Донишгоҳи Абуалӣ ибни Сино - муҳимтарин маркази илмии омодасозии коршиносони улуми пизишкӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино бо интишори фарҳанги «Ҳазорвожаи пизишкӣ» гиромӣ дошта шуд

86
(Таҷдидшуда 16:24 18.08.2017)
Ҳамзамон бо Рӯзи пизишк дар Тоҷикистон, ки имрӯз ҷашн гирифта мешавад, нахустин ҷилд аз фарҳанги "Ҳазорвожаи пизишкӣ" мунташир шуд

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино ва Рӯзи пизишкро ҷашн мегиранд. Ба ин муносибат Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон нахустин ҷилд аз фарҳанги чаҳорзабонаи "Ҳазорвожаи пизишкӣ"-ро ба хатти тоҷикӣ мунташир кард.

Ин фарҳангро Гурӯҳи вожагузинии Фарзангистони забону адаби форсии Эрон ва Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон гирдоварӣ кардаанд. Ҳадаф аз таълифу интишори ин фарҳанг ошно кардани коршиносони ҳавзаҳои пизишкии Тоҷикистону Эрон бо шеваҳои вожагузинии якдигар ва маводу равишҳои гуногуни вожасозӣ барои истилоҳоти илмии урупоӣ, умдатан инглисӣ ва русӣ, аст.

Фарҳанги "Ҳазорвожаи пизишкӣ" истилоҳоти пизишкӣ, улуми пояи пизишкӣ, дандопизишкӣ, шунавоипизишкӣ, улуми саломат ва домпизишкиро дар бар дорад. Барои осонсозии корбурди он барои корбарони тоҷик, афзун бар муодилҳои форсӣ ва лотини вожаҳо, нависагардони таърифҳои форсӣ ба хатти тоҷикӣ, муодилҳову таърифҳои тоҷикӣ ва муодилҳои русӣ низ дар он оварда шудааст.

Раиси Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дар сарсухан бар ин вожанома ёдоварӣ карда, ки ин Кумита ва Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон дар соли 2014 ба манзури амалӣ кардани ҳамкориҳои истилоҳшинохтии Тоҷикистону Эрон ёддошти тафоҳуме имзо карда буданд, ки интишори фарҳангҳо ва вожаномаҳои илмии чандзабона бахше аз он буд.

Ин фарҳанг, ки дар чорчӯби иҷрои ҳамон ёддошти тафоҳум мунташир шуда, бар асоси ҷилди аввали китоби "Ҳазорвожаи пизишкӣ" шакл гирифта, ки Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар соли 2010 мунташир кардааст.

Ҷолиб ин аст, ки вожанома дар замоне мунташир шуда, ки сардии равобити Тоҷикистону Эрон бар масоили забону вожасозиву истилоҳгузинӣ ҳам соя афкандааст.

86
Барчаспҳо:
Ҳазорвожаи пизишкӣ, Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон, Тоҷикистон-Эрон
Мавзуъ
Фарҳанги "Ҳазорвожаи чаҳорзабонаи пизишкӣ (форсӣ - инглисӣ - русӣ - тоҷикӣ)" мунташир шуд