Ифтитоҳи маркази табобатӣ

Дар ноҳияи Ашт Маркази ташхисию табобатӣ бунёд шуд

41
(Таҷдидшуда 17:24 09.04.2018)
Дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт Маркази ташхисӣ - табобатии эндоҷарроҳии "Азиз" ба фаъолият оғоз кардааст

ДУШАНБЕ, 10 апр— Sputnik. Ин марказро соҳибкори маҳаллӣ бунёд кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ки Маркази ташхисӣ — табобатии эндоҷарроҳии "Азиз" бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Дадобоев Туйалӣ дар ҳаҷми 452 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.

Маркази ташхисӣ — табобатӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 15 утоқи корӣ мебошад ва дар он 21 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Пештар соҳибкоре дар деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт Хонаи саломатии замонавӣ бунёд карда буд.

Ин Хонаи саломатӣ бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Абюҷон Мӯсоев ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маблағи 55 ҳазор сомонӣ сохта шуда, аз 4 ҳуҷра иборат аст.

41
Барчаспҳо:
Маркази табобатӣ, ифтитоҳ, ноҳияи Ашт, Тоҷикистон
Денежные купюры. Архивное фото

Иттиҳоми қаллобӣ алайҳи ду зан аз ВКД: тоза кардани махзанро ваъда додаанд

390
(Таҷдидшуда 19:22 18.01.2021)
Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду зан, кормандони Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст, ки ба ивази маблағ тоза кардани маълумот аз махзани ин ниҳодро ваъда додаанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод аз муттаҳамон Исматшозода Зебуниссо, сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳқиқотчии ин раёсат Қумригул Раҷаб ном бурдааст.

Манбаъ афзуд, ин ду нафар дар он муттаҳам мешаванд, ки ҳангоми кор дар мақомҳояшон 8 сентябри соли 2020 дар бинои ВКД Тоҷикистон бо шаҳрванд “А” вохӯрда, аз охирин бораи аз маҳзани маълумотӣ тоза кардани иттилоъ дар бораи доғи судияш 1200 доллар талаб кардаанд.

Ба иттилои Ожонс, ин ду масъул ваъда додаанд, ба ивази маблағ аз махзани Сармаркази иттилооти таҳлилии ВКД Тоҷикистон маълумот дар бораи доғи судиро тоза мекунанд.

Ожонси зидди фасод афзуд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Исматшозода ва Ҳалимзода баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 1200 доллари ИМА дастгир гардида, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Таъкид шудааст, ки алайҳи муттаҳамон бо айби қаллобӣ  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Феълан назари айбдоршавандаҳо ва ҷониби ҳимояашон дар бораи ин қазия маълум нест.

390
Барчаспҳо:
муттаҳам, қаллобӣ, боздошт, Тоҷикистон
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе

Аз 13 308 маризи коронавирус дар Тоҷикистон 90 кас фавтида, дигарон шифо ёфтанд

93
(Таҷдидшуда 18:59 18.01.2021)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз як ҳафтаи ахир ягон ҳолати гирифторшавӣ ба бемории коронаиврус сабт нашудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, аз охири апрели соли гузашта то ҳол дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудааст.

Манбаъ таъкид кард, ки то ҳол 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, аз беморхонаҳо мураххас шудаанд. Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон додаанд.

Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтори COVID-19 нест.

Вале, Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби Бемористони сироятии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло танҳо як нафар дар дармонгоҳ аз "вируси корона" табобат мегирад.

Коршинос сабаби нест шудани коронавирус дар Тоҷикистонро шарҳ дод

Ба иттилои манбаъ, ягона нафаре, ки ҳоло дар Бемористони сироятии Суғд табобат мегирад, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, синнаш аз 60 - сола боло аст.

Сартабиб сабаби ба дарозо кашидани муҳлати муолиҷаи ин нафарро шарҳ дода гуфт, ки "бемории ҳамрадиф аз ҷумла қанд ба ҷараёни муолиҷаи ин нафар бетаъсир намондааст. Хушбахтона гузашти се ҳафта саломатии ӯ муътадил шуда ва ба хона рухсатшавиаш ҳам наздик омадааст".

93
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Площадь Сомони в Душанбе

Борону барфи тар меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

0
Аз имрӯз сар карда, тақрибан дар саросари Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат бо барфи тар сар мешавад, ки дар кишвар чанд рӯз идома хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҳавошиносон дар Тоҷикистон боришоти барфи тару боронро пешбинӣ карданд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Дар Душанбе ҳавои нимаабрӣ ба қайд гирифта шуда, баъзан борон меборад, ҳарорат рӯзона то + 12-14 ℃ гарм ва шабона 1-3 ℃ сард хоҳад буд.

Дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ бориш на танҳо дар шакли борон, балки барф, шамол низ ба назар мерасад. Дар водиҳо шабона ҳарорат ба сифр ва дар кӯҳҳо ба -3 дараҷа мефарояд ва рӯзона, сарфи назар аз номусоидии ҳаво, ҳаво то 10-15 гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти барф ба амал меояд. Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-5,5мм) пешгӯи мешавад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа  хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  19-24 ва рӯзона 12-17 дараҷа  хунук мешавад.

Ба Тоҷикистон гармӣ меояд - пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои ҳафтаи нав

Дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, чунин ҳолат ба назар мерасад, барфу борон меборад ва дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Ҳарорат шабона то -2 дараҷа ва рӯзона то + 11 дараҷа мебарояд.

Дар вилояти Хатлон дар баъзе ноҳияҳо каме борон меборад, рӯзона то + 16 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

0
Барчаспҳо:
борон, барф, сардӣ, гармӣ, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Тоҷикистон