Вазорати тандурустӣ аз кори ёрии таъҷилии беморхонаҳои Хатлон огаҳ шуд

© SputnikМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи корие аз вазорати тандурустии Тоҷикистон аз вазъи хизматрасонии ёрии таъҷилии беморхонаҳои вилояти Хатлон огаҳ шуд

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар доираи тарҳи беҳтар намудани кумаки техникӣ дар самти ёрии таъҷилӣ, аз 17 то 28 март, як гурўҳ намояндагони Вазорати тандурустӣ ба вилояти Хатлон сафар карданд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорат.

Гуфта мешавад, ки гурўҳи корӣ аз вазъи хизматрасонии ёрии таъҷилии бахши госпиталии беморхонаҳои Ёвон, Темурмалик, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддин Балхӣ, Вахш, Дустӣ, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Қубодиён, Ҷайхун, Фархор, Ҳамадони, Ш.Шоҳин, Панҷ, Восеъ, шаҳри Кулоб, Муъминобод, Балҷувон ва шаҳри Норак дидан намудаанд.

Центр по профилактике и борьбе со СПИДом - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигорони тоҷикро барои мубориза бо бемории сил "омода" карданд

Манбаъ афзуда, ки дар рафти боздид ба беморхонаҳо кўмаки техникӣ расонида шудааст.

Сафари хизматии намояндагони Вазорати тандурустӣ дар доираи ҳамкорӣ байни Вазорат ва Агентии ҳамкории байналмиллалии Япония (JICA) ташкил гардидааст.

Пештар хабар дода шуд, ки тибқи нақша имрӯзҳо корҳои азнавсозӣ дар 12 маркази саломатии деҳотии Хатлон бо суръати баланд идома дошта, сохтмончиён 90% корҳоро ба сомон расонидаанд.

Тарҳи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ аз зумраи он тарҳҳое аст, ки тӯли чор сол ин ҷониб дар 5 ноҳияи таҷрибавии вилояти Хатлон амалӣ гашта, биноҳои 12 маркази саломатии КАТС-ро бо тарҳи нави меъморӣ аз нав бунёд намуда истодаанд.

Лентаи хабарҳо
0