ёрии таъҷилии тиббӣ, акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустӣ: Ҳамза мубталои саратони дараҷаи 4 аст

281
(Таҷдидшуда 15:11 27.07.2018)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, Ҳамза Тиллозодаи 4-сола мубталои саратони дараҷаи чорум аст ва масъулини ин ниҳод муътақиданд, ки мутахассисони хориҷӣ ҳам имкони кӯмак ва табобати комили ӯро надоранд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Саида Умарзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 27 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Ҳамза гирифтори дараҷаи паҳнгаштаи саратон мебошад.

"Мо ӯро куҷо фиристем", — суол гузошт муовини вазири тандурустӣ. Ӯ таъкид намудааст, ки дар чунин вазъи беморӣ доруҳои камкунандаи дард ба бемор дода мешавад, ки он дар Тоҷикистон ҳам амалӣ мешавад.

Умарзода афзуд, масъулини муассисаҳои тандурустӣ ва саратоншиносӣ бо волидони Ҳамза суҳбат карданд ва вазъро шарҳ доданд. Умарзода изҳор дошт, ки наздикони Ҳамза воқеиятро қабул кардан намехоҳанд ва таъкид намуд, ки тасмимгирӣ марбути худи онҳост.

Ҳамза Тиллозода, набераи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, ки ба иддаои наздиконаш мақомот монеи берун рафтанаш аз кишвар шудаанд. Ба гуфтаи наздикон, мақомот асноди модари Ҳамзаро гирифтаанд ва ӯ имкон надорад, ки писарашро барои табобат ба хориҷ барад. Масъулини Тоҷикистон ин иддаоро рад карда, изҳор медоранд, ки монеае барои сафари хориҷии модару писар вуҷуд надорад.

Дар ҳамин ҳол гуруҳи фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, барои таъмини Ҳамза ва модараш бо ҳуҷҷат мусоидат кунанд. Ба гуфтаи наздикони Ҳамза ҳоли ӯ рӯз ба рӯз бадтар мешавад ва фавран ба табобат дар хориҷи кишвар ниёз дорад.

281
Барчаспҳо:
Тоҷикистон