Пизишкони Суғд 30 худрави ёрии таъҷилӣ дарёфт карданд

© SputnikСкорая медицинская помощь в Душанбе
Скорая медицинская помощь в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бунгоҳҳои пизишкиву дармонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҳукумати вилоят 30 худрави ёрии таъҷилии пизишкӣ дарёфт карданд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ба иттилоъи равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, худравҳои ёрии пизишкиро раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар маросиме, ки имрӯз дар Хуҷанд баргузор шуд, ба мудирони бунгоҳҳои пизишкӣ супурд.

“Ин худравҳо бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хидматрасонии тиббӣ ва расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба сокинон ба муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят дода мешаванд”, — гуфт Қодирӣ дар ин маросим.

Ба гузориши муовини раиси вилоят дар умури тандурустӣ Назира Ғаффорӣ, дар солҳои 2016 – 2017 бунгоҳҳои пизишкӣ аз ҳукумати вилоят 25 худрави ёрии таъҷилӣ дарёфт карда буданд ва акнун шумораи куллии ин василаҳои нақлия 109 адад аст.

Ҳукумати вилояти Суғд барои хариди 30 худрави "Хундай Старекс" 1,4 милюн сомонӣ ҳазина кардааст. Аз ин худравҳо чаҳорто ба бунгоҳҳои пизишкии шаҳру ноҳияҳои Панҷиканд, сето ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сето ба шаҳри Хуҷанд, яке ба Шаҳристон, дуто ба Конибодом, сето ба Истаравшан, дуто ба Масчо, дуто ба Спитаман, яке ба Кӯҳистони Масчо, яке ба Истиқлол, яке ба Бӯстон, дуто ба Зафаробод, сето ба Деваштич, яке ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ва яке ҳам ба бемористони минтақаии Зарафшон дода шуд, ки ба бошандагони водии Яғноб хидмати тиббӣ мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0