Ҷарроҳии ройгон дар Душанбе

Дили бемори кӯдакони тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд: то 4 ноябр

513
(Таҷдидшуда 11:54 01.11.2017)
Беш аз 23 ҷароҳи дилу рагҳо аз 13 кишвари хориҷ аз қабили Арабистони Саудӣ, Канада, Судон, Австралия, Покистон, Ҳиндустон, Миср ва ғайра бо сарпарастии Муассисаи "Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум" бемории қалби кӯдакони тоҷикро шифо мебахшанд

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати тандурустӣ, ҷарроҳии ройгон аз 25 октябр то 04 ноябри соли 2017 дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол"-и Душанбе гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур бо мақсади дастгирӣ ва кумаки нафарони камбизоат рӯи даст гирифта шудааст.

Баҳри гузаронидани чарориҳои дил ва солимгардонии кӯдакону наврасони синни то 18 беш аз 23 ҷароҳи дилу рагҳо аз 13 кишвари хориҷ: Арабистони Саудӣ, Канада, Судон, Австралия, Покистон, Ҳиндустон, Миср, ва ғайра бо сарпарастии Муассисаи "Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум" ҷамъ омадаанд.

Дар рафти гузаронидани ҷароҳиҳо мутахассисони варзидаи тоҷик низ ҷалб карда шудаанд.

Дар даври аввал аз 25 октябр то 04 ноябр соли равон беш аз 105 беморон ҷарроҳӣ хоҳад шуд. Ҳамзамон дар назар аст, иқдоми хайрхоҳонаи мазкур таи моҳи феврали соли 2018 низ сурат бигирад.

  • Ҷарроҳии ройгон дар Душанбе
    Ҷарроҳии ройгон дар Душанбе
    © Фото : Аз равобити умумии Вазорати фарҳанг
  • Ҷарроҳии ройгон дар Душанбе
    Ҷарроҳии ройгон дар Душанбе
    © Фото : Аз равобити умумии Вазорати тандурустӣ
1 / 2
© Фото : Аз равобити умумии Вазорати фарҳанг
Ҷарроҳии ройгон дар Душанбе

 

Манбаъ меафзояд, ки ин иқдом бо ташаббуси ҳукумат дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва кумаки Фонди хайриявии "Лона" дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол"-и Душанбе ҷараён дорад.

513
Барчаспҳо:
ҷарроҳӣ, табобат, ройгон, Муассисаи "Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум", Душанбе, Тоҷикистон
Жители Узбекистана в защитных масках

Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон: ба чор ҳазо наздик шуд

4
Айни замон дар Ӯзбекистон 862 беморони гирифтори COVID-19 табобат мегиранд, нӯҳ нафари онҳо дар ҳолати вазнин ва як нафар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дорад

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Дар ин кишвар давоми шабонарӯзи гузашта боз 26 ҳолати ҷадиди мубталошавӣ ба ин маризӣ сабт гардид, хабар медиҳад ситоди фаврии назди ҳукумати Ӯзбекистон.

Бо илова шудани 26 мавориди ҷадид, шумораи умуми дардмандон ба 3 965 нафар баробар шуд.

Гуфта  мешавад, ба қарибӣ дар ҷумҳурӣ 96 ҳолати нави COVID-19 ва снаи 3 июн - 83 нафар бо нишонаҳои ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, ҳоло дар Ӯзбекистон 862 беморони гирифтори COVID-19 табобат мегиранд, нӯҳ нафари онҳо дар ҳолати вазнин ва як нафар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дорад

Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Узбакистон 15 март дар зане, ки аз Фаронса ба ватанаш баргашт, расман сабт шуд.

Ҳукумати Ӯзбекистон сар аз пайдоиши ин беморӣ дар ин кишвар чораҳи қатъӣ аз ҷумла қарантинаро роҳандозӣ кард.

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

Ба наздикӣ мақомоти Узбакистон қарантинро дар ҷумҳурӣ то 15 июн тамдид карданд, аммо дар минтақаҳое шуюи коронавирус паст гаштанд аз 1 июн ба нуқтаҳои маишӣ ва гузаронидани тую маъракаҳо иҷозат дода шуд.

Ҳамчунин, аз 18 май инҷониб равуои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва дигар минтақаҳои Узбакистон барқарор карда шуданд.

Аз 8 июн, дари мосоҷид ва дигар ибодатгоҳҳо ба рӯйи сокинон кушода хоҳад шуд.

4

Мутахассисони Роспотребнадзор барои мубориза бо COVID-19 боз ба Тоҷикистон меоянд

287
(Таҷдидшуда 14:00 05.06.2020)
Кормандони Роспотребнадзор дар чаҳорчӯбаи гурӯҳи вокуниши фаврии Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Роспотребнадзор ният дорад мутахассисонро барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон фиристад.

Кормандони Роспотребнадзор дар чаҳорчӯбаи гурӯҳи вокуниши фаврии Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард

"Дар ояндаи наздик, мутахассисони Роспотребнадзор боз барои кор ба ҳайси як гурӯҳи байналмилалии коршиносоне, ки аз ҷониби ТУТ таъсис дода шудаанд, барои кор ба ҷониби Тоҷикистон дар ташхиси лабораторӣ, назорати эпидемиологӣ ва гузаронидани таҳқиқот дар коронавирус кӯмак мерасонанд", гуфт хадамоти матбуот.

Гуфта мешавад, фиристодаҳои Роспотребнадзор дар ҳайати ТУТ ба ҷониби Тоҷикистон дар ташхиси лабораторӣ, назорати эпидемиологӣ ва таҳқиқоти илмии коронавирус кӯмак хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, мутахассисони Роспотребнадзор алакай аввали моҳи май ба Тоҷикистон омада,  вазъи эпидемияи кишвар, тадбирҳои вокуниш ва иқтидори лабораториро арзёбӣ карданд.

 Ғайр аз он, коршиносони рус ба кормандони соҳаи тиб дар Тоҷикистон тавсияҳо оид ба мубориза бо коронавирус пешниҳод карданд.

Қайд карда мешавад, ки Роспотребнадзор ва ТУТ кори худро дар мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус якҷоя идома медиҳанд.

Махсусан, дар доираи Шабакаи Глобалии Огоҳкунӣ ва Амалҳои ҷавобӣ (GOARN), агентӣ дар ташкили гурӯҳҳои вокуниши фаврӣ барои расонидани кӯмак ба кишварҳои бештар зарардида ширкат мекунад.

Тибқи маълумот  то 4 июн, шумораи умумии беморони коронавирус дар Тоҷикистон ба 4289 нафар мерасад.

Теъдоди қурбониён то имрӯз аз  ин беморӣ дар кишвар ба  48 нафар расида, ҳамчунин 2401 нафари дигар табобат ёфтаанд.

 

287