Дар озмоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Рӯзноманигорони тоҷикро барои мубориза бо бемории сил "омода" карданд

62
(Таҷдидшуда 14:29 22.03.2018)
Як гурӯҳ рӯзноманигорони тоҷик барои баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ оид ба бемории сил ба вилояти Суғд рафтаанд

ДУШАНБЕ, 22 мар— Sputnik. Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ дар ҳамбастагӣ бо Барномаи ЮСАИД оид ба мубориза ба бемории сил, як гурўҳ рўзноманигорон ба вилояти Суғд сафарбар гардидаанд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати тандурустӣ.

Ба гузориши манбаъ, чорабинии мазкур ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил роҳандозӣ шуда, ҳадафи он тавассути ВАО баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ мебошад.

Сафари омӯзишии рӯзноманигорон аз 12 то 16 марти соли 2018 идома ёфтааст. Намояндагони ВАО дар ин муддат бо фаъолияти беморхонаҳои зиддисилии ноҳияҳои Спитамен, Конибодом ва Мастчоҳи вилояти Суғд ошно гардиданд.

Табибони силшинос ба хабарнигорон иттилоъ додаанд, ки аз соли 2015 инҷониб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби фаъолони ҷомеа Кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ ташкил шуда, оид ба бемории сил дар байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Аъзоён моҳе 2 маротиба дар байни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ гузаронида, афроде, ки нишонаҳои беморӣ дар онҳо мушоҳида мешавад тариқи роҳхат барои гузаштан аз ташхис ба муассисаи тиббӣ равона карда мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир Нақшаи миллии стратегӣ оид ба мубориза алайҳи бемории сил аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул шудааст ва ин санад фаъолияти соҳаро ба танзим медарорад.

62
Барчаспҳо:
Мубориза зидди бемории сил, рӯзноманигорон, Вазорати тандурустӣ, Суғд, Тоҷикистон