Кӯдакони навзод. Акс аз бойгонӣ

Давраҳои омӯзишӣ барои пизишкон дар Хатлон

32
(Таҷдидшуда 16:30 31.12.2017)
Давраҳои омузишӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дустӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шудааст

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи хизматрасониҳои тиббӣ ба кӯдакон дар сатҳи беморхонаҳо, инчунин ҷиҳати омӯзонидани кормандони шӯъбаҳои кӯдаконаи шаҳру ноҳияҳо миёни кормадони марбута, дар бархе аз беморхонаҳои минтақаи Қурғонтеппа давраҳои омӯзишӣ роҳандозӣ гардидааст.

Гуфта мешавад иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гузаронидани давраи омӯзишӣ барои кормандони тибби минтақаҳои Қурғонтеппаи вилояти Хатлон оид ба "Маълумотномаи киссагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба кӯмаки статсионарӣ ба кӯдакон" ва ташрифҳои кураторӣ рӯи даст гирифта шуд.

Давраҳои омузишӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дустӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шудааст.

32
Барчаспҳо:
давраҳои омӯзишӣ, табобат, Хатлон, Тоҷикистон

Бидуни фавт: омори тозаи гирифторони COVID - 19 дар Тоҷикистон

183
(Таҷдидшуда 18:08 05.06.2020)
То 5 июн дар Тоҷикистон 4370 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 2491 (57%) нафар шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторони коронавирусро нашр кард.

"Шабонарӯзи гузашта 81 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор шуда, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашуд", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои ин ниҳод, то 5 июн дар Тоҷикистон 4370 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 2491 (57%) нафар шифо ёфтаанд. То имрӯз дар Тоҷикистон аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 5 июн дар кишвар 1355 нафар зери назорати табибон қарор доранд.

Пешгирӣ аз вируси корона: 20 ширкати тоҷикӣ ба тавлиди ниқоби тиббӣ оғоз карданд

Манбаъ афзуда, ки дар як шабонарӯзи охир 219 нафар пас аз шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Мо метавонем: ширкатҳои Тоҷикистон даҳҳо тонна собун, хлор ва антисептик истеҳсол карданд

183
Барчаспҳо:
бемориҳои сироятӣ, сироят, вируси нав, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Жители Узбекистана в защитных масках

Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон: ба чор ҳазор наздик шуд

69
(Таҷдидшуда 17:09 05.06.2020)
Айни замон дар Ӯзбекистон 862 беморони гирифтори COVID-19 табобат мегиранд, нӯҳ нафари онҳо дар ҳолати вазнин ва як нафар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дорад

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Дар ин кишвар давоми шабонарӯзи гузашта боз 26 ҳолати ҷадиди мубталошавӣ ба ин маризӣ сабт гардид, хабар медиҳад ситоди фаврии назди ҳукумати Ӯзбекистон.

Бо илова шудани 26 мавориди ҷадид, шумораи умуми дардмандон ба 3 965 нафар баробар шуд.

Гуфта  мешавад, ба қарибӣ дар ҷумҳурӣ 96 ҳолати нави COVID-19 ва снаи 3 июн - 83 нафар бо нишонаҳои ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, ҳоло дар Ӯзбекистон 862 беморони гирифтори COVID-19 табобат мегиранд, нӯҳ нафари онҳо дар ҳолати вазнин ва як нафар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дорад

Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Узбакистон 15 март дар зане, ки аз Фаронса ба ватанаш баргашт, расман сабт шуд.

Ҳукумати Ӯзбекистон сар аз пайдоиши ин беморӣ дар ин кишвар чораҳи қатъӣ аз ҷумла қарантинаро роҳандозӣ кард.

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

Ба наздикӣ мақомоти Узбакистон қарантинро дар ҷумҳурӣ то 15 июн тамдид карданд, аммо дар минтақаҳое шуюи коронавирус паст гаштанд аз 1 июн ба нуқтаҳои маишӣ ва гузаронидани тую маъракаҳо иҷозат дода шуд.

Ҳамчунин, аз 18 май инҷониб равуои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва дигар минтақаҳои Узбакистон барқарор карда шуданд.

Аз 8 июн, дари мосоҷид ва дигар ибодатгоҳҳо ба рӯйи сокинон кушода хоҳад шуд.

69