Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш

Ифтитоҳи корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар ноҳияи Ваҳдат

112
(Таҷдидшуда 16:56 24.11.2018)
Дар ҷамоати деҳоти Чӯянгарони ноҳияи Ваҳдат корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар назди Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасони Канаск”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 22 ноябри соли равон бо иштироки Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Чӯянгарони ноҳияи Ваҳдат корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ифтитоҳ ёфт.

Зимни маросими ифтитоҳи корхона Салим Абдулазизов, сардори раёсати фарматсия ва молҳои тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии доруворӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти дохила будааст.

“Дар  корхонаи мазкур зиёда аз ҳафт намуди гиёҳҳои дорувории ватанӣ коркард ва бастубанд гардида, ба аҳолӣ пешкаш карда мешаванд”, -таъкид намудааст манбаъ.

Тибқи иттилои манбаъ, корхонаи мазкур бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин шуда аст.

112
Барчаспҳо:
Ваҳдат, ваҳдат, 5 ҳазор килу гиёҳҳои шифобахш, "Гиёҳхӯр", дорусозӣ, корхона, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Вакцина

Эрон ҳам ба зудӣ эмгузарониро оғоз мекунад

88
(Таҷдидшуда 12:15 25.01.2021)
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, эмгузаронӣ бо ваксини зидди вируси корона дар Эрон ба зудӣ оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik.  Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ахиран  бо ишора ба талош барои сохти ваксинаи коронаии Эрон афзуд, ки воридоти ваксинаи зидди корона ба кишвар ба зудӣ оғоз мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Намакӣ афзуд, ки бо воридоти ваксинаи зииди вируси корона, эмгузаронӣ барои гурӯҳҳои ҳассосу пурхатар оғоз мешавад.

СММ ба тақсими ваксина алайҳи COVID - 19 шурӯъ кард: Тоҷикистон низ дар рӯйхат аст

Ҳамчунин Ҳуҷҷатуллоҳи Некии Маликӣ, раиси маркази итилоърасонии ситоди иҷроии фармони ҳазрати Имом (р) гуфт: “Пас аз баррасии саломати 21 довталабе, ки ваксинаи корони тавлидшуда дар Эрон ба онҳо тазриқ шуда аст,  муҷаввизи тазриқ барои 14 довталаби дигар содир шуд”.

Марҳилаи аввали тазриқи инсонии мутолиъоти болинии нахустин ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ бо номи  "Кув Эрон баракат" 29 декабри 2020 рӯй довталабон оғоз шуд.

88
Барчаспҳо:
беҳдошт, вазир, вируси корона, эмгузаронӣ, Эрон
В Центральном военном округе приступили к вакцинации личного состава от коронавируса

COVID - 19 нест: омори нави Вазорати тандурустии Тоҷикистон

200
(Таҷдидшуда 19:09 24.01.2021)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта чун рӯзҳои қаблӣ дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ аз 10 январ то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст.

Расман: рӯзи бозкушоии масҷидҳо дар Тоҷикистон эълон шуд

Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ се ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд.

"Дар маҷмӯъ то имрӯз, 24 январ дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Намоз бо ниқоб: қоидаҳои масҷидравӣ дар Тоҷикистон

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон нахустин ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус 30 апрели соли 2020 эълон шуда буд.

200
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, вируси корона, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Девушка в наручниках, фото из архива

Зан мардро “шантаж” мекард: пули калон диҳӣ маълумотҳои бадномкунандаро паҳн намекунам

0
(Таҷдидшуда 12:18 25.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти зани 32 сола хабар дод, ки бо усули “шантаж” аз як мард пули калон ситонад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки зани мазкур соли 2016 бо марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ шиносоӣ пайдо намуда, барои паҳн накардани маълумотҳои бадномкунанда, аз ҷабрдида ба маблағи 22 ҳазору 824-сомонӣ талаб намудааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки номбурда санаи 21-уми январи соли 2021, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур ҳангоми гирифтани 2 ҳазору 750-сомонӣ дастгир карда шуд.

Дар ҳоли ҳозир ба иттилои манбаъ, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ВУД-и Тоҷикистон аз боздошти як марде хабар дода буд, ки мехост бо усули “шантаж” аз як зан пул ситонад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, бо зани 39-солаи сокини шаҳри мазкур рафту омади дӯстона дошта, бо роҳи иъроб (шантаж) таҳдид кардааст, ки дар ҳолати ба ӯ 500-доллари амрикоӣ оварда надиҳад, оид ба алоқаҳои байни онҳо ба хешовандони наздикаш расонида, ҳамзамон ба шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн мекунад.

Гуфта мешавад, номбурда, дар маҳаллаи Зарафшон ҳангоми гирифтани 300 доллари амрикоӣ дастгир гардид.

Бояд қайд кард, ки ин нахустин ҳолати тамаъҷӯйӣ бо усули “шантаж” набуда, қаблан низ вазорат аз чунин ҳолату боздоштҳо хабар дода буд.

0
Барчаспҳо:
бадномкунӣ, пул, мард, шантаж, тамаъҷӯӣ, зан, боздошт, Тоҷикистон