Аспирин пас аз кимиёдармонӣ беҳтарин доруи зидди саратон аст

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкТашхиси хун. Акс аз бойгонӣ
Ташхиси хун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Натиҷаҳои таҳқиқи терапияи зидди саратон нишон дод, ки дар ҳақиқат ҳам истифодаи аспирин инкишофи ҳуҷайраҳои саратонро кам карда ба кимиёдармонӣ барои мубориза бо саратон кӯмак мерасонад ва имконияти зинда монданро то 15-20 дарсад боло мебарад.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Истифодаи аспирин қабл аз гузаронидани кимиёдармонӣ ва баъди нобуд сохтани саратон имконияти зинда монданро зиёд мегардонад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба мақолаи олимони бритониёӣ дар маҷаллаи PLoS One.

Навхонадорон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон: издивоҷ имконияти пирӯз шуданро ба саратон зиёд мекунад

"Мо тадриҷан далелҳоеро ба даст меорем, ки таъсири мусбати истифодаи аспиринро барои муолиҷаи намудҳои гуногуни саратон нишон медиҳанд. То ҳол мо медонистем, ки истифодаи миқдори наонқадар зиёди аспирин саратонро аз афзоиш боз медорад, вале мо дарак надоштем, ки чӣ гуна ин мавод метавонад ба нобуд сохтани саратон таъсир расонад", —изҳор дошт Питер Элвуд аз Донишгоҳи Кардифи Британияи Кабир.

Барои кушодани ин муаммо Элвуд ва ҳамкоронаш даҳҳо корҳои илмиро дар бораи таъсири аспирин ба намудҳои гуногуни саратон, аз ҷумла саратони сина, ғадуди простата ва ғайраҳо омӯхтанд.

Ба гуфти олимон, истифодаи ҳатто миқдори ками аспирин афзоиши саратонро боздошта, имконияти зиндамониро барои гирифторони ҳар се намуди саратон то 15-20% баланд мебардорад.

Чуноне Элвуд қайд намуд, таъсири мусбати аспирин ба беморони дигар намуди касалиҳо низ мушоҳида шудааст, вале шумораи чунин маризҳо барои баровардани хулосаи аниқ кофӣ нест. Дар умум, ба назари духтур, олимон бояд таҳқиқот гузаронида дар рафти он ба як қисми беморон истифодаи аспиринро пешниҳод намоянд ва ба қисми дигар бошад, доруҳои оддӣ бидиҳанд.

"Албатта мо дар бораи таъсири аспирин ба дигар намудҳои саратон далелҳои кофӣ надорем. Аз ҷониби дигар, мо аллакай ба беморон пешниҳод менамоем, ки бо духтурони худ  дар бораи истифодаи аспирин ба сифати маводи иловагӣ маслиҳат намоянд",-хулоса кард духтур.

Лентаи хабарҳо
0