Туркманистон ба дастовардҳои олимони Русия дар эҷоди ваксина алайҳи коронавирус баҳои баланд медиҳад ва мехоҳад дар ин самт ҳамкорӣ кунад.

Дар Туркманистон, бо вуҷуди гузоришҳои мақомот дар бораи набудани ҳолатҳои коронавирус, режими ниқоб ва маҳдудиятҳои дигар ҷорӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, Вазорати тандурустии Русия моҳи август аввалин ваксинаро дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19 ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмии электрохимиявии Гамалея таҳия карда,  он "Sputnik V" ном дорад.

Русия арзиши як вояи ваксинаи зидди коронавирусро гуфт

Чанд рӯз қабл президенти Русия Владимир Путин аз сабти номи ваксинаи дуюми русии "ЭпиВакКороны"  алайҳи COVID-19 ва инчунин сабти қарибулвуқӯи сеюм ваксина хабар дод.

 

144
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16)

Ҳайати яккачини кишвар барои рақобати дӯстона бо Баҳрайн ва АМА дақииқ шу

0
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ду рақобати дӯстона бо кишварҳои арабӣ дақиқ шушд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ҳайати яккачини кишварро барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва АМА муаян кард.

Тибқи иттилои Федератсия футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстонаи миллипӯшони кишвар бо тибҳои Баҳрайн ва АМА 7 ва 12-уми ноябр дар Дубай баргузор мешавад.

Тошев барои рақобатҳои дӯстона 27 бозигар: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагарро даъват кардааст.

Гуфта мешавад, яккачини кишвар барои ин рақобат 4-уми ноябр ба Дубай хоҳанд рафт.

Ҳайати яккачини Тоҷикистон дар рақобат бо тимҳои миллии Баҳрайн ва АМА аз ин қабил аст:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов (Истиқлол), Шоҳрух Кирғизбоев (Локомотив-Помир), Муҳриддин Ҳасанов (Хуҷанд).

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эгашев (Бунёдкор, Ӯзбакистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ҳанонов (Истиқлол), Манучеҳр Сафаров (Локомотив-Помир), Алишер Баротов (Худҷанд).

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (Локомотив, Пловдив, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе (Навбаҳор, Ӯзбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Илҳом Баротов (Истаравшан), Алишер Ҷалилов, Амирҷон Ҷурабоев ("Истиқлол"), Абдулмӯъмин Забиров ("Хуҷанд"), Шарафҷон Солеҳов ("Файзканд").

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (Истиклол), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодустов (Хуҷанд), Ислом Зоиров (Локомотив-Помир).

0