Пизишк. Акс аз бойгонӣ

Пизишкон "фишори хуни" созандагони нерӯгоҳи Роғунро санҷиданд

55
(Таҷдидшуда 14:36 31.01.2018)
Чиҳил нафар пизишк коргарони сохтмони нерӯгоҳи барқобии Роғунро ройгон аз муоинаи тиббӣ гузарониданд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати тандурустӣ хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 26 январ "Корвони саломатӣ"-и Вазорати тандурустӣ барои муоинаи пизишкии коргарони сохтмони нерӯгоҳ ба Роғун рафтанд.

"Дар чорабинии мазкур 40 нафар мутахасисони ботаҷрибаи соҳа ҷалб гардида, дар рафти баргузории "Корвони саломатӣ" зиёда аз 1500 нафар муроҷиаткунандагон аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд", — омадааст дар хабарнома.

"Корвони саломатӣ" бо дастгоҳҳои ташхисӣ, аз қабили ташхиси фаросавтӣ, дастгоҳи сабти барқии дил, дастгоҳи даруннигарӣ, нақлиёти сайёри флюорографӣ, нақлиёти сайёри ташхисӣ, тестҳо барои ташхиси бемориҳои сироятӣ ва диабети қанд, инчунин маводҳои иттилоотӣ барои ташхису маслиҳатдиҳӣ муоинаи тиббӣ гузарониданд.

55
Барчаспҳо:
муоинаи тиббӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Рынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото

Лентаҳои сурхи замони COVID -19 дар бозори “Панҷшанбе”

608
(Таҷдидшуда 19:18 10.07.2020)
Кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Суғд, ба хотири риоя шудани масофаи иҷтимоӣ байни хариддорону фурӯшандаҳо ба масъулини бозорҳо дастур додаанд, ки дар растаҳои фурӯши маҳсулот лентаҳои сурх кашанд

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Гуфта мешавад муқаррароти нигоҳ доштани масофа ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии "вируси корона" аст.

Бо дастури масъулини Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Суғд, имрӯз чунин лентаҳои сурх дар бозори “Панҷшанбе” - и Хуҷанд насб карда шудааст, ки минбаъд масофаи байни фурӯшанда ва хариддоронро нигоҳ медорад.

Ғаниҷон Почоев, раиси соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо дастури масъулин, ба насби лентаҳои сурх дар саҳну атрофи бозор машғул шудаанд.

Кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Суғд, ҳамарӯза дар бозорҳо, марказҳои савдо ва ҷойҳои ҷамъиятии ҳудуди вилоят барои огоҳии мардум аз хатари паҳншавии бемории коронавирус корҳои профилактикӣ мегузаронанд."Ҳамин рӯз ду се нафар аз Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ба бозори Панҷшанбе омада ба мо чунин дастур доданд. Мо ин муқаррароти онҳоро ба иҷро расонида, дар растаҳои бозор лентаҳои сурх насб намудем", - гуфт Почоев.

Раиси соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” гуфт ба ҷуз насби лентаҳои сурх, онҳо инчунин аз тариқи баландгӯякҳо ба сокинон эълон мекунанд, ки қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла бастани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятиро риоят кунанд.

"Мо эълони тавсияи ниқоббандиро сабт кардаем ва ҳаррӯз он чанд маротиба садо медиҳад", - гуфт Почоев.

Ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дод. Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 9-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6410 нафар баробар шудааст. То санаи зикргардида дар мамлакат 5067 нафар ё худ 79%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 54 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сокинон даъват мекунанд, ки аз коҳиш ёфтани ин маризӣ бепарво набуда, тавсияи табибонро риоя кунанд.

608
Барчаспҳо:
Панҷшанбебозор, бозор, вируси нав, Хуҷанд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Омори шаҳри Панҷакент: 383 шифоёфтаву 8 фавт аз 394 гирифтори "илтиҳоби шуш"

359
(Таҷдидшуда 16:38 10.07.2020)
Раъно Абдуллоева, муовини сартабиби Бемористони шаҳри Панҷакент, омори гирифтории сокинон ба бемории “илтиҳоби шуш” - ро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Муовини сартабиби шаҳри Панҷакент дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, шумори гирифторони "илтиҳоби шуш" назар ба як моҳи гузашта коҳиш ёфта айни ҳол, танҳо 3 нафар дар бемористон табобат мегиранд.

"Аз оғози ҳафтаи равон дар бахши сироятии Бемористони шаҳри Панҷакент шумори беморони мубтало ба "илтиҳоби шуш" танҳо 3 нафар, 2 мард ва 1 зан боқӣ мондаанд. Вазъи саломатии ду нафари онҳо нисбатан вазнин, вале саломатии як нафари дигар муътадил арзёбӣ мешавад”, - гуфт Абдуллоева.

Муовини сартабиби Панҷакент таъкид намуд, ки аз рӯи 30-уми апрели соли ҷорӣ, яъне аз замони нахустин сабти ин беморӣ то ҳоло 394 маврид бо аломатҳои "илтиҳоби шуш" бистарӣ шудани сокинон қайд шуда, аз ин шумор 109 нафар дар бемористон ва 282 нафар дар хонаҳояшон зери тадобии духтурон шифо ёфтаанд.

Ба иттилоъи манбаъ дар умум аз 394 мавриди сабти беморӣ, 8 нафар фавтидаанд.

Раъно Абдуллоева, афзуд ҳоло назар ба як моҳи қабл, ки то 60 нафар дар бемористон бистарӣ буданд, ҳоло вазъ дар шаҳри Панҷакент муътадил буда, дар ҳоли ҳозир танҳо 3 нафар бо аломати “илтиҳоби шуш” дар бемористон табобат мегиранд.

Барои табобати беморон дар Бемористон таҷҳизотҳои лозим аз қабили Оксгенератор ва Дастгоҳи нафаси сунъӣ (ИВЛ) ворид карда шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои аввалин бор дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дод. Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 9-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6410 нафар баробар шудааст.

То санаи зикргардида дар мамлакат 5067 нафар ё худ 79%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 54 нафар фавтидаанд.

Вазорати беҳдошт мегӯяд, дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ беш аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кӯмаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

359
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, омор, Панҷакент
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Нурекское водохранилище

Қадрдонии прапоршик Сафаров барои наҷоти духтари ноболиғ

0
(Таҷдидшуда 13:14 11.07.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки прапоршик Сафаров Анваршо, корманди идораи милиса дар шаҳри Норак, ҳангоми адои хизмат як духтарчаро аз марг наҷот дод

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, рӯзи 8 июли соли равон Сафаров, духтари ноболиғро, ки дар дарёи Вахш дар ҳолати ғарқшавӣ қарор дошт, наҷот дод. Ин ниҳод аз амали Сафаров тавсиф кард, ки аз худ далериву ҷасурӣ нишон додаст.

Манбаъ афзуд, ки барои қадрдонии корманди милиса дар маҷлисгоҳи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ҷамъомади ҳайати шахсӣ доир гардид.

"Раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо рафтори шуҷоатмандонаи корманди милитсия Анвар Сафаровро намунаи баланди хизматӣ, садоқат ба касб ва эҳтироми баланд ба мардум арзёбӣ намуда, ӯро бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонид", - омадааст дар иттилоия.

Сипас аз номи Роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон, сардори ШВКД дар шаҳри Норак подполковники милитсия Саидаҳрор Мирзоев барои нишон додани мардонагиву шуҷоат ва содиқ будан ба савганди хеш ба корманд изҳори сипос намуда, дар фазои тантанавӣ ӯро бо тӯҳфаҳои пулию хотиравӣ қадрдонӣ кард. 

ВУД илова намуд, ки инчунин дар назди ҳозирин фармон дар бораи додани рутбаи ғайринавбатӣ ба прапоршики милитсия Сафаров Анваршо Маҳмадсобирович эълон карда шуд.

0
Барчаспҳо:
наҷотдиҳанда, милиса, размикор, Тоҷикистон