Тоҷикистону Узбакистон дар пайкор бо бемории сил ҳамдаст мешаванд

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкВрач поликлиники, архивное фото
Врач поликлиники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони пизишкии Узбакистон дар чорчӯби сафар ба Тоҷикистон аз Бунгоҳи таҷрубаҳои пешрафтаи Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳии қалбу сина боздид хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Гурӯҳе аз коршиносони пизишкии Узбакистон барои табодули таҷруба ба Тоҷикистон рафтааст, гузориш додааст Бунгоҳи Амрико барои тавсеъаи байналмилалӣ (USAID).

Хирурги на операции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пизишкони қирғиз дар Тоҷикистон таҷрибаомӯзӣ мекунанд

Ин нахустин ҳайъат аз пизишкони Узбакистон аст, ки пас аз солҳо сардии равобити Душанбе ва Тошканд ба Тоҷикистон рафтааст.

Ҳадаф аз сафари дурӯзаи ин пизишкон табодули таҷруба бо ҳамкорони тоҷик дар заминаи мубориза бо бемории сил гуфта шудааст. Ин ҳайъат дар чорчӯби Барномаи мубориза бо бемории сил дар Осиёи Марказӣ, ки USAID роҳ андохтааст, аз маркази вижаи бемориҳои сили Фарҳангистони улуми пизишкии Узбакистон ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

Коршиносони пизишкии Узбакистон дар чорчӯби сафар ба Тоҷикистон аз Бунгоҳи таҷрубаҳои пешрафтаи Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳии қалбу сина боздид хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0