Дорухона, акс аз бойгонӣ

Баъди танқидҳои раисҷумҳур: дар Бадахшон доруҳои пастсифат мусодира ва сӯзонда шуданд

190
Як дона доруи асил ва пок метавонад бемори рӯи бистарро ба по хезонад. Аммо доруи пастсифату қалбакӣ метавонад дардро шадидтар созад. Доруфурӯш, пеш аз ҳама, бояд дар бораи саломатии одамон фикр кунад ва баъд аз он дар бораи тиҷорати худ, мегӯяд Зӯҳро Олимшоева

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон доруҳои пастсифат ва аз мӯҳлаташон гузашта мусодира ва сӯзонида шуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони намояндагии Хадамоти назорати фармасевтии ҷумҳурӣ дар ВМКБ дар дорухонаҳои вилоят тафтишотдоир кард. 

"Фурӯхтани дору бар дӯши инсон масъулияти бузург мегузорад. Зеро дар бисёр маврид як дона доруи асил ва пок метавонад бемори рӯи бистарро ба по хезонад. Аммо доруи пастсифату қалбакӣ метавонад дардро шадидтар созад. Доруфурӯш, пеш аз ҳама,  бояд дар бораи саломатии одамон фикр кунад ва баъд аз он дар бораи тиҷорати худ",- мегӯяд мудири намояндагӣ Зӯҳро Олимшоева.

Гуфта мешавад, давоми як ҳафта сифату муҳлати дорувории 58 муассисаи фармасевтӣ ва 31 муассисаи табобатии вилоят  мавриди санҷиш қарор дода шуд.  Аз дорухонаҳои шаҳру ноҳияи вилоят 94 навъи дору, ки бештарашон барои кӯдакони бемор тавсия дода мешаванд, мусодира шуданд.

Ба гуфтаи Зуҳро Олимшоева, ҳангоми санҷиш 933 адад доруворӣ аз муомилот берун карда шуда, шахсони масъул ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Ҳамчунин мутахассисони намояндагии мазкур сифати маводи ороишии чанд мағоза ва кошонаҳои ҳуснро санҷида, 8 номгӯй маводеро, ки ба талаботи меъёрҳои фармасевтӣ ҷавобгӯ набуданд, ошкор карданд. Ин муассисаҳои хизматрасонӣ низ ба маблағи 13 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Тамоми маводи мусодирашуда пас аз ташхис ва таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба коми оташ андохта шуданд.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми солонааш дар назди вакилони Маҷлиси Тоҷикистон гуфт, акса дорувориҳои ба кишвар аз хориҷ ворид мешаванд ба талабот ҷавобгӯ набуда, пастсифат ва ба саломатии инсон зараровар мебошанд.

190
Барчаспҳо:
мусодира, маводи доруворӣ, Эмомалӣ Раҳмон, ВМКБ, Тоҷикистон