Раҳимзода Маркази ташхисии Раёсати тиббии ВКД-ро ба баҳрабардорӣ расонд

© Фото : Аз ВКД ТоҷикистонМавриди истифода қарор гирифтани Маркази ташхисии Раёсати тиббии ВКД
Мавриди истифода қарор гирифтани Маркази ташхисии Раёсати тиббии ВКД - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ширкати вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон, сардорони раёсату хадамотҳои дастгоҳи марказии ВКД, роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати тиббии Вазораторҳои дохилӣ бинои нави Маркази ташхисии Раёсати тиббии ВКД ба баҳабардорӣ расид

ДУШАНБЕ, 18 мар- Sputnik. Ба гузориши ВКД, Раҳимзода Рамазон дар бо ҳайати шахсии ин ниҳод ҳамсӯҳбат ielf, онҳоро бо фарорасии Наврӯз табрику муборакбод гуфтааст.

Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ гуфтааст, ки "шумо кормандони Раёсати тиббӣ пайваста бо беморон сарукор доред, мувазаф ҳастед нигоҳубини онҳоро дар сатҳи олӣ ба ҷо оред. Сайъ намоед, илму дониш ва истифодабарии техникаву таҷҳизотҳои муосирро аз худ намуда, мутахассисони соҳибтаҷриба гардед, то ки ба беморону муроҷиаткунандагон саривақт кӯмаки худро расонед.

Вазрони корҳои дохилаи Тоҷикистону Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳимзода ҳамтои узбакашро бо фаъолияти "Шаҳри бехатар" ошно кард

Мо низ дар навбати худ кӯшиш менамоем, баҳри пешрафти самти корӣ ва дар сатҳи зарӯрӣ ба роҳ мондани фаъолияти ин ниҳод, ҳарчи бештар онро бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ таъмин намоем".

Вазир аз ҳуҷраҳои кории бинои Маркази ташхисӣ дидан намуда, бо дастгоҳҳои наве, ки таҷҳизонида шудаанд ошно шудааст.

Зимни боздид аз тарзи истифодабарии дастгоҳҳои рентгении рақамӣ, дастгоҳи ултрасадоии муоинаи узвҳои дарунии бадан, дастгоҳи муайянкунандаи кори дил (ЭКГ), дастгоҳи муайянкунандаи таҳлили биохимиявии хун ва дигар таҷҳизотҳои мавриди истифода қарор додашуда бо мутахассисони ҳар як дастгоҳ аз наздик ҳамсӯҳбат гардидааст. 

Маркази ташхисии Раёсати тиббии ВКД иборат аз ду ошёна буда, он аз ҳуҷраҳои рентгении рақамӣ, ултрасадоии муоинаи узвҳои дарунии бадан, муайянкунандаи кори дил (ЭКГ), муайянкунандаи таҳлили биохимиявии хун, ҳуҷраи муайянкунандаи шунавоӣ, ҳуҷраи муйянкунандаи кори майнаи сар ва дигар самтҳои фаъолият иборат мебошад.

Лентаи хабарҳо
0