Помпаи инсулин. Акс аз бойгонӣ

CУТ: шумораи беморони гирифтори қанд чор маротиба зиёд шуд

59
(Таҷдидшуда 10:41 07.04.2016)
Мутахассисон якбора афзоиш ёфтани теъдоди беморони қандро ба тағйирёбии “ғизо, фаъолияти ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти мардум ” дар тамоми ҷаҳон вобаста медонанд.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Шумораи беморони қанд соли 2014 ба 422 миллион нафар расид, ки ин нишондод нисбати соли 1980 чор маротиба зиёдтар аст, гуфта мешавад дар газориши нахустин ва имсолаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ).

"Дар тамоми ҷаҳон дар соли 2014 теъдоди гирифторони маризии қанд 422 миллион нафарро ташкил дод. Барои қиёс шумораи беморон дар соли 1980  ҳамагӣ ба 108 миллион нафар мерасид", —гуфта мешавад дар гузориш.

Ин ташкилоти ҷаҳонӣ менависад, якбора афзоиш ёфтани шумораи гирифторони бемории қандро мутахассисон ба тағйирёбии "ғизо, фаъолияти ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти мардум " дар тамоми ҷаҳон вобаста медонанд.

Коршиносон қабл аз ҳама парҳезро тавсия медиҳанд:

Субҳонаи аввал: кашаи дар шири равғанаш кам ҷӯшонидашуда, чой бо ивазкунандаи шакар.

Наҳории дувум: маҳсулоти ширӣ бо йогурти табии камравған ва бе иловаҳо.

Таоми нисфирӯзӣ: шӯрбои аз сабзавот тайёр шуда, як пора нон, кашаи аз марҷумак омодашуда, пораи гӯшти обҷӯш, хӯриши аз бодиринг ва помидор тайёршуда бо равғани зайтун, афшураи мева.

Пас аз таоми нисфирӯзӣ: истеъмоли себ ва нок.

Хӯроки шом: шӯрбои аз сабзавот тайёршуда,  мурғи ҷӯшонидашуда, бодиринги тару тоза, чой.

Пеш аз хоб: як пиёла кефири равғаннокияш паст ва ду ширинии диетӣ.

 

 

59
Барчаспҳо:
теъдод, афзоиш, инсулин, бемории қанд, қанд, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, СУТ