Гирифтани хун барои озмоиш. Акс аз бойгонӣ

Шумораи гирифторони ВНМБ (ВИЧ) дар Осиёи Марказӣ зиёд шудааст

115
(Таҷдидшуда 15:36 13.07.2016)
Аксари ҳолатҳои гирифторӣ ба Вируси норасоии масъунияти бадан чи дар Русия ва чи дар дигар кишварҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ ба набудани барномаи пешгирӣ, махсусан байни нашъмандон вобаста аст.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Эпидемияи ВНМБ дар тамоми ҷаҳон рӯ ба афзоиш аст, ҳамасола ба ин намуди вирус зиёда аз 1,9 миллион нафар гирифтор мешаванд, омадааст дар гузориши Барномаи СММ оид ба ВНМБ.

Вале қисми зиёди гирифторони нави ин беморӣ ба мамолики Аврупои Шарқӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд.

"Албатта  аз ҳама вазъияти вазнин ва ташвишовар  дар минтақаҳои —Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дида мешавад. Дар ин мамлакатҳо ҳамасола то 57% зиёдшавии гирифторони ВНМБ  дар давоми солҳои 2010-2015 ба қайд гирифта мешавад",-қайд кард Виней Салдана намояндаи минтақавии UNAIDS дар Маскав.

Бино ба таҳқиқоти ҷадид 80 фисади гирифторони нави ин бемороӣ ба қаламрави Русия рост меояд.

Чуноне коршиносон қайд мекунанд, сабаби асосиаш набудани барномаҳои  пешгирӣ, махсусан байни нашъмандон, ки аксари мавридҳо гирифтории ВНМБ махсусан ба ин қишри ҷомеа рост меояд чи дар Русия ва чи дар дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

"Мо бонги хатар мезанем. Мо аз барномаҳои пешгирӣ истифода мебарем, чунки онҳо заруранд. Агар дар ҳамин замон аз сари нав ин бемории сироятӣ паҳн шавад, мо дар пешгирии эпидемия оҷиз мемонем. Тамоми ҷаҳон бояд барои пешгирии он барномаҳои махсус омода созад",-изҳор дошт мудири иҷроияи ЮНЕСКО Мишел Сидибе.

Аз аввали пайдо шудани эпидемияи ВНМБ аз солҳои 80-ум наздики 78 миллион нафар гирифтори ин маризӣ гардиданд аз онҳо 35 миллоинашон ба ҳалокат расиданд.

Ёдовар мешавем, ки шумораи гирифторони ВНМБ мувофиқи маълумоти расмӣ то авали соли 2015 дар Тоҷикистон 7 ҳазору 142 нафарро ташкил дод.

Қаблан хабар дода шуд, ки сабаби бо нуқсон таваллуд ёфтани кӯдакони тоҷик натанҳо ақду никоҳи хешутаборӣ балки бемориҳое, чун ВНМБ шуда метавонанд. Ин мушкилот бо муҳоҷирати меҳнатӣ  низ вобаста аст.

115
Барчаспҳо:
ВНМБ, СММ, Осиёи Марказӣ