Даъвати ҳарбӣ. Акс аз бойгонӣ

Даъвати тирамоҳӣ ва мушкилоти муоъинаи тиббӣ дар Хатлон муҳокима шуд

54
(Таҷдидшуда 15:32 17.12.2017)
Дар вилояти Хатлон Шӯрои навбатии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии Вазорати тандурустӣ хабар дода шудааст.

Пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ,   паст намудани сатҳи гирифторшавии аҳолӣ ба маризиҳои сироятӣ, коҳиш додани сатҳи маъюбшавии сокинон, коҳиш додани фавт аз бемориҳои ғайрисироятию осеббардорӣ,  кам намудани паҳншавии омилҳои умумии хатари бемориҳои ғайрисироятии асосӣ, ба монанди тамокукашӣ, ғизои носолим, истеъмол намудани машруботи спиртӣ аз мавзуоти аслие буданд, ки дар Шӯрои  навбатии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баррасӣ шуданд.

Ин чорабинӣ дар шаҳри Қурғонтеппа доир гашта,  дар рафти кори он, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Хатлон Махфират Хидирзода, менеҷерони сохтори госпиталӣ ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии вилоят, директорони Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон,  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим,  инчунин намонядагони идораҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ дар вилояти Хатлон ширкат намуданд.

Дар рафти ҷаласа  ҳолати  тадбиқи карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2013-2023" бо мақсади паст намудани сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ, маъюбшавӣ, фавт аз бемориҳои ғайрисироятию осеббардорӣ, паст намудани мушкилоти бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ,  кам намудани фавту маъюбшавӣ баррасӣ шуд.

Ҳамзамон кам намудани паҳншавии омилҳои умумии хатари бемориҳои ғайрисироятии асосӣ, ба монанди тамокукашӣ, ғизои носолим, истеъмол намудани машруботи спиртӣ мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Манбаъ афзуда, ки масъалаи  даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз  камбудӣ ва норасоиҳои  ошкоргардида дар рафти  муоинаи тиббии даъвати тирамоҳии соли 2017 натиҷагирӣ карда шуд.   

Дар охири кори ҷаласа  ба иштирокдорон  нисбати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ  ба аҳолӣ ва дар заминаи он  пешгирии  беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа дар доираи ҳадафҳои бунёдии  «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  ‎2013-2023», инчунин вобаста ба эмгузаронӣ ва дар амал тадбиқ намудани талаботи  "Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2010-2020" дастур ва супоришҳои қатъӣ дода шуд.

54
Барчаспҳо:
бемориҳои сироятӣ, саломатӣ, муҳокима, Вазорати тандурустӣ, Хатлон, Тоҷикистон
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

105
Шабонарӯзи гузашта аз маризии сироятии коронавирус дар Тоҷикистон боз як нафари дигар ҷон супорид. Вазорат низ хабари фавти маризи коронавирусро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори як рӯзи ахири гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр намуд.

Бар хабари котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта аз ин маризӣ боз як нафар ҷон бохта, ҳамзамон 43 мавриди нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати аз 30 апрел то 26 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9 605 нафар расид.

Зимнан, аз ин беморӣ то кунун 8385  ё худ 87,3 дарсади гирифторон шифо ёфта, 75 нафар фавтиданд.

"Шабонарӯзи охир 97  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Феълан Ҳукумати  Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

105
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Покупатель в аптеке

"Авифавир" доруе, ки дар 7 рӯз вируси COVID- ро мекушад, ба дорухонаҳои Ӯзбекистон роҳ ёфт

736
(Таҷдидшуда 15:56 26.09.2020)
Ӯзбекистон аз нахустин кишварҳоест, ки Авифавир дору алайҳи маризии коронавирусро аз Русия дастрас намуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар дорухонаҳои кишвари Ӯзбекистон доруи "Авифавир" роҳ ёфт ва он тибқи дорухати табибон ба эҳтиёҷмандон фурӯхта мешавад.

Ӯзбекистон акнун аз нахустин кишварҳоест, ки ба ин дору дастрасӣ пайдо кард.

"Авифавир" дар Русия истеҳсол шуда, онро мутахассисони рус дар мубориза алайҳи маризии коронавирус муассир медонанд.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шуд.

“Авифавир”: нахустин доруи зидди COVID-19 дар Русия аз сӯи Вазорати тандурустӣ тасдиқ шуд

Гуфта мешавад, "Авифавир" нахустин доруи мустақими вирусии сохти Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб кардан, имкон надорад.

" "Авифавир" на танҳо доруи антивирусӣ алайҳи коронавирус дар Русия ба қайд гирифта шудааст, балки мумкин аст, умедворкунандатарин доруи зидди COVID-19 дар ҷаҳон бошад",- гуфта буд директори генералии Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев.

Бояд гуфт, ки доруи мазкур дар бозори Русия моҳи июн пайдо шуд. Ба гуфтаи табибон, бо истифода аз ин дору, табобати сирояти коронавирус на зиёда аз як ҳафта тӯл мекашад.

736
Барчаспҳо:
маризӣ, дору, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Футболист на поле, архивное фото

Пирӯзии “Навбаҳор” бар “Равшан” и Кӯлоб: ҳисоби бозӣ 5:0

0
(Таҷдидшуда 19:15 26.09.2020)
Бозии даври чаҳоруми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни ҷавондухтарон U-17 бо пирӯзии “Навбаҳор” и ноҳияи Мастчоҳ бар “Равшан” и шаҳри Кӯлоб ба охир расидааст. Дар ин бозӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Тавре Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, дар доираи даври чаҳоруми чемпионати футбол инчунин бозӣ миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Мактаби махсуси футбол, чавгон ва асп” ё “ММФЧВА” и Суғд доир шуда, бо ҳисоби 3: 2 бо ғалабаи мизбонон тамом шудааст.мяч

Бино ба иттилоъи манбаъ дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон шаш даста ба ҳисоби “Навбаҳор” у “Равшан” ва “ММФЧВА” у “Хатлон” барои ба даст овардани Ҷом рақобат мекунанд.

Қарор аст, дар доираи давраи панҷуми бозиҳо “Навбаҳор” дар сафар бо дастаи “Ҳосилот” и Фархор бозӣ анҷом диҳанд.

 “Ҳоло дастаи “Хатлон” дар ҷои аввал ва дастаи “ММФЧВА” дар ҷои дуюм қарор дорад”, - гуфт Юнусов.

Соли гузашта дастаи “ММФЧВА” чемпион шуда буд. Зимнан соли сеюм аст, ки чемпионати футбол миёни бонувон мунтазам доир мегардад.

 Баъзеҳо аз баргузории футболи занона интиқод мекунанд, аммо бисёриҳо бо муҳимияти тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии ин намуди варзиш миёни бонувонро тасмими саривақтӣ медонанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии чемпионати футбол миёни бонувонро роҳандозӣ намуда, аз сӯи ин ниҳод сафархарҷ, туб ва либоси варзишии дастаҳо таъмин карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
Кӯлоб, пирӯзӣ, Мастчоҳ, Футбол, Суғд, Тоҷикистон