Беморхонаи ҳарбӣ. Акс аз бойгонӣ

Пизишкони Рашту Кӯлоб мубориза бо силро дар Суғд меомӯзанд

33
Табибони силшинос аз ноҳияҳои Рашт ва минтақаи Кӯлоб барои касби таҷрибаи беҳтар ба вилояти Суғд сафар карданд

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik.  Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати тандурустӣ пас аз шиносоию омӯзиши таҷрибаҳои навоҳии вилояти Суғд он дар дигар ноҳияҳои таҷрибавии ҷумҳурӣ пурзӯр хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, и ин сафари омӯзишӣ бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар доираи барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил роҳандозӣ шудааст.

Ҳадафи шиносоии гурӯҳи корӣ бо фаъолияту таҷрибаҳои беҳтарин дар самти пешгирии бемории сил ва вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) маҳсуб мешавад. 

Манбаъ ёдоварӣ мекунад, ки дар вилоят барои пешгирии саривақтии бемории сил ва ВНМО мунтазам тадбирҳо андешида мешавад.

Яке аз фаъолиятҳои назаррас таъсиси Кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ будааст, ки 2015 дар ҳудуди вилояти Суғд 97 адад чунин созмон ташкил шудааст.

Дар онҳо 570 нафар намояндагони бахшҳои маориф, дин, занон, ҷавонон, ҷамоатҳо ва кормандони тиб аъзо мебошанд.

Вазифаи онҳо дарёфт ва ба ташхису табобат фаро гирифтани беморони сил аст. Бо ёрии аъзоёни кумитаҳои мазкур танҳо дар соли 2016 185 нафар мубталоёни сил аз байни аҳолӣ дарёфт ва ба табобат фаро гирифта шуданд.

Ин гуна кумитаҳо соли 2016 аз тарафи  ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар 6 ноҳияи водии Рашт инчунин ноҳоияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Фархори минтақаи Кӯлоб низ ташкил шуда буданд. 

Пас аз шиносоию омӯзиши таҷрибаҳои навоҳии вилояти Суғд акнун он дар дигар ноҳияҳои таҷрибавии ҷумҳурӣ фаъолият пурзӯр хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки сил бемории сироятӣ буда, агар сари вақт пешгирӣ нашавад, як бемор дар як сол ба сироятёбии тақрибан 15 нафар сабаб мегардад.  

33
Барчаспҳо:
ВНМБ, Мубориза зидди бемории сил, Суғд, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар Хатлон равиши нави дармони бемориҳои пӯст роҳандозӣ шуд
Тоҷикистон барои мубориза бо бемории сил 4,6 миллион доллар мегирад
Тоҷикистон дар сатҳи қонун бо бемории сил мубориза мебарад